Рўзи «Дарҳои боз» зиёда аз се ҳазор сокинону меҳмонони пойтахт аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми марти соли равон ба истиқболи Наврӯзи дилафрӯз Китобхонаи милии Тоҷикистон рӯзи дарҳои боз эълон кард. Дар ин ду рӯз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал меҳмон мешуданд, боз карданд. Бештар аз се ҳазор сокинони кишвар ва меҳмонони пойтахт вориди толорҳои хониш шуданд ва бо шароити Китобхонаи миллӣ ошно гаштанд.
Дар ин рўз сокинони шаҳри Душанбе, омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, омўзгорон ва донишомӯзони Донишгоҳи тиҷорат ва Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ аз Ҳинд, Русия, Эрон, Афғонистон, Чин вориди Китобхона шуданд.
Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карданд, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос карданд.
Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.
Ҳадаф аз баргузории рӯзи “Дарҳои боз” ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст.
Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошно шаванд.