Дуввумин рӯзи намоиши аксҳои ҷопонӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-12-21 16:30
Дуввумин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои аккосони Ҷопон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: аксҳои ҷопонӣ аз солҳои 1970 то имрӯз» идома дорад.
Ин намоиш дирӯз бо ҳузури ҷамъе аз донишмандон, рассомон, дипломатҳо ва хонандагон дар ошёнаи нуҳуми Китобхона ифтитоҳ шуд.
Расмҳо пораҳое аз таърихи як кишвари мутамаддини оламанд. Расмҳое, ки ҳикоятгари пораҳои таъриханд. Расмҳое, ки бинандаи тоҷикро бо манзараҳо ва ҳаёти мардуми тулуъи офтоб ошно месозанд.
Ва ин манзараҳо ба гунае бо мо низ, бинандагони тоҷикаш ошност. Хеле саҳнаҳоеро метавон мушоҳида кард, ки шабеҳи манзараҳои диёранд.
Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока, ки дар маросими ифтитоҳ ширкат ва суханронӣ мекард, аз ҷумла гуфт: «Тоҷикистон дар арафаи таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад ва намоиши асарҳои аккосони Ҷопон ба сокинони Тоҷикистон барои дарк кардани натиҷаҳои даврони рушди босуръати иқтисоду саноат мусоидат менамояд».
Маврид ба таъкид аст, ки намоиши аксҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Ҷопон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, Китобхонаи миллӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ташкил шудааст ва он қарор аст то 27 – уми декабри соли равон, яъне муддати 7 рӯз идома ёбад.
Даромад ба намоишгоҳ озод аст.