Теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ 7479 нафар афзудааст

Теъдоди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 7 ҳазору 479 нафар афзудааст.
Таҳқиқоте, ки ахиран Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхона анҷом додааст, нишон медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2016 то якуми июни соли 2016 234214 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ба ҳисоби миёна дар як моҳ 46 ҳазору 842 нафар мебошад.
Ин гуна пажуҳишҳо ҷиҳати муайян намудани теъдоди ҳузури хонандагон ба шуъба ва толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҳар як шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи миллӣ хонандагон ба таври доимӣ омаду рафт мекарданд ва хонандагон вобаста ба дархостҳояшон аз шуъбаҳои дахлдори Китобхона маводи лозимиашонро гирифта мутолиа ё нусхабардорӣ менамуданд.
Дар ин панҷ моҳи аввали соли 2016 ба Китобхонаи миллӣ 7479 нафар хонандагони нав ба қайд гирифта шуд. Ҳамарӯза шумораи хонандагони тозавуруд ба Китобхонаи миллӣ меафзояд, ки ин натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо сурати тез рушдёбии технологияи муосири рақамӣ ва иттилоотӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Китобхонаи миллӣ тамоми шароитҳо барои мутолиа муҳайё мебошанд. Хонандагон аз ин ганҷхонаи бебаҳо метавонанд ҳар рӯз аз соати 8:00 то 22:00 самаранок истифода намоянд.

Муфассалтар аз ҷадвали зерин шинос шавед:

 

Парвина Қадимова, мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ