Даъват ба китобхонӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-04-14 12:55
Дар мулоқоти «Даъват ба китобхонӣ ва Китобхонаи миллӣ», ки баъди зуҳри дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омузгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, сухан аз китоб буд ва муаррифии бештари Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Мулоқот дар толори фарҳангии Донишгоҳ, ки яке аз калонтарин толорҳои он ба ҳисоб меравад, баргузор шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар донишҷуён ва устодон аз тамоми факултаҳо иштирок намуданд. Мулоқотро ноиби ректор оид ба тарбия Раъно Бобокалонова оғоз кард ва гуфт, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ ошноии ғоибонаи донишҷӯён бо он шароитҳоест, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фароҳам омадааст. Муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов, сардорони шуъбаҳои Китобхона, аз ҷумла сарварони маркази Конуни забон ва омўзиши забонҳои хоричӣ, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар бораи фаъолияти китобхона ва шуъбаҳои марбутаи он маълумот доданд. Кормандони шуъбаи маркетинг ва менечменти фаъолияти китобдорӣ аз дирўз ва имрўзи Китобхона, толорҳои хониш, осорхонаи китоб ва намоишгоҳои он ҳикоят карданд ва ширкаткунандагонро бо он муаррифӣ намудан. Маводҳои таблиғотӣ аз қабили брашураҳо, буклетҳо ва варақаҳои таблиғотӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Кормандони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҳозирон даъват карданд, ки ба китобхона оянд ва толорҳои хониши онро бо чашмони худ бубинанд, бо шароитҳои фароҳамомада аз наздик шинос шаванд. Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва кормандони Китобхона табодули афкор сурат гирифт ва донишҷӯёну устодон ба ҳама саволҳои худ посух гирифтанд. Дар охири барнома аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳ ва мудири китобхонаи он туҳфаҳои хотирмон пешкаши кормандони Китобхонаи миллӣ гардид.