Китоби нав. “Луғати англисӣ-тоҷикӣ-русии тиббӣ”
Нашр шуд 2020-11-24 15:07
Ин китобчаи хурдакак, ки ҳамагӣ 140 саҳифаро дар бар мегирад, аз ҷониби Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода ва нашр шудааст. Муаллифони он З.Муҳаммадиев, М.Қаюмова, Н.Зуҳуров, Р.Раҷабов, аз ҷумлаи устодони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Дар пешгуфтор онҳо менависанд:
Таҳия аз нашри луғатҳои тиббӣ ба забонҳои англисӣ-тоҷикиӣ-русӣ таҳти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар рўзгори мо аҳамияти зиёд пайдо намуда, ин гуна луғатҳо барои вусъат ёфтани робитаву ҳамкориҳо соҳаи тиб мусоидат мекунад, мушкили донишҷўён мутахассисонро дар заминаи ошноӣ бо лексикаи забонӣ англисӣ бартараф месозанд.
Ҳоло донистани истилоҳоти тиббӣ бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ ба як амри ногузир табдил ёфта, луғати мазкур барои донишҷўён кормандони соҳаи тиб пешбини шудааст.
Луғат аз рўи тартиби алифбои забони англисӣ таҳия гашта, дар охири китоб руйхати суффиксу префиксҳои дахлдор ва феълҳои нодуруст низ дарҷ ёфтааст. Ҳангоми дарҷ намудани вожаҳо мо пештар ба намунаи лексикаи роиҷ дар Британияи Кабир таҳия кардем ва ба манзури коҳиш додани ҳаҷми китоб аз овардани овозанависии калимаҳои англисӣ худдорӣ намудем. Қобили қайд аст, ки истилоҳоти вобаста ба профилактика ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, дарунӣ ҷарроҳӣ, инчунин травматология, беҳдошт ва дастгоҳу таҷизоти тиббӣ шомили луғат гашта, аз бахшҳои ба тиб муҷовири анатомия, биология, ботаника, фармакология, психология, рентгенология ва ғайра аҳёнан намунаҳоеро дучор шудан мумкин аст.
Асосан калимаҳо ба шакли муҷаррад дарҷ ёфта, баъзе таъбирҳо дар шакли таркибӣ низ пешниҳод гаштаанд, ки зимнан шакли лонавии луғат риоя шудааст ва бояд хонанда таркиби дахлдорро дар дохили моддаи аслӣ ҷустуҷў намояд. Ҳаройина, тамоми кўшиши таҳиягарон ба он равона шудааст, то ин ки бо дарназардошти маҳдуд будани ҳаҷми ин нигошта умдатарин ислоҳоти бахши тибро, ки бештар дар тадовул қарор доранд, ба хонанда пешкаш намоянд.
Гузашта аз ин, ҳангоми таҳияи луғати мазкур аз таҷрибаи кормандони ду кафедраи муҷовир-забонҳои хориҷӣ ва тоҷикӣ истифода ба амал омад.
Лозим ба ёдоварист, ки чопи китоби мазкур дар фаъолияти кафедра аз зумраи нахустин таҷрибаҳо буда, он чунон ки ба ин гуна мавридҳо хос аст, орӣ аз ҳар гуна нуқсу камбудиҳо нахоҳад буд.
Муаллифон хостаанд хонандагон аз камбудиҳои китоб ва эродашон дар мавриди шарҳи вожаҳо ба суроғае, ки нишон дода шудааст, муроҷиат намоянд.
Китоби “Луғати англисӣ-тоҷикӣ-русии тибӣ” ба тозагӣ чоп шуда ва ҳоло вориди Китобхонаи миллӣ низ шудааст, ки хонандагон метавонанд аз он истифода кунанд.
Таҳияи Меҳринисо Гадоева
Шуъбаи маркетинг ва
менеҷенти фаъолияти китобдорӣ