Мову сулҳи олам
Нашр шуд 2018-05-07 14:06
Аз пайғоми хатми ҷанги Бузурги Ватанӣ моро 73 сол ҷудо мекунад. Аммо садои хастаи модарони интизор ҳамоно ба гӯш мерасад. Тавре Пешвои миллат фармуда: “Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем. Халқи мо дар баробари даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро низ бо чашми худ дида, азобу маҳрумиятҳои зиёдро паси сар намуд. Аз ин рў, наслҳои имрўзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кўшишу талош намоянд”.
Ҳар сол моҳи май моҳи хотирот аст. Хотираи гузашта. 73 сол қабл хунинтарин ҷанги таърих ба поён расид. Олмони фашистӣ торумор шуд, олам аз чанги миллигароён раҳо ёфт, пайғом омад, ки инсоният дигар аз ҷабру зулми фашистӣ озод аст. Аврупое, ки солҳо заҳри ин истило менӯшид, нафаси озод кашид. Кишвари Шӯроҳо ба ивази хуни зиёда аз 20 миллион нафар пирӯзиро ба ҷаҳониён армуғон овард.
Ва ин ҷанге буд хунину бераҳмона. Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтарин шахсиятҳои низомиашро талаф дод, садҳо шаҳру ҳазорҳо русто ба хок яксон шуданд, миллионҳо нафар бехонаву дар, аз мулк ба мулке муҳоҷират карданд. Ва ин муҳиҷират ва ин беватанӣ муддати панҷ сол идома дошт. Билохира, пайғом расид, ки ҷанг бо пирӯзии Артиши Сурх ва неруҳои иттифоқчиёнаш ба поён расид.
Ҷанг ба поён расид, вале ҷароҳати он ҳанӯз шифо наёфта. Ҳанӯз модарон роҳи фарзандон мепоянд, ҳанӯз аз зонуи буридаи маҷрӯҳон хун мечакад, ҳанӯз аз захми тир тани ранҷуру пири ҷанговарон месӯзад. Ҳанӯз интизориҳоро поён нест. Бозмондагон ҳамоно умедворанд, ки касе аз гумшудагон бармегарданд. Ин 73 сол ба интизориҳо поён надод. Гарчанде садҳо ҳазорон модарон чашм ба роҳ бо ҳамин интизорӣ дунёро тарк карданд.
Ҳанӯз ҷароҳати ҷанг аз тани Ватан дур нашуда, ҳанӯз инсонҳо ҷабри онро мебинанд. Ҳанӯз ва боз ҳанӯз...
9-уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба санади таслими бечунучаро имзо гузошт, садҳо генералҳову саркардагонаш асир шуданд, сарбозону афсаронаш асир шуданд. Аммо оташи ҷанг хомӯш шуд, парчами пирӯзӣ болои Рейхстаг афрошта шуд. Ва ин буд нишони он пирӯзӣ, ин буд нишони он тантана!
Ҳар сол ин рӯзро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мекуннад. Аз ҷумла дар Душанбе ва ҳамаи шаҳру деҳоти Тоҷикистон низ.
9-уми май рӯзи ёдбуд аст, ёди шаҳидони гулгункафан, ёди рӯзгори пур аз қатлу куштору ғорат. Ёд мекунанд, то талош кунанд таърих такрор нашавад, деви ҷанг, ки ҳамоно дар камин аст, сар бурун накунад.
Ёд мекунанд, то дигар ятиме набошад, то падарон интизори фарзандону модоран дар доғи ҷиграбандонашон сӯхтаву синабирён нашаванд.
Тоҷикистон низ дар он рӯйдоди хунин ҷигарбандонашро аз даст дод. Ва онҳо зиёд буданд, на даҳу сад, балки ҳазорон нафар ба дифоъ аз марзу бум ва хоки кишвар сина сипари бало карданд. Корномаи тоҷикон дар ин ҷанг сутуданист. Мо даҳҳо қаҳрамон дорем, вале сад дареғ номи боз даҳҳову садҳои дигар, ки ҷон нисор карданд, худро баҳри хушбахтии имрӯзиён қурбон намуданд, то ҳол шиносоӣ нашудааст.
Имрӯз ба ёди онҳо солҳои мудҳишу тираро ба ёд меорем. Тоҷикистон баъди он ҷанг боз ҷанги дигари дохилиро ҳам пушти сар кард ва ин ҷанг ҳам талафоти ҷонӣ дошт. Ҳоло ҳам оҳи ҷигарсӯзи модарон ба фалак мерасад ва онҳо ҳамоно дар ёди ҷигарбандони номуродашон, ки ҳадафи тири бадхоҳони миллат шуданд, ашки хун аз дида меборанд.
Шукри Аллоҳ, ки фарзанди некухислат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бахти мо сарвари кишвар омад ва бо омадани ӯ дарҳои сулҳ боз шуданд, ҷанг хотима ёфт, дар мамлакат суботу оромӣ барқарор шуд.
Пояи устувори сулҳе, ки имрўз дар Тоҷикистони азизи мо, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор аст, далолат ба он медиҳад, ки мардуми сарбаланди тоҷик воќеан ҳам мардуми сулҳҷуву сулҳдўст буда, барои осоиштагии ин миллат тамоми ҳастии худро фидо менамоянд.
Сулҳ беҳтарин неъмати Худованд аст!
Шаҳло Раҳимова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ