Китобхонаву донишгоҳи шаҳри Сиан аз назари як сокини Тоҷикистон
Нашр шуд 2018-07-23 16:05
Абӯбакр Аминов мегӯяд, китобхона хеле муҷаҳҳаз аст ва хонандагон бо осонтарин роҳ китоб ё маъхази лозимаро дастрас мекунанд. Дар Китобхона махзани китоб қариб, ки ба назар намерасид, зеро тамоми китобҳои Китобхона дар ҳар як толори хониш ба таври анъанавӣ ба ҷевонҳо бо тартиби мавзўву номгўашон ҷойдода шуда буд ва хонанда хеле ба зудӣ китоби мавриди назари худро пайдо мекунад. Ҳар шуъбаи хизматрасонӣ як ё ду корманди масъул дорад, ки ба кулли хонандагони толор хизмат мерасонанд.
Ахиран як гурӯҳ намояндагони донишгоҳҳои кишвар аз ҷумла, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгоррии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, намоянда аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии музофоти Шиансии шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардумии Ҷин дидан карданд. Дар миёни онҳо ҳамчунин сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ Абӯбакр Аминов, директори маркази фарҳангӣ-таълимии Канфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикстон Фаррух Қосимов шахсони масъул аз баъзе дигар идораҳои илмиву фарҳангии мамлакат ҳузур доштанд.
Онҳо имкон доштанд бо ҳама шароит ва қоидаҳои қабулу низоми таҳсил дар ин донишгоҳ аз наздик ошно шаванд. Дар барномаи ин диду боздидҳо шиносоӣ бо фаъолияти Китобхонаи шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин низ буд.
Абӯбакр Аминов мегӯяд, китобхона хеле муҷаҳҳаз аст ва хонандагон бо осонтарин роҳ китоб ё маъхази лозимаро дастрас мекунанд. Дар Китобхона махзани китоб қариб, ки ба назар намерасид, зеро тамоми китобҳои Китобхона дар ҳар як толори хониш ба таври анъанавӣ ба ҷевонҳо бо тартиби мавзўву номгўашон ҷойдода шуда буд ва хонанда хеле ба зудӣ китоби мавриди назари худро пайдо мекунад. Ҳар шуъбаи хизматрасонӣ як ё ду корманди масъул дорад, ки ба кулли хонандагони толор хизмат мерасонанд.
Хизматрасонии электронии Китобхона низ дар сатҳи болост. Масалан, компютерҳое, ки бо ёрии барномаи АЛИФ барои дарёфти китоб ва муаллифи китоб дар толори феҳристнигории Китобхонаи мо ҷойгир аст, дар Китобхонаи мазкур дар ҳар як толори хониш насб гардидааст, ки хонанда аз шуъба дур нарафта китобҳои барояш лозимро дарёфт мекунад.