Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Китобҳои пергаментӣ
«Авасто» китоби муқаддаси зардуштиён аст. Вай дар ибтидо чун маҷмўаи шифоҳӣ шинохта мешуд. Китоби «Авасто» дар осори вазъҳои пайғамбари зардуштиён Зардушт (солҳои 628-551 то мелод) ба вуҷуд омада буд ва замони ҳахоманишиҳо ба хаттӣ мехӣ навишта шуд. Пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ (334 то мелод), мегўянд, ки барои навиштани он гўё пўсти 1200 гов ва ба маънидоди дигар пўсти 12 ҳазор гов масраф шуда бошад. Дар натиҷаи ба вуқуъ омадани чангу ҷидолҳо «Авасто» хароб мешавад. Искандари Мақдунӣ онро месўзонад. Садаи якуми мелодӣ бо фармони Шоҳи Ашконӣ Волагеси 1 матнҳои боқимондаи авастоӣ ва маводи ба таври шифоҳӣ байни мўбадои ҳифз гардида ҷамъоварӣ мешаванд. «Авасто» дертар ба алифбои авестоӣ гардонида мешавад.
*** *** ***
Қаду басти ин дастхат ба дафтари оддӣ монандӣ дорад. Муқовааш пўсти ошдода аз он 13 варақи пўстиро дар бар мегирад. Санаи таълифоташ маълум нест. Дастхати мазкур порчаест аз «Таврот» ва он дар фоидаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақами 1 нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Муқоваи китоби «Инҷили шайтон» аз тахтачўби булутӣ сохта шуда, 350 килограм вазн дорад. Барои ба анҷом расондани муқоваи «Инҷили шайтон» пўсти 100 ҳайвон истифода шудааст. Ҳоло китоби мазкур дар китобхонаи шаҳри Стокголм маҳфуз аст.
*** *** ***
Китоби «Ҳақиқати авлиё Ёхайн» аз ҷиҳати қаду баст ва масраф шудани пўсти зиёд машҳур гардид. Китоб дорои 150 саҳифа буда, аз пўсти 300 гўсфанд мураттаб шудааст. Муқоваи бириҷии китоб 201 килолграм вазн дорад ва бо пули шветсарӣ ду ҳазор франк арзиш дорад.
*** *** ***
Чандин сол қабл кормандони Осорхонаи санъатшиносии Фаронса (Париж) «Апокалипсис» ном китоберо пайдо карда буданд. «Апокалипсис» аз ҷиҳати саҳҳофӣ ва нақшу нигор ҳайратовару мафтункунанда аст. Вай 500 намуд зарнигори сарлавҳа, 93 ҳазор ҳуруфу хаттотӣ дорад. Муқоваааш бо хўла, ақиқу зумуррад, чангакҳои ҷилодор, 585 мехчаи пурҷило ва дигар чакидаҳои афшонӣ тазйин ёфтааст. «Апокалипсис» аз пӯсти 3000 гўсфанд тайёр шуда, вазнаш ба 230 килограм мерасад. «Апокалипсис» бо лоиҳаи Салвадор Дали саҳҳофӣ шуда, дар кори он 14 нафар саҳҳофони хушсалиқаи ҷаҳон иштирок кардаанд. Кормандони осорхона «Апокалипсис»-ро аз соҳибаш-Жан Форэ ном шахс ба даст оварда буданд. Ҳанўз соли 1972 арзиши «Апокалипсис» дар намоишгоҳи китобҳои иттифоқҳои миллӣ ба як миллион доллар расида буд.
*** *** ***
Садаи 1V- и пеш аз мелод «Тавроти нуқрагин» таълиф шуда буд. Китоби «Тавроти нуқрагин» дар пўсти сурх ба табъ расида, бо санъати афшон нигориш ёфтааст. Ҳоло ин китоб дар китобхонаи унверистети Упсал (Шветсария) нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Дар китобхонаи Матенадаран (Ереван) «Воизи дайри Муш» (Муш махалаест дар минтақаи ҷануби Арманистон) соли 1200-уми милодӣ дар наздикии Парона ном маҳалае дар ҳаҷми 600 саҳифаи пўсти гўсола таълиф шуда буд. 27 килограм вазн дорад. Нуқси китоб дар он аст, ки 17 саҳифааш намерасад. Таҳқиқотчиён мавҷудияти 16 саҳифаи онро дар Венетсия ва як саҳифаашро дар Осорхонаи Вена муайян кардаанд.
*** *** ***
Овозаи қонуни қадимаи Эрон маълум буд. Вай аз ҷиҳати ҳаҷму ҳашамат ҳамто надошт.Аҷаб қонуни давлатӣ, дар пўсти 1200 барзагов навишта шуда буд.
*** *** ***
Номаи аҷоибу ғароиб. Онро шоҳаншоҳи Эрон ба султони Турк равон карда буд. Сабаби ба ганҷинаи таърих фитодани ин нома дар он аст, ки вай дар пӯсти дарозиаш 10 метр ва бараш 7 метр иншо шудааст. Нома ба садаи ХV1-и милодӣ тааллуқ дорад ва ҳоло яке аз экспонатҳои ҷолиби осорхонаи шаҳри Истамбул (Туркия )мебошад.
*** *** ***
Соли 1923 дар соҳили дарёи Евфрат ҷустуҷўи археологӣ гузаронида шуда ва бозёфти нодири он ҳуҷҷате буд дар пўст навишташуда, ки ба солҳои 196-195 то милод таалуқ дошт.
*** *** ***
Сокини шаҳри Агадеснии Нигерия Канмейра пинадўз будааст. Боре Писари ў аз ахлоттўда пораи чармеро дарёфт карда, ба падараш медиҳад ва пинадўз ин чармро ба оби ширгарм тар мекунаду баъд онро аз об берун мекашад. Мехоҳад, ки чармро тоза карда, истифода бикунад. ҳамин маврид назараш ба навиштаҷоти рўи чарм меафтад. Пинадўз чармро ба мутахассисон нишон медиҳад ва онҳо маълум мекунанд, ки рўи чарм катиба буда, ба садаи Х11 мутааллиқ аст.
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ.