Накуномон накуянд...
Мавсуф қаламкаши хуб ҳам ҳаст ва диду нигоҳи таҳлилӣ дар масоили баррасишаандаи илмӣ дорад Қариб ки аксари матолибаш фарогири мавзўи китобу китобдорӣ ва умуман масъалаҳои китобхонаҳо мебошад. Мақолаҳои ӯ «Роҳҳои омўхтани захираи китобӣ», «Мутамарказонидани китобхонаҳо ва аҳамияти он», «Тарзи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои хонандагон дар китобхонаҳои оммавӣ», «Услуби баргузории даҳаи «Китоб ва хонанда», «Тарзи ташкили хизмати китобхонавӣ дар бошишгоҳи саҳроӣ», «Аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои қишлоқӣ» ва ғайра омӯзандаву хонданӣ ҳастанд. Мегӯяд шумори мақолоташ дар матуоти даврӣ аз марзи 50 гузаштааст.
Зиндагӣ ба мисли дарёи пуртуғёнест, ки дар он бо бисёр нишебу фарозҳо инсон рў ба рў хоҳад гашт. Бинобар ин, барои ба умқи баланди он расидан, мебояд шахс сараввал пурсабру тоқат, андешапарвару фазилатхоҳ ва ҳамчунин ватандўсту инсонпарвар бошад. Вақте ки одам ватандўсту инсондўст шуда тавонад, бовар ҳосил кард, ки ў аллакай байни ҷамъият унвони накуномро соҳиб шудааст. Аз ин рў, накуном ном гирифтани сарлавҳаи матлаби мо аз он манша мегирад, ки накуном танҳо ҳамон тоифае ва ё гурўҳи одамоне шуда метавонанд, ки ҳамаро бо як чашм менигаранд, асло дар роҳу пайкори бадтиннатию бадгуфторӣ ва тўҳмату бўҳтон ва маломат, инчунин, озори дигарон нестанд. Илова бар ин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳоли имрўз шахсони накўном хеле сафашон бешумор аст. Зеро накуном касест дасти кўмак ба бекасону барҷомондагон дароз мекунад, дигаре бошад, сари ятимеро сила намудаву саввумин маъюбону камбизоатонро саробонӣ мекунад. Аммо бар замми ин ҳама фаромўш набояд кард, ки инсоне, ки ҳеҷ гоҳ дар пайи озори дигарон нест, то қадри имкон мекўшида дасти ёрӣ ба касе дароз кунад, тундгўйю писхандзан набуда, барои ў кули ом дар як сатҳ қарор дорад, касеро аз дигаре боло намеҳисобад, накуном гуфтан ҷоиз аст.
Яке аз чунин нафарон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонов Ҳокимҷон мебошанд, ки ба андешаи ман ба ҳама он тавсифи дар боло зикршуда сазовор аст.
Маҳмадҷонов Ҳокимҷон, 30-апрели соли 1955 дар ноҳияи Тоҷикободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаро хатм намуд, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорид.
Соли 1976 Донишкадаи мазкурро бо ихтисоси китобдор – библиограф хатм намуд. Барои боз ҳам сайқал додани илму дониш ҳуҷҷатҳояшро соли 1986 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шуъбаи (ғойибона) супурда бомуваффақият онро низ хатм намуд.
Моҳи ноябри соли 1976 ба хизмати аскарӣ даъват шуда, то моҳи ноябри соли 1977 дар шаҳри Гусеви вилояти Коленинград адои хизмат намуд. Аз моҳи декабри соли 1977 то моҳи январи соли 1980 муовини мудири шуъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Рашт шуда кор кардааст. Моҳи январи ҳамон сол то моҳи июни соли 1992 дар вазифаи Директори Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Рашт кор кардааст. Аз моҳи июни соли 1992 то моҳи сентябри соли 1993 дар вазифаи директори мактабҳои шабона ва ғойибонаи ноҳияи Рашт кор ва фаъолият намудааст.
Моҳи августи соли 1993 ба шаҳри Душанбе барои зиндагонии доимӣ кўч мебандад. Аз моҳи сентябри соли 1993 то моҳи августи соли 2000-ум дар вазифаи мудири бахши шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, котиби илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор кард. Моҳи августи соли 2000 то моҳи сентябри соли 2007 дар вазифаи мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2007 то апрели 2012 муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ буд. Аз моҳи апрели соли 2012 ба ҳайси сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз 1-уми ноябри соли 2018 то ба нафақа баромадан, муовини сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият намудаааст.
Барои фаъолияти пурсамар бо нишони «Аълочии фарҳанги Иттифоқи Шўравӣ», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Мавсуф қаламкаши хуб ҳам ҳаст ва диду нигоҳи таҳлилӣ дар масоили баррасишаандаи илмӣ дорад Қариб ки аксари матолибаш фарогири мавзўи китобу китобдорӣ ва умуман масъалаҳои китобхонаҳо мебошад. Мақолаҳои ӯ «Роҳҳои омўхтани захираи китобӣ», «Мутамарказонидани китобхонаҳо ва аҳамияти он», «Тарзи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои хонандагон дар китобхонаҳои оммавӣ», «Услуби баргузории даҳаи «Китоб ва хонанда», «Тарзи ташкили хизмати китобхонавӣ дар бошишгоҳи саҳроӣ», «Аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои қишлоқӣ» ва ғайра омӯзандаву хонданӣ ҳастанд. Мегӯяд шумори мақолоташ дар матуоти даврӣ аз марзи 50 гузаштааст.
Нависандаи ин сатрҳо ҳам замоне бо ишон ҳамкор будам ва аз фазлу донишу инсонияти ӯ баҳраҳо бардоштаам. Ин сатрҳоро чун як муҳаббатномаи ҳамкор навиштам ва ҳадаф он буд, ки мо бояд устодону ҳамкорони собиқадори худро ҳамеша дар ёд дошта бошем. Барояш дар зиндагӣ комёбиву бурдбориҳо ва тансиҳативу рӯзгори осоиша таманно дорам.
РУХШОНА Каримова,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.