Иди меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад

Иди Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар меҳррӯз аз бурҷи Меҳрҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнро зардуштиён дар даҳуми меҳр ва ё наздиктар ба он ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳррӯз оғоз мешуд ва шаш рӯз таҷлил карда мешуд ва дар ромрӯз ба поён мерасид. Нахустин рӯзи ҷашн «Меҳргони омма» (ҳамагонӣ) ва рӯзи охирини ҷашн «Меҳргони хоса» (вижа) номида мешуд. Дар замони Сосониён бар ин бовар буданд, ки худои некӣ Аҳурамаздо дар рӯзи Наврӯз ёқут ва дар рӯзи Меҳргон забарҷадро офаридааст. Ҳамчунин, эрониёни қадим ақида доштанд, ки дар ин рӯз Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки морон ба мубориза бархоста ва Фаридун низ дар ҳамин рӯз бар Заҳҳок зафар ёфтааст. Мардуми эронинажод аз ҳазораи дуюми пеш аз милод онро ҷашн мегирифтанд. Меҳргон низ монанди ҷашни Наврӯз бо расму одат ва суннатҳои хосе таҷлил карда мешуд. «Меҳр» ё «Митро» дар забони форсӣ ба маънои «фурӯғ», «рӯшноӣ», «дӯстӣ», «пайвастагӣ», «пайванд» ва «муҳаббат» омада, зидди дурӯғгӯӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан аст.

Фалсафаи ҷашни Меҳргон сипосгузорӣ аз Худованд ба хотири неъматҳоест, ки ба инсон арзонӣ дошта ва устувор кардани дӯстӣ ва меҳру муҳаббат миёни одамон аст. Мувофиқи бархе сарчашмаҳо ҷашни Меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад.

Олимон ба ин андешаанд, ки аз замони Сосониён сар карда, ин ҷашн ба меҳррӯзи меҳрмоҳ, ки ба шонздаҳуми моҳи меҳр баробар аст, интиқол меёбад. Пеш аз ҳахоманишиён ҷашни Меҳргон бо номҳои «бағ ёдӣ», «баг ёди», «ёди Худо», «сипосгузорӣ аз Худо» зикр мешуд, зеро «бағ»Худо гуфтан аст. Бағдод (Худо дода) номи боғе дар наздикии Тайсафун - пойтахти Ашкониён ва Сосониён буд, ки баъдҳо ба шаҳр табдил шуд ва номи шаҳри Бағдоди кунунӣ аз ҳамин номи порсӣ гирифта шудааст. Бар асоси мутуни Авасто тақвими эрониён пеш аз Ҳахоманишиён дорои ду фасл –тобистон ва зимистон аст.

Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон буда, Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуюми сол ва фасли зимистон будааст. Носири Хусрав ҳар ду ҷашн, яъне ҷашни Наврӯз ва ҷашни Меҳргонро «ҳангоми эътидолӣ», яъне баробарии шабу рӯз медонад: Наврӯз беҳ аз Меҳргон, гарчи ҳарду замонанд, эътидолӣ. Ин ҷо «эътидоли поизӣ», маънои «адолатии тирамоҳӣ» гуфтан аст, ки дар ин марҳала шабу рӯз баробар мегардад ва аз он пас рӯзҳо боз ҳам кӯтоҳ шудан мегиранд. Ба ақидаи эрониёни куҳан оғози соли нав дар ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ бо низоми зиндагии кишоварзии онҳо вобастагӣ дошт, зеро барои кишоварзон соли зироъӣ аз тирамоҳ оғоз ва дар поёни тобистон хотима меёфт. Бархе бар ин ақидаанд, ки шояд дар фасли тирамоҳ оғоз гардидани мактабҳо низ намое аз солшумории меҳрӣ ё митроӣ бошад.

Имрӯз низ суннати куҳани оғози соли нав шуморидани моҳи меҳр ва ё фасли тирамоҳ бо номи «Соли варз» дар тақвими маҳаллии курдон боқӣ мондааст. Ҳамчунин дар тақвими маҳаллии Помир, махсусан дар ноҳияҳои Ванҷ ва Хуф аз нахустин рӯзи поиз бо номи «Наврӯзи поизӣ» ё «Наврӯзи тирамоҳ» маъруф будааст. Бояд гуфт, ки дар гоҳшумории зардуштӣ ё авастоӣ сол ба 12 бурҷ ва ҳар бурҷ ба 30 рӯз тақсим мешуд ва ҳар рӯз ба худ номи хосе доштааст. Баъзе аз ин бурҷҳо бо номи яке аз рӯзҳояшон ҳамном мешудаанд ва дар ин сурат эрониён он рӯзро ҷашн мегирифтаанд.

Чунончи, дар қадим Меҳргон низ ҳам номи моҳ ва ҳам номи рӯзи шонздаҳуми ин моҳ ҳисобида мешудааст. Дар сарчашмаҳо Меҳргон рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шинохта шудааст. Дар «Таърихи Табарӣ» чунин омадааст: «Фаредун сари Беварасбро (Заҳҳокро) бо гурзи сархамидае бикӯфт, пас ӯро ба кӯҳи Дамованд бурд ва дасту бозӯяшро маҳкам бибаст ва ба чоҳ афканд ва фармон дод, ки рӯзи меҳрмоҳи меҳррӯзро ид бигиранд. Ва ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст». Дар «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи Меҳргон омадааст: «Рӯзи бисту якум ромрӯз аст, ки Меҳргони бузург бошад. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаредун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро пеши Фаредун оварданд, Заҳҳок гуфт: Маро ба хуни ҷаддат макуш. Ва Фаредун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам писари Виҷҳон дар қасоси ҳамсар қарин бошӣ? Балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд, то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд ва мардум аз шарри у роҳат шуданд ва ин рӯзро ид донистанд». Азбаски рӯзи меҳр бо замони бардоштани ҳосили кишоварзӣ аз саҳро мувофик омадааст, замони муносибе барои ҷашн, шодӣ ва истироҳати кишоварзон, ки аксари мардумони рӯзгорони куҳанро ташкил мекардаанд, будааст. Ин ҷашн монанди иди Наврӯзи баҳорӣ бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо Наврӯз шукӯҳӣ бештареро соҳиб гардидааст.

Дар Ҷашни Меҳргон деҳқон ҳамчун пири кишоварз мавқеи меҳварӣ дорад. Аз ин ҷашн нишонаҳои зиёде дар Осиёи Миёнаву Афғонистон ва Эрон боқӣ мондаанд, ки гувоҳ аз густариши фарҳанги кишоварзӣ ва мавҷудияти гурӯҳи иҷтимоии деҳқонон мебошанд. Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.

Самандар Каримзода, мутахассиси пешбари шуъбаи мракетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.