Китоби дарсии “Менеҷмент”, ки ба тозагӣ чоп шуд, аз 14-қисм иборат аст. Тавре дар сарсухани он омадааст он дарбаргирандаи 777 мавзӯи муҳими менеҷменти муосири ҷаҳонӣ, зиёда аз 3000 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги замон, зиёда аз 3000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ, ҳидоятҳои расидан ба пешвоӣ, масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ- электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову ширкатҳо ва корхонаву муассисаҳои ватаниву хориҷӣ, нигоҳи донишмандони таърихии ҷаҳонии форсу тоҷик ба рушду ташаккули илму санъату хирад ва хештаншиносиву оинасозии роҳбарӣ, фарҳанги сарватшиносиву созандагӣ дар роҳбарӣ, инчунин хислати хоси рушди СПИИЭ ва ноономикӣ дар шароити шароити ҷаҳонишавии глобалии иқтисодиро дар бар гирифтааст.
Инчунин моделу системасозии навини таълимоти бефосилаи касбӣ-электрониро дар менеҷменти муосири байналмилалӣ , роҳбарии стратегии ҳайати кормандон ҳамчун асоси рушди устувори менеҷменти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, идоракунии молиявӣ ва сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкориҳои илмӣ - техникӣ ва рушди технологӣ, роҳбарии зиддибуҳронӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди системаҳои иноватсионии рақобатпазирӣ дар идоракунии менеҷменти ширкатҳои байналмилалӣ ва иқтисоди сабз дар фарҳанги сарватшиносӣ ва созандагии менеҷменти муосири ҷаҳонӣ дар ин китоби дарсӣ пурра оварда шудааст.
Китоби дарсӣ барои донишҷуёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии риштаи менеҷмент ва иқтисод, омӯзгорону муҳаққиқон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идоравӣ, инчунин, шахсони хоҳиши зиндагии хуб дошта, тавсия шудааст.
Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ