Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳафтаи равон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол», ки ба таҳия ва чопи рўзномаву китобҳо барои хонандагони хурдсолу наврас вобаста мебошад, зиёда аз 100 номгўи адабиёт барои атфолро барои фурўш дар мағозаи фурўши китоб ворид кард.
Китобҳои ба фурўш гузошташуда аз қабили «Алифбои худомўз» - и Латофат, «Аспи саманд» - и Меҳмон Бахтӣ, афсонаи халқии «Бум ва Зоғ», «Баррача ва зангула»-и Латофат, «Тезгӯякҳо», «Зарбумасал ҳамчун асал», «Кишвари одамони яхин» -и Аурел Чокану, «Ҷаноби Донгуо ва гугр» ва ғайраҳо мебошанд.
Китобҳои ба фурўш гузошташуда бо сифати баланд чоп шуда, нархи онҳо низ арзон мебошанд. Яксарияти китобҳо бо ду хат (кириллию форсӣ ва ё кириллию лотинӣ) ё ду забон буда, барои хонандагони синни то мактабӣ ва ибтидоӣ пешбинӣ шудаанд.
Инчунин хонандагони Китобхонаи миллӣ метавонанд, маводҳои хонишро бо нархҳои нисбатан арзон аз мағозаи фурўши китоб дастрас намоянд.
Қобили зикр аст, ки шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои пурра намудани рафҳои мағозаи фурўши китоб дар ояндаи наздик боз бо якчанд нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ шартнома имзо кардааст.