Аз 13-ум то 19-уми марти соли 2017
Нашр шуд 2017-03-14 18:57
13-уми марти соли 2017
- 105-солагии зодрӯзи Разиюлло Абдуллозода (1912-1995), адабиётшинос.
- 85-солагии зодрӯзи Олим Низомов (1932), кӯҳкан, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 80-солагии зодрӯзи Қаландар Додарҷонов (1937), журналист.
- 75-солагии зодрӯзи Ирмат Усмонов (1942), олими соҳаи иқтисод, профессор.
- 65-солагии зодрӯзи Абдуқаҳҳор Сатторов (1952), генерал-майор.
- 60-солагии зодрӯзи Исмоил Пӯлодов (1957), доктори илми педагогӣ.
- зодрӯзи Всеволод Веселковский (1915-1994), Меъмори шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- зодрӯзи Абдураҳмон Қодиров (1950), олими соҳаи физика.
- зодрӯзи Ансор Афсаҳов (1938-2000), адабиётшинос.
- зодрӯзи Давлат Худоназаров (1944), кинорежиссёр ва кинооператор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- зодрӯзи Қодир Тешаев (1964), генерал-майор.
- зодрӯзи Мавлон Нуруллоев (1945), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Мақсуд Мирбобоев (1943), файласуф.
- зодрӯзи Маҳмуд Зокиров (1926-2007), доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мирзо Мирзоев (1964), журналист.
- зодрӯзи Мирзоалӣ Алиев (1963), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Нусайрӣ Одинаев (1915-1993), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Огюст Эрбен (1783-1806), шарқшинос ва мутарҷими англис.
- зодрӯзи Олимҷон Орифӣ (1913-1989), шоир.
- зодрӯзи Саодат Абдуллоева (1941), олими соҳаи биология.
- зодрӯзи Сафар Азизов (1936), ороишгари саҳнаи театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Ситсилия Бону (1911-2002), шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Султон Сафар (1935-2008), драматург, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Толиб Шаҳидӣ (1946), оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- зодрӯзи Тоҳир Самиев (1963), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Ҷалол Муруватов (1944), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Ҷумъа Одинаев (1930-1982), нависанда, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
14-уми марти соли 2017
- 90-солагии зодрӯзи Екатерина Надеждина (1927), доктори илми тиб, профессор.
- 80-солагии зодрӯзи Нарзибой Ашӯров (1937), журналист.
- 65-солагии зодрӯзи Алиназар Давлатмамадов (1952-2004), генерал майор.
- 65-солагии зодрӯзи Зулхумор Иброҳимова (1952), актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- 50-солагии зодрӯзи Садриддин Ҷӯраев (1967), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Абдусалом Деҳотӣ (1911-1962), шоир, драматург.
- зодрӯзи Александр Герр (1908-1967), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Баҳодур Каримов (1966), олими соҳаи иқтисод.
- зодрӯзи Зулфия Исроилова (1915-1996), шоираи ӯзбек, дӯсти адабиёти тоҷик.
- зодрӯзи Қодиров Ортиқ (1956), актёри театру кино, ровӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Леон Гюзалян (1901-1984), шарқшиноси арман, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.
- зодрӯзи Лилиан Налоева (1933), коргардони ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Малик Холдоров (1930-1993), пармагар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Мамадшо Илолов (1948), доктори илмҳои физикаю математика, академики АИ Тоҷикистон (Президенти АИ Тоҷикистон).
- зодрӯзи Мирзо Исматуллоев (1963), адабиётшинос.
- зодрӯзи Муаззама Сайфуллоева (1955), олимаи соҳаи тиб.
- зодрӯзи Нур Сафаров (1929), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Раҳмат Раҳимов (1938), доктори илми таърих.
- зодрӯзи Роза Искандарова (1934), олимаи соҳаи педагогика.
- зодрӯзи София Ҳасанова (1935), адабиётшинос.
- зодрӯзи Сунъат Раҳматуллоев (1933), сароянда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Ҳомидхон Нуриддинов (1954), муаррих.
- зодрӯзи Ҷамила Аҳмадова (1963), журналист.
- зодрӯзи Ҷумъахон Файзалиев (1963), олими соҳаи педагогика.
- Рӯзи ҷаҳонии дарё.
- таъсиси (1919) аввалин кружоки ҳаваскорони санъат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар заминаи он соли 1922 театри худфаъолӣ ва соли 1934 театри вилоятии мусиқӣ-маҳзакавӣ ташкил шуда буд.
15-уми марти соли 2017
- 120-солагии зодрӯзи Аъзам Рустамов (1897-1985), табиб, шоир.
- 80-солагии зодрӯзи Аскар Абдураҳмонов (1937), санъатшинос, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- 80-солагии зодрӯзи Ӯрун Кӯҳзод (1937), Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- 75-солагии зодрӯзи Ҷалол Алиев (1939-2005), олими соҳаи химия.
- 75-солагии зодрӯзи Обидҷон Ғиёсов (1942-1994), олими соҳаи педагогика.
- 70-солагии зодрӯзи Исо Абдурашидов (1947), актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- 70-солагии зодрӯзи Неъмат Маҳмадсаидов (1947), журналист.
- 70-солагии зодрӯзи Ҳаким Каримов (1947), адабиётшинос.
- 50-солагии зодрӯзи Бобоназар Шамсиддинзода (1967), шоир.
- зодрӯзи Абдулҳақ Файзиев (1938), доктори илми геология, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
- зодрӯзи Абдуманнон Ҳомидов (1928-1962), олими соҳаи ҳуқуқ.
- зодрӯзи Абдурашид Шарифов (1951), доктори илми кишоварзӣ.
- зодрӯзи Аҳмад Абдуллоев (1936), доктори илми филологӣ, профессор.
- зодрӯзи Баён Облоқулов (1939), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Бегиҷон Махсумов (1956), журналист.
- зодрӯзи Бимбулат Ватаев (1939-2001), киноактёр, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- зодрӯзи Бобоҷони Абдулвоҳид (1953-2007), журналист.
- зодрӯзи Бурҳон Маъруфов (1935-1998), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Виктор Розан (1849-1908), шарқшиноси рус, муҳаққиқи дастхатҳои форсӣ.
- зодрӯзи Зайнаб Ғуломова (1935), Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Зикриё Исроилов (1949), кинооператор.
- зодрӯзи Идимоҳ Раҷабова (1956), олимаи соҳаи иқтисод.
- зодрӯзи Қодир Қодиров (1951), доктори илми педагогӣ.
- зодрӯзи Лутфулло Солиев (1941), доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Малоҳат Шаҳобова (1928-2005), доктори илми филология, профессор.
- зодрӯзи Маҳкам Зубайдуллоев (1949), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мирзо Солеҳов (1950), адабиётшинос.
- зодрӯзи Мирзоалӣ Табаров (1939), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Муллоҳасан Кӯчаков (1954), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Мурод Рофиев (1936), коргар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Мухтор Аҳроров (1924-1993), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Насрулло Ҳоҷиев (1938), файласуф.
- зодрӯзи Ниёз Мирзоев (1949), доктори илми таърих, профессор.
- зодрӯзи Облоназар Каримбердиев (1940), олими соҳаи иқтисод.
- зодрӯзи Олег Вершковский (1939), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Пӯлод Каримов (1930-2000), муаррих, профессор.
- зодрӯзи Раҷаби Мусулмониён (1955), шоир.
- зодрӯзи Робия Ҷӯраева (1929-1999), забоншинос.
- зодрӯзи Саидамир Ҷононов (1948), доктори илми фалсафа.
- зодрӯзи Талбак Назаров (1938), доктори илми иқтисод, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
- зодрӯзи Тамара Кокова (1934), киноактрисаи рус, дар филмҳои тоҷикӣ чанд нақш бозидааст.
- зодрӯзи Тоҷиддин Пиров (1965), доктори илми кишоварзӣ, профессор.
- зодрӯзи Убайдуллои Ширин (1951), шоир.
- зодрӯзи Усуфхӯҷа Султонов (1950), доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
- зодрӯзи Фёдор Репа (1923-2001), доктори илми таърих, профессор.
- зодрӯзи Фозилҷон Бозоров (1951), ровӣ.
- зодрӯзи Ҳабибулло Файзулло (1945-1979), шоир.
- зодрӯзи Ҳикматулло Қодиров (1951), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Шариф Файзалӣ (1935-2005), муаррих, нависанда.
- зодрӯзи Юнус Юсуфӣ (1955), нависанда.
- Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунанда.
16-уми марти соли 2017
- 110-солагии зодрӯзи Абдурозиқ Раҳмонов (1907-1993), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 50-солагии зодрӯзи Рустам Бобохонов (1967), олими соҳаи биология.
- зодрӯзи Абиғай Исҳоқова (1916-1995), актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Вячеслав Дӯстматов (1936-2004), олими соҳаи геология.
- зодрӯзи Георгий Пешковский (1903-1980), доктори илми химия, профессор.
- зодрӯзи Давлат Сафаров (1943), дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ.
- зодрӯзи Игнатий Крачковский (1883-1951), шарқшиноси рус, академик, мутарҷими «Қуръон» ба забони русӣ.
- зодрӯзи Казимир Калитский (1873-1941), геологи рус, таҳқиқотчии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Муҳаммадҳаким Муҳаммадзоҳиров (1935), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Муҳаммадраҳими Илҳом (1930), шоир ва адабиётшиноси форсизабони Афғонистон.
- зодрӯзи Раҳмат Рустамов (1909-1985), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Убайдулло Абдуллоев (1936), олими соҳаи байторӣ.
- зодрӯзи Фатҳия Икромова (1933), педагог, профессор.
- зодрӯзи Шамсиддин Шокиров (1940), олими соҳаи физика.
- зодрӯзи Шарифҷон Акрамов (1955), муаррих.
- зодрӯзи Эгам Ҳасан (1934-1998), нависанда.
- зодрӯзи Эргаш Шарифов (1934-1971), олими соҳаи иқтисод.
- оғози нашри (1925) рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки шу мораи аввалаш «Иди тоҷик», аз шумораи дуюм то соли1928 «Бедории тоҷик», 1928-1955 «Тоҷикистони сурх» ва 1955-1990 «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт.
- зодрӯзи Муҳаммад Ғоиб (1954), Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи далатии ба номи Рӯдакӣ.
- Рӯзи ҷаҳонии хоб.
17-уми марти соли 2017
- 120-солагии зодрӯзи Рӯзиқул Пиримқулов (1897-1980), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 90-солагии зодрӯзи Римма Котелникова (1927), олимаи соҳаи педагогика.
- 85-солагии ташкили (1932) Базаи тоҷикистонии АИ СССР, иборат аз се бахш: химияю геология, биология, забоншиносӣ.
- 75-солагии зодрӯзи Обидҷон Бобоҷонов (1942), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Арон Трейвас (1901-1983), доктори илми техникӣ.
- зодрӯзи Виктор Бондар (1925-2003)), олими соҳаи химия.
- зодрӯзи Галина Савелева (1921), актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Евгений Орлов (1919-1989), муаррих эроншиноси рус.
- зодрӯзи Музаффар Маҳмудов (1926-1997), журналист.
- зодрӯзи Мусофиршо Маликов (1934-1993), актёри театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мухбил Нӯъмонов (1948), доктори илми химия, профессор.
- зодрӯзи Неъмат Муҳиддинов (1945), олими соҳаи биология.
- зодрӯзи Пӯлод Бобоҷонов (1939), олими соҳаи химия.
- зодрӯзи Раҷабалии Исматулло (1954), журналист.
- зодрӯзи Сафол Мӯсоев (1964), олими соҳаи тиб (дорушиносӣ).
- зодрӯзи Темурхон Орифов (1936), олими соҳаи ҳуқуқ.
- зодрӯзи Ҳайдар Турсунов (1940), файласуф.
- зодрӯзи Ҷӯра Инъомзода (1943), олими соҳаи тиб.
- зодрӯзи Шариф Умаров (1940-2007), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Эҳсон Субҳон (1946), нависанда.
- Рӯзи ҷаҳонии сайёраҳо.
18-уми марти соли 2017
- 50-солагии зодрӯзи Зайниддин Искандаров (1967), доктори илми ҳуқуқ, профессор.
- 50-солагии зодрӯзи Мунира Аҳтамова (1967), адабиётшинос.
- зодрӯзи Абдурасул Сатторов (1950), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Абулқосим Замахшарӣ (1075-1144), адиб ва олими форс-тоҷик.
- зодрӯзи Азиза Акобирова (1950), олимаи соҳаи техника.
- зодрӯзи Александр Мазунин (1924-1986), адабиётшинос.
- зодрӯзи Гулчеҳра Нӯъмонова (1951), санъатшинос.
- зодрӯзи Искандар Мулкамонов (1910-1990), арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Маҳмадсаид Пирзода (1966), актёри кино, арбоби фарҳангӣ.
- зодрӯзи Музаффар Имомов (1964), журналист.
- зодрӯзи Мухбил Нӯъмонов (1948), доктори илми химия, профессор.
- зодрӯзи Муҳаммадвафо Бақоев (1931-1972), адабиётшинос.
- зодрӯзи Отахон Латифӣ (1936-1998), нависанда, журналист.
- зодрӯзи Раҳмон Мирзобаҳодуров (1934-1985), олими соҳаи биология.
- зодрӯзи Раҳмон Муродов (1945), олими соҳаи тиб.
- зодрӯзи Рашид Раҳимов (1965), варзишгар, яке аз беҳтарин футболбози тоҷик.
- зодрӯзи Урунбек Ҳамдамов (1946), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Худоназар Ҷонназаров (1935), доктори илми педагогӣ, профессор.
- зодрӯзи Ҷӯра Инъомзода (1943), олими соҳаи тиб.
- зодрӯзи Шамсиддин Орумбекзода (1956), арбоби фарҳангӣ.
- зодрӯи Абдураҳмон Норматов (1949), олими соҳаи техника.
- Рӯзи ҷаҳонии сайёраҳо.
19-уми марти соли 2017
- 80-солагии зодрӯзи Носирҷон Маъруфов (1937), олими соҳаи физика.
- 70-солагии зодрӯзи Заррина Миршакар (1947), оҳангсоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.
- 70-солагии зодрӯзи Шодибек Собирӣ (1947), шоир, адабиётшинос.
- зодрӯзи Авазхон Ҳусейнов (1965), олими соҳаи химия.
- зодрӯзи Андрей Сметанкин (1965), журналист.
- зодрӯзи Баҳром Ҳайдаров (1931), олими соҳаи география.
- зодрӯзи Георгий Миттелман (1903-1984), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Давлатхӯҷа Назиров (1939), доктори илми фалсафа, генерал-майор.
- зодрӯзи Дмитрий Логофет (1865-1922), этнограф, нависанда, генерали рус, таҳқиқгари этнографияи тоҷикон.
- зодрӯзи Иван Якиметс (1918-1989), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Иззатулло Fаниев (1948), доктори илми химия, профессор, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
- зодрӯзи Латиф Хӯҷаев (1920-1999), доктори илмҳои физикаю атематика, профессор.
- зодрӯзи Михаил Георгиев (1926), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Пӯлод Шамсиддинов (1935-1979), рассом.
- зодрӯзи Ростислав Пирумов (1950), наворбардори кино.
- зодрӯзи Санавбар Холматова (1940), луғатшинос.
- зодрӯзи Сиддиқ Раҷабов (1910-1989), доктори илми педагогӣ, профессор.
- зодрӯзи Султонмуҳаммад Мутрибӣ (1559-1630), шоир ва тазкиранавис.
- зодрӯзи Убайди Мавлоно (1834-1884), шоир.
- зодрӯзи Хол Ислом (1910-1993), шоир.
- зодрӯзи Ҳоҷӣ Мирзобоев (1936), олими соҳаи физика.
- зодрӯзи Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода (1883-1942), шоир, драматург.
- таъсиси (1925) Ҷамъияти илмии тиббии духтурони Тоҷикистон.
- ба истифода додани (1934) кони нафти «Нафтобод» (Исфара).
Масъули ин бахш
Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллист.
Барчаспҳо: