74-умин солгарди Ғалаба муборак!
Нашр шуд 2019-05-08 15:49
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рўи миқиёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзиданд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Дар натиҷа неруи тавонои мардум руҳи шикастнопазирии душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошта ва 9 май Рўзи иди Ғалаба эълон гардид.
“Имрўз таъмини сулҳи пойдор, таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдории тоҷикон, ки пояҳои онро падару бобоёнамон фароҳам оварда буданд, вазифаи умдатарини ҳар узви ҷомеаи мо мебошад".
Эмомалӣ Раҳмон
9-уми май рамзи пирўзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст. Дар ин рўз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Яке аз рўзҳои фаромуш нашавандаи халқи тоҷик 9 май мебошад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», ҳамчунин рўзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) элон гардида, дар Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳанўз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухўрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рўи миқиёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзиданд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Дар натиҷа неруи тавонои мардум руҳи шикастнопазирии душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошта ва 9 май Рўзи иди Ғалаба эълон гардид.
Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигарам аз хиромандони ту панд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғуши ту чу ҳар як каҳрамонат.
Биомӯзам ҳамеша қаҳрамонӣ,
Зи ҳар як қаҳрамони ҷовидонат.
Дар рўзи Ғалаба мо мардуми тоҷик ба мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонии онҳое, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намудаанд, қадр намуда, ба хотири онҳо бояд сари таъзим фуруд оварем.
Меҳрангез Наврўзшоева
Мутахассиси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ