Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Пайдоиши коғаз

Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг овард ва шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачев навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи 11-уми мелодӣ аз ҷониби ихтирокори чинӣ Чай-Лун ба вуҷуд оварда шудааст. Инро солноманависони Чин ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар на чандон алоқа доранд. Зеро ба ривояти яке соли 95, дигаре  соли 105,сеюмин соли 153-и милодӣ мебошад.   Байни ин солҳо 60 сол фарқ ҳаст. Инчунин яке аз он солноманависон навиштааст. «Чай-Лун соли 105 ба императори Чин тарзи тайёр кардани коғазро аз зағирпоя, канаб, пўсти дарахти лиф, латтапора, бамбук ва пахолро пешниҳод карда буд». Аз ин ривоятҳо ва далелҳои дигар Н,П. Лихачев ба хулоса меояд, ки Чай Лун эҳтимол ба Туркистони Шарқӣ омада, бо касбу кори намадмолии мардумони ин кишвар шинос шуда бошад, зеро тарзи намадмолӣ заррае ба талқину ангезиши пайдоиши коғаз мебошад. Аз  ҳамин лиҳоз Н.П. Лихачев ватани аз латтапораҳо тайёр кардани коғазро Туркмани Шарқӣ мешуморад. Ба вуҷуди ин Н.П.Лихачев дар Хитой аз бамбук ба вуҷуд  овардани коғазро рад намекунанд.

Хитоиҳо тарзу воситаҳои тайёр кардани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистаанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ва дигар кишварҳо паҳн гардад. Вале онҳо андешаҳои хаёлӣ буданд. Тараққиёти инсоният ва фарҳанг барои ба вуҷуд овардани коғаз ва истеҳсоли  вай роҳи васеъ мекушояд.

Ҳанўз соли 650-уми мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурданд. Вале он коғази истифодашуда дар куҷо истеҳсол шуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чунинанд: соли 751 дар соҳилҳои дарёи Палас (наздикии Xанбул) байни сарбозони арабҳо ва хитоиҳо задухурд ба вуҷуд меояд ва хитоиҳо дар он мағлуб  мешаванд. Истеҳсоли коғаз ҳам ба ҳамин задухурду мағлубияти хитоиҳо бевосита алоқаманд будааст. Зеро асирафтодагони хитой сирру савдои тайёр кардани коғазро ба ғолибон гуфтаанд.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми садаи V111 дар шаҳр корхонаи коғазбарорӣ ба вуҷуд меояд ва минбаъд тарзи тайёр кардани коғаз аз Самарқанд ба дигар мамолик мегузарад.

Корхонаи коғазбарории Самарқанд бисёр кишварҳои Машриқзамин ва Арабистонро бо коғаз таъмин менамуд. Услуби коғазбарорӣ аз Самарқанд (садаҳои Х11-Х111) ба Фаронса ва дигар мамолики Аврупо низ гузоштааст. Коғази истеҳсоли Самарқандро баъзан «коғази Самарқанд» ва «коғази Хуросон» мегуфтанд. То садаи ХVII се навъ коғази Самарқанд маълум буд. Коғази абрешимии зардчатоб аз лоси шоҳӣ тайёр карда мешуд. Навъи дуввуми коғази Самарқанд бо номи нимкатонӣ машҳур гардида буд. Мавриди тайёр кардани ин коғаз нахи катон (нахи зағирпоя) илова мекарданд. Ниҳоят, навъи сеюми коғази Самарқанд аз хамираи латтапораҳои пахтагин истеҳсол мешуд. Ҳар сеи ин навъи коғазҳо аълосифат, пурбардор ва хушнавис буданд. Мо дар бисёр дастхатҳои қадим ба китобҳое рў ба рў меоем,ки дар коғази Самарқанд таълиф шудаанд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардаанд.

Дар замони ҳозира манбаи истеҳсоли коғаз ҷангалистону бешазорҳои бузург аст. Коғаз аз селюлозаи дарахтони гуногун ва рустаниҳои яксола тайёр карда мешавад. Ба таркиби масолеҳи коғаз моддаҳои кимиёвӣ, елим (ширеши дуредгарӣ) ва оҳар илова мекунанд. Ин барои сафед, суфтаю рангногузар баромадани коғаз имконият медиҳад. Барои тайёр кардани хамираи коғаз масолеҳи онро аввал орд мекунанд. Пас аз рўи навъи коғаз ба хамираро дар мошинаҳо соф мекунанд.

Коғаз бо заҳмати зиёд ба вуҷуд меояд. Танҳо машинаҳо, дастгоҳҳои пуриқтидор ин заҳматро осон карда метавонад. Коғаз ба тариқи варақҳои яклухти дароз ва лўлапечшуда истеҳсол мешавад. Ба рўи баъзе навъҳои коғаз моддаҳои равшанҳискунанда (эмульсия) низ мемоланд. Коғазҳои хушсифат аз зағирпоя ва коғази маъмулии хатнависӣ аз  мағзи чўби дарахти сўзанбарг тайёр мешавад.

Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳар сол ёздаҳ миллион тонна коғаз ва коғазҳои ғафси муқовабоб истеҳсол мешуд. Коғаз аз рўи вазифаи худ ба навьҳо ҷудо мегардад. Ёздаҳ навъи асосии коғаз мавҷуд аст.

- коғаз барои чопи китобҳо, матбуоти даврӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ, расмҳои ранга.

-коғаз барои мукотиба.

-коғаз барои нақшаю расмкашӣ:

- коғаз барои муҳофизат аз таъсири барқ:

-коғази тунук барои саноати тамокубарорӣ:

- коғази обчинак:

- коғази нурпазир барои суратгирӣ ва нусхабардорӣ:

- коғази махсуси суратгирӣ:

- коғази махсуси нусхабардорӣ:

- коғази дурушт барои печонидани хўрокворӣ ва маҳсулоти саноатӣ:

- коғази саноати техникӣ:

Коғаз дар хоҷагии халқ ба аҳамияти бузург молик аст. Аз коғаз ва коғази  ғафс (картон) беш аз 60 ҳазор асбобу анҷом, аз ҷўмла беш аз 200 намуд қисмҳои майдаи машинаҳои сабукрав,ғилофаи соат, калтусҳои барқӣ, чаллак, қуттӣ, тугмаҳои ранга, асбобҳои суратгирӣ, таҷҳизоти гуногуни саноати бофандагӣ ва ғайра тайёр карда мешавад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                    Бо вуҷуди ин, коғаз пеш аз ҳама василаи муҳими хаттӣ мебошад. Дар васфи коғаз бузургон суханони беҳамто гуфтаанд, аз ҷумла Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ:

Бинавис, дило, ба ёр коғаз,

Бифирист ба он нигор  коғаз!

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.