Даъвати хонандагон ба Китобхона

Дар доираи чорабиниҳои даъвати мардум ба китоб ва Китобхона субҳи имрӯз кормнадони Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ вориди мактаб-гимназияи рақаи 9, ба номи Низомии Ганҷавӣ ва мактаби таҳсилоти умумии рақами 11 шаҳри Душанбе шуданд.
Дар суханони муқаддамотии худ сардори Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов гуфт, ки Китобхонаи миллӣ як боргоҳи бузурги фарҳангиву маърифатист, ки ҳар касе вориди он мешавад, барои худ чизе аз дониш меёбад.
Кормнадони шуъба Нилуфар Ҷаббарзода, Файзиддин Қурбонов, Назира Толибова ва Фаридун Азизов дар бораи таърихи бунёди Китобхона, толорҳои хониш, теъдоди китобҳо, давраҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ суханронӣ карданд.
Миёни хонандагон ва фиристодагони Китобхонаи миллӣ дар мавзуъи китобу китобхона табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки барномаҳои таблиғотӣ аз тарафи кормандони шубаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳафтае чанд маротиба дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҷараён аст.