Хоҷагии ҷангал низ соҳиби луғати тафсирӣ шуд

 Фарҳанги тафсирии сезабона (тоҷикӣ-русӣ-англисӣ) доир ба хоҷагии ҷангал дар соҳаи илми ҷангал иқдоми нахустин ба шумор меравад. Дар фарҳанг истилоҳот доир ба хоҷагии ҷангал, намудҳои асосии дарахтон ва ҷангалҳо, барўйхатгирӣ, баҳисобгирӣ, ҷангалҳои муҳофизатӣ, буриши ҷангалҳо, равишҳои умумии барқароршавии ҷангал, касалиҳо, зараррасонҳо ва ҳашарот, сӯхтори ҷангал ва ғайра, ҳамчунин баъзе истилоҳоти бо ин илм алоқаманд-хокшиносӣ, геоморфология, экалогияи муҳити атроф, иқлимшиносӣ, ҷуғрофияшиносӣ, ботаника, марғзоршиносӣ, ботлоқшиносӣ, рустанипарварӣ ва дигар соҳаҳои таҷрибавӣ, ки дар амалия бо онҳо рў ба рў шудан мумкин аст, ворид карда шудаанд.

 Дар фарҳанг намудҳои гуногуни хокҳо, таназзул, биёбонҳо, об, шўршавӣ, арҷ ва ғайра, ки ба ҷангал зич алоқаманд мебошанд муфассал оварда шудааст. Ғайр аз он дар бораи баъзе намудҳои ҷангалҳои дигар минтақа маълумот дода мешавад.

 Фарҳанг зиёда аз 2500 истилоҳро дар бар мегирад. Асосан инҳо истилоҳоте мебошанд, ки аллакай ба тарзи васеъ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баъзе истилоҳи ҷудогонае, ки дар солҳои охир ба истифода даромадаанд, ба  тарзи интихобӣ ба фарҳанг дохил карда шудаанд.

  Фарҳанг дар асоси алифбои забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар шарҳи истилоҳот мутобиқи он ба забонҳои русию англисӣ оварда шудааст. Ба фарҳанг ҳамчунин истилоҳоти бешуморе, ки хусусияти байналмилалӣ доранд ва ба тарзи васеъ истифода мегарданд, дохил карда шудаанд.

   Ин як пора аз муқаддимаи китоби тозанашри  «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти хоҷагии ҷангал», ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, иқтибос шуд. Ин ҳафта се нусха аз ин китоб ба Китобхонаи миллӣ ворид шу два ба хидмати хонандагон қарор дода шуд.

Китоби мазкур зери назари доктори илмҳои биология, профессор К.Н.Нимадҷонова таҳия шуда, ба он  номзадҳои илмҳои кишоварзӣ Н.Ҳусейнов ва Б.Худойқулов тақриз навиштаанд.

Китоби мазкурро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳед.

Таҳияи Шаҳло Раҳимова,

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ