Тамоми умр кӯдак будану тифлона хандидан...

1 июн рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар тамоми гўшаву канорҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин рӯз моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Он бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

Таълиму тарбияи кўдак дар ҷомеаи имрўза хеле муҳим аст. Истеъдоди кўдак дар оила инкишоф меёбад. Фикру эҳсос, иродаю хислат, шууру ахлоқи кўдак аввалин бор дар оилаташаккул ёфта, муҳимтарин хислатҳои одобу ахлоқро аз волидайн меомўзад,яънеустоди аввалини кўдак волидайн мебошанд. Кўдак хоҳ дар муассисаи томактабӣ тарбия гирад,хоҳ мактабхон бошад, тарбияи оила қиммату арзиши худро ҳеч гоҳ гум намекунад, зеро поягузори таълиму тарбияи фарзанд, падару модар мебошанд.Зеҳну қобилияти кудакон аз оила рушд меёбад.  Кўдакон дар оила бисёр кунҷков мешаванд, чунки мехоҳанд бо ашёҳоё, ки онҳоро иҳота кардаанд, ошноӣ пайдо намоянд. Устоди аввалини кўдак модар аст. Дар марҳилаи инкишоф кўдакон бо гармию сардӣ, сахтию нармӣ, вазнинию сабукии ҷисмҳоро эҳсос менамояд ва бо  ёрии падару модар бо муҳити атроф ошноӣ пайдо намуда, зеҳну тафаккури худро сайқал медиҳад. Бозичаҳои рангоранг, аввалин асбобҳои аёнии таълимии кўдакон мебошанд. Устодони аввалини дониш, яъне падару модарро мебояд дар ин кор бениҳоят пурсабр ва меҳрубон бошанд ва ба саволҳои бешумори «чаро ин хел мешавад? ва барои чӣ?» - и кӯдакон оромона ҷавоб гуфта тавонанд.

Шоистаи тазаккур аст, кипадару модар дар назди давлат ва ҷомеа барои тақдири фарзанд масъул мебошанд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар” дар таълиму тарбияи фарзанд» бо (Қарори Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2011, №210), ки он аз 6 боб 17 модда иборат аст, масъулияти падару модар ва робитаи онҳоро бо муассисаи таълимӣ пурзўр намуда, ба ҳукми қонун даровард. Дар асоси ин қонун падару модарон масъуланд, ки фарзандонро дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори миллӣ умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд, ҳуқуқу манфиатҳои фарзандонро ҳифз намоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тибқи  моддаи 4, омадааст, ки:

Таълим – иртибот миёни падару модар, омўзгор ва муссисаи таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фидокорию ҷисмонии кўдак маҳсуб меёбад.

Ҳамкории муассисаи таълимӣ бо оила барои рушди дониши таълимгиранда кўмаки ҳамаҷониба мерасонад, зеро кўдак наметавонад дар танҳоӣ илми лозимаро аз худ намояд. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи дуруст,  волидайнро зарур аст, ки худ бо  рафтору гуфтор, нишасту хез, намунаи ибрат бошанд, зеро кўдакон маҳз ба падару модари худ тақлид мекунанд. Дар раванди таълиму тарбия оила саҳми беназир дорад. Падару модаронро зарур аст, ки хусусиятҳои инфиродӣ, синнусолии кўдаконро ба инобат гирифта, обрӯи онҳоро дар байни коллектив паст назананд, дашном надиҳанд, бо лақабҳои гуногун ном набаранд. Бо кўдакон муомилаи хуб дошта бошанд.

Яке аз усулҳоибаланд бардоштани сифатнокии донишу маърифатикудаконбедор намудани завқи онҳо ба мутолиаи китобҳоибадеӣ мебошад. Волидон муваззафанд, ки барои ташаккули зеҳнии кўдакон китобҳои хостаашонро харидорӣ намоянд.

Дар баъзе оилаҳои серфарзанд, волидон аз рўи ташвишҳои бешумори зиндагӣ ба пурсишҳои кўдак эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва ҳатто барои саволҳои бисёру ноҷо ба сари кудакон дод мезананду сарзаниш мекунанд, ки ин ба қобилияти зеҳнии кўдакон таъсири манфӣ мерасонад.Волидон бояд мавқеи худро ҳамчун падару модар донанд, кўдаконро фиреб надиҳанд, ҷазои ҷисмониро дар ҳаққи онҳо раво набинанд, ин барои ростқавлу поквиҷдону нотарсба воя расидани кўдакон кўмак мерасонад.

Волидон бояд ҳар як амали кўдакрозери назорат бигиранду нисбати амалу рафтори фарзандон баҳо дода, муносибати худро муайян намоянд. Яъне, баҳогузорӣ низ аз оила сарчашма мегирад ва дар муассисаҳои таълимӣ рушд меёбад. Арзёбии рафтори фарзанд дар оила муҳимтар аст, волидон бояд амали неки вайро ситоиш кунанд ва барои амали бадаш бо оҳанги сарзаниш фаҳмонанд, ки ин корро дигар такрор накунад.

Бояд гуфт, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар дасти насли ҷавони кишвар аст, аз ин рў мо омўзгорон, падару модарон,вазифадор ҳастем, ки барои тарбияи кўдакон ва насли наврас ва донишманду закӣ тарбия намудани фарзандон кўшиши ҳамаҷониба намоем.

Шаҳло Раҳимова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ