Наврӯз меояд чӣ хуш...


Ҷашни наврўз чи хуш дар ватанам,

Дар танам куртаи сурхи чаканам.
Дар сарам ҷилваи гул аз чаманам,
Рўи дастам суманак, шод манам.

Имрӯз дар толори бахши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба чашни наврўзи байналмилалӣ, чорабинии фарҳангӣ дар мавзўъи Наврўз аз нигоҳи кўдакон ва наврасон баргузор гардид.
 Дар чорабинии мазкур анъанаҳои миллии наврўзӣ аз қабили дастархони ҳафт сину ҳафт шин, либосҳои миллии тоҷикӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Директори Муассисаи Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар суханронии худ меҳмонону кормандонро ба ин ҷашни фирўз табрик намуд. Вай аз Наврӯз ба унвони ҷашне ёд кард, ки чун баҳор нафаси сабз дорад ва ин сабзӣ нишон аз ҳаёти сабзу хуррами инсон аст.
Сипас барномаи Наврўзиро хонандагони лидсей-интернати президентӣ барои бачагони болаёқат ва хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №15 гузарониданд.
Инчунин намоиши театркунонидашуда аз ҷониби ҳунармандони сирки давлатӣ ва аз мактаб-интернати мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев барномаи мазкуро рангин гардониданд.