Толори бахши кўдакон ва наврасон дар асоси дархосту пешниҳод ва Оиномаи Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бо мақсади ҳарчи хубтару беҳтар фароҳам овардани фазои иттилоотиву маънавии кўдакон ва наврасон ба ташкил шуд. Он зертобеъи шуъбаи Маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буда, се нафар корманд дорад. Щамчуноне аз номаш пайдост, вазифаи асосии он хизмат расонидан ба хонандагони наврас ва хурдсол мебошад. Дар ин толор асосан хонандагон аз сини 5 то 17 сола аз китобу, маҷаллаҳо, рўзномаҳо истифода бурда метавонанд.
Аз замони ташкилшавӣ то ба имрўз ба толори бахши кўдакон ва наврасон зиёда аз 6200 хонандагон омода аз тамоми хизматрасониҳои мо истифода бурдааст. Ин баёнгари он нукта аст, ки хизматрасонӣ дар толор дар сатщи хуб ба рощ монда шудааст.
Дар як қисми бошад асосан адабиётҳои бачагонаи бадеи, китобҳои таърихи, қомусҳо, китобҳои методӣ, дар қисми дигари он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шудааст.
Фонди толор фонди кушод ба ҳисоб меравад, зеро тамоми адабиётҳо ба таври намоиш гузошта шудааст ва кўдакон метавонад озодона китобҳоро интихоб намуда мутолиа намояд.
Толори кўдакон ва наврасон дорои зиёда аз 1600 ҳазор нусха китобу маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, руссӣ, инглисӣ, олмонӣ мебошанд. Ҳамаи китобҳо барои ҳар синну сол мувофиқ ва бо ҳар забон ҷудо карда шудаанд.
Аз ҷумла китоби Бобо Ҳоҷӣ “Гули Ҳафтранг”, Ашур Сафар “Гуфтори Алифбо”, Латофат Кенҷаева “Чароғак”, Агния Барто “Было у Бабушки Сорок внучат”, Сергей Михалков “Для самых маленьких”, барои синни миёнаи мактабӣ бошад китоби Ҷўра Ҳошимӣ “Баччаҳову кўчаҳо”, Латофат Кенҷаева “Шеърҳо”, “Цветик семицветик”, Алан Александр Милн “Винни –Пух” (дар тарҷумаи Б. Заходер), Николай Носов “В Траве Сидел Кузнечек”, Сергей Михалков “Дядя Стёпа” ва барои синни калони мактаби китобҳои Наримон Бақозода “Дунё ба умеди ман”, Маҷид Салим “Мурғи даштӣ ва дастурҳо барои модарон” Маллика Чопра “100 Обещаний моему ребенку”, “1001 родительская премудрость или как воспитать ребёнка”, Наталья Зотова “Досуг вашего ребёнка” ва ғайраро метавон мутолиа кард.
Дар баробари китобҳо дар 14 адад компютер барномаҳои кўдакона ҷо карда шудааст, ки барои васеъ намудани савия донишандўзии хонандагони хурдсол бениҳоят муҳиманд. Инчуни ба машғулиятҳои амалӣ дар рўи миз ҳар гуна бозиҳо гузаронида мешавад, аз қабили бозии шоҳмот, аз ҳар гуна бозичаҳо сохтани мошинчаҳо, хонаҳо ва кашидани расмҳо дар мавзўъҳои гуногун. Дар тамоми ҷашну маросимҳо мо кормандон ба бачагони фаъоли толор супориш медиҳем, ки расмҳо кашанд ва мо расмҳои кашидаи инҳоро ба намоиш мегузорем.
Инчунин, дар баробари корҳои хизматрасонӣ дар толор тибқи нақшаи корӣ ҳар моҳ барномаи «Вохўри бо Адиб» баргузор мешавад. То ин замон аз ин силсила хонандагон имкон доштанд бо адибони маъруфи кӯдакнавис Ҷӯра Ғанизода, Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Назокат Олимзода мулоқот кунанд. Баъзе аз ин нишастҳо аз тариқи телевишиони “Баҳористон” низ намоиш дода шуданд.
Зарфи ин чанд моҳи охир дар ин толор чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангие бахшида ба Рўзи китоб, Рўзи Конститутсия, Ҷашни байналмиллалии Наврўзи Аҷам, Ҳафтаи китоби кўдакон, Рўзи оила, Рўзи муҳофизати кўдакон, Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд.
Аз соли ташкилшави то инҷониб дар толор хонандагон аз тамоми мамолики кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Амрико, Ҳинд, Қатар, Литва, Украина, Русия, Канада, Олмон, Калумбия, Ҷопон, Эстония, Эрон, Афғонистон, Норвегия ва дохили кишвар барои мутолиа ва шиносои бо ҳамроҳи Падару Модар ва муаллимаҳо ташриф меоранд.
Назира Толибова,
Сармутахассиси бахши
кўдакон ва наврасон