Дар ин навиштаи хеле кутоҳ назар як нафар дар бораи Истиқлол изҳори андеша мекунад. Як корманди ҷавони Китобхонаи миллӣ. Ва мо низ ба он тақрибан чизе наафзудем, ба ҷуз ин ки ҷумлаҳои такрорро ҳазф кардем. Бигзор як нафар барои ҳамсолонаш назари худро дар бораи Истиқлоли кишвар бигӯяд. Инак, навиштаи Исроил Иброҳимов:
Имрўзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон ба таҷлили яке аз санаҳои барои ҳар фарди кишвар азизу муқаддас - 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ меравад. Ҳар фарди огоҳ медонад, ки Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар ба мушкилиҳои басо ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, санҷишҳои сахту сангин ва даҳшатборро аз сар гузаронид.
Вақте, ки ба роҳи тай намудаи 28-солаи соҳибистиқлолии кишвар назар меафканем ва равандҳои дар ин миён омадаро таҳлил менамоем, хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр пеши назар меояд. Иродаи қавӣ, устувориву матонат ва меҳру муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба халқу Ватан буд, ки дар Тоҷикистони азиятдида сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ ва истиқлолияти комил барқарор гашт.
Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва садҳо арзишҳои маънавию моддӣ гардид. Дар зарфи 28 соли Истиқлолият ба шарофати заҳмати софдилонаи халқи тоҷик дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ инчунин фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Роҳҳои таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва мардуми кишвар таҳти сарварию раҳнамоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амниятӣ озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ дар даврони муосири рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ чун се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум муайян карда шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, идрорпулии донишҷӯён, кумаку дастгириҳо барои маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо амалӣ гардидаанд.
Ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданӣ корхонаву фабрикаҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ инчунин аз нав сохта ба истифода доани роҳою шоҳроҳои кишвар хело ба чашм назаррас мебошад, ки ин шаҳодат аз истиқлолияти комилӣ кишваро дарак медиҳад.
Бояд қайд кард, ки соли 2021 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом бирасонем.
Барои амалӣ намудани нақша ва корҳои муайяншуда дар ду соли оянда бояд дар якҷоягӣ корҳои муайяншударо ба анҷом бирасонида, симои шаҳру деҳоти худро ба кулли тағйир дода, бисёр мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодиро бартараф ва барои аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, беҳтарин шароити иҷтимоиро муҳайё намоем.
Исроил Иброҳимов,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ