Ёди гулӯсӯзи устоди китобам...
Хурд будам. Аввали соли хониш буд. Мо нав аз синфи ибтидоӣ ба синфи панҷум гузашта будем.
Баъд аз шиносоӣ бо роҳбари синфамон муаллима Марзия Утаева ва синфхонаи навамон, мо ба саҳни мактаб баромадем ва ман ҳамроҳи писархолаам Фурқат, ки якҷо ба мактаб рафта меомадем, бо мақсади обнўшӣ паси бино гузаштем. Он ҷо шоҳиди як воқеа шудам, ки дар тўли чор соли таҳсилам чунин воқеаро дар миёни гурўҳи ҳамсинфон ёд надоштам. Ҳамсинфон дар якҷо ҷамъ омада миёни ягдигар пичир-пичир доштанд, ман ба худ гуфтам, ки шояд ҳамин аст маънои калоншуданҳо.
Баъд аз Фурқат, ки ў алакай машғули обнўшӣ буд, дур шуда, ба мақсади огоҳ шудан аз сўҳбатҳои онҳо наздиктар омадам, ки Амир ба Мавлуда нигариста, дар бораи кадом як муаллимаи забон ва адабиёт бо як чеҳраи тарсу бим ва ҳароси зиёд ҳарф мезаду дигарҳо ба диққат ба суханҳои ў гўш медоданд:
-- Бародарам Сайидҷаъфар мегўяд, ки агар дар дарси муаллима Нарзулоева як ҳаракати ноҷо кунӣ, адабатро бо калтаки ранголуде, ки ҳамеша рўйи мизаш меистад, медиҳад. Илова бар ин муаллима хеле асабонӣ ҳам будааст, медонед! Як рўз худ аз худ бе содир кардани ягон гуноҳ муаллима рафиқи бародарам Аббосро аз ҷояш хезонда, чунон бераҳмона мезанад, ки бечора бача лат меёбад.
Ба суханҳои Амир Мутриба бовар накард ва гуфт:
Э не, хуб муҳобо кардӣ-да, наход муаллимаро саги девона газида бошад, ки бачаи бегуноҳро занад. Шояд ягон номаъқулӣ кардааст... Ман бовар надорам!
Дигарҳо аз суханони Мутриба каме, нерў гирифта, оҳи сабуке кашиданд. Амир бошад, чунон вонамуд, ки аз ин суханони ҳамсабақаш Мутриба ранҷида бошад ва дигар лом нагуфт.
Ҳамин гуна ду рўзи дарс сипарӣ шуду рўзи сеюм, ки ба рўзи ҷумъа рост меомад, дарси забон ва адабиёт буд. Он рўз барои мо аҳли синф, ҳам рўзи тарс ва ҳам рўзи ошноӣ бо муаллимаи ба қавли Амир хашмгину бадгир буд. Мо ҳама ба барвақтӣ вориди синфхона шуда, муаллимаро интизор будем. Як замон, садои якчанд нафар ҳамсинфон, ки даҳани дари синфхона барои назорати роҳрав меистоданд, баланд гашт:
--Дар ҷоят шин, шин, ки омад.
Ҳамин замон назди дар як зани миёнақади харобу лоғар намоён шуд, ки дар назар бемор менамуд, чеҳрааш пурожанг буда, зери чашмонаш доғи сиёҳчатоб дошт, дар дасташ дафтари давомоти синф ва ҳақиқатан ҳам калтаки ранголуде ҳам дошт ва бо як табассуми зебое вориди синфхона гашт.
Мисле, ки ҳама аз тарс шохшуда бошад бо - Салом бачаҳо, гуфтани муаллима Нарзуллоева ба ҳуш омада, якҷо –салом, гўён дар ҷойҳои худ нишастем. Муаллима дарҳол суханро аз шиносоии хеш оғоз кард, ки шахсан ман миёни гуфтаҳои ў танҳо интизори хулқу атфолаш будам, ки як замон мегуфт.
- Фарзандонам, ман тўли 32 сол мешавад, ки дар ин мактаб кору фаъолият менамоям, шогирдони зиёдеро дар ин боргоҳ таълим дода, завқу шавқи онҳоро ба фанҳои забон ва адабиёт бедор намуда, то ба идомаи таҳсилашон мусоидат намудам ва орзў дорам ки аз ин синфи шумо низ чунин шахсони шавқманду имлмомўзро талиму тарбия намуда, барои дурахшонии ҳаёти минбаъдааш мусоидат намоям.
Баъди ин суханон ба аҳли синф зоҳир гашт, ки муаллима Нарзулоева сазовори суханҳои ҳамсабақашон Амир набудааст. Муаллима баъд аз чанд дақиқаи сукут ба ҳарфҳояш идома дод:
- Азизонаммедонам, ки алакай синфҳои болоӣ маро ба шумо бад гуфтаанд, ин аз чеҳраи шумо маълум аст. Бале ман ашхосеро бад мебинам ва нисбаташ бераҳм ҳастам, ки ў нисбати китоб, ки ганҷинаи бебаҳои дунё ба ҳисоб меравад, беҳурматӣ мекунад, онро медарронад, болояш хат мекашад, саҳифаҳояшро пора мекунад.
Ҳамчунин муаллима бо як ҳиссиёти баланд афзуд: нафаре агар аз миёни шумо чунин хислати бади номаъқул дошта бошад, ман мегўям, ки нисбати ў бераҳмам, ҳатто ба дарсҳоям иҷозат намедиҳам.
Аниқан камина иброз менамоям, ки ана ҳамон муаллимаи ба қавли ҳамсабақам бераҳму бадхашм буд, ки ман имрўз китобу китобдориро муҳимтарин рисолати зиндагиам дониста, аз ин пеша зиндагии шоиста мебарам. Аз ҳамон лаҳза инҷониб дар дили ман муҳаббати китоб ва қадр намудани ин бебаҳотарин муқаддасоти олам ҷо гирифт. Руҳашон шод боду қабрашон пурнур, муаллимаи мушфиқу меҳрубон ва пурмуҳаббатро.
Имрўз ҳам агар бо ёди даврони наврасию мактабӣ ба зодгоҳам равам, пеш аз ҳама аз синфхонаи муаллимаи азизам, ки онро ба номашон гузоштаанд ва дар он тамоми маҳсули эҷоди шодравон маҳфуз аст, дидан мекунам.
Китобу овезаҳо, қаламу тахтаи синф касро беихтиёр водор месозад, ки лаҳзае зери ана ҳамон партаи кўчак нишаста, ёде аз ҳамсабақону аз суханҳои пандомези муаллима Нарзулоева кунад.
Хушо ба он давра, чӣ давраи беғамиву камкорӣ буд, ки пайваста машғули мутолиаи китобҳои бадеӣ будем, китобхонаи кўчаки мактабамон пур аз хонанда, пур аз дӯстдорони китоб буд.
Аммо дареғи умри одамӣ, ки ҳарчанд миёни анбуҳи одамон меҷӯем, касеро, ки меҳри китоб дар қалбҳои мо андохта буд, намебинем...
Абдуғаюр Саломов, мутахассиси
Шуъбаи маркетинг ва менеҷмент