Имрўз, 24-уми июн командони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар толори хониши кўдакон ва наврасон бахшида ба 19- умин солгарди Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ризои миллат аст» баргузор карданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 35 нафар хонандагони мактаб – интернати №1 ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо суханони муқаддимавии Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова шуруъ шуд.
Хонандагони мактаб бо завқи беандоза дар бораи таърихи Ватан, корномаҳои гузаштагон, Ваҳдати миллӣ қисса карданд, донистаниҳои худро барои ҳозирон ҳикоят намуданд.
Ва баъдан дар васфи Ватан, Модар, Сулҳ, Ваҳдат шеърхонӣ карданд, таронаҳо суруданд, рақсиданд, саҳначаҳои ҷолиб бозиданд.
Муколама бо ширкаткунандагони хурдсол нишон дод, ки онҳо аз таърихи ниёкон огоҳӣ доранд, маънои Ватан-Модарро медонанд, роҷеъ ба Ваҳдат тасаввуроти рушан доранд.
Дар поёни барнома аз ҷониби роҳбарияти китобхона барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии китобхона ба мактаб интернати рақами 1 Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.