Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам...

 Арзиштарин дастоварде, ки дар тӯли 28 соли истиқлолияти давлатӣ ба даст омад, ин Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ имрӯз баробари истиқлолияти давалатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, қиммадтарин иди миллӣ ба ҳисоб меравад. Қиммати ин идро тамоми сокинони ҷумҳурӣ хуб эҳсос менамоянд, аз даврони ҷангу хунрезӣ то ин ҷониб ба қадри ин неъмати баланд ба хубӣ мерасанд. Ҳама сола таърихи 27-уми июн дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи «Ваҳдати миллӣ» таҷлил гирифта мешавад. Соли равон халқи тоҷик 22-умин солгарди Ваҳдати миллиро бо шукуҳмандии хоса пешвоз гирифта истодааст.

 Дар ҳақиқат, баракати ваҳдат буд, ки ҳазорон нафар паноҳандагон ба ватан бар гаштанд, ҳазорон кӯдакон бепарасторон ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, сарпаноҳ ёфтанд, ҳазорон нафар соҳиби хонаву дар ва оилаи обод гаштанд. Кӯшишҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид.

 Ирӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Имрӯз ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як фард дар робита бо қобилият, бо имконият ва истеъдодаш вазифадор аст, ки дар нашр, ташвиқу тарғиби арзишҳои маънавию моддӣ ва афзун намудани онҳо саҳм бигузорад. Ба ин маънӣ, ифтихор, ба андешаи мо, ду поя дошта бошад: яке он, ки худи мо баҳри ояндагон боқӣ мегузорем. Ифтихори миллӣ бо каллаи холӣ амалӣ намешавад. Онро (калларо) бояд бо ғановати маънавӣ ғанӣ гардонд ва ҳар як дарси мактабро ба дарси ифтихори миллӣ табдил дод.

                         Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам

                        Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам

                        Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

                        Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Умедворем, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар фазои сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои бузург ноил гашта, миёни кишварҳои пешрафта мақоми сазоворро ишғол мекунад. Зеро ваҳдат кафили суботу пешрафти ҷомеа аст.

Меҳрангез Наврӯзшоева

Шуъбаи маркетинг ва менеҷмент

фаъолияти китобдорӣ.