Ду рӯзи охир барномаи даъват ба Китобхона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мактабҳои № 26, № 34 ва № 70 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ якҷо бо Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардидаанд.
Вохўрӣ аз Муассисаи таҳсилоти умумии №26 оғоз гардида, дар мактабҳои миёнаи № 34 ва №70 –и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Кормандони доир ба имконот, хизматрасонӣ ва шароити муосири хизматрасонӣ ба хонандагони мактабҳои мазкур маълумоти хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод намуда, ҳамзамон аз панду ҳикмати бузургону илму адаби тоҷик доир ба китобу китобдорӣ ёдовар шуданд.
Зиёдуллоҳ Восидов директори мактаби № 26 иброз дошт, ки ин иқдоми пешгирифтаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани завқи толибилмон нисбат ба китоб ва китобхонӣ мусоидат намуда, талабагон ба китобхонӣ шавқу рағбати бештар пайдо менамоянд.
Кормандони китобхона аз омўзгорони муассисаҳои номбурда хоҳиш намуданд, ки барои ҷалби бештари хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Хамзамон масъулини ин муассисаҳо таъкид намуданд, ки минбаъд дар ҷаласаҳои падару модарон ва дарсҳои тарбиявӣ хонандагонро ба ин кохи илму адаб даъват намоянд. Хамчунин, дар макотиби мазкур доир ба сабти ном шудан, хизматрасонӣ ва ташкили курсҳои забономўзӣ дар китобхона пурсишу посух сурат гирифт.