Рӯзи кайҳонавардон дар маҳфили “Дастони моҳир”

 Кайҳон ва кайҳонавардӣ. Мо ин номҳоро зиёд шунидаему навору филмҳои зиёдеро ҳам тамошо кардаем. Кайҳоннавардӣ  - тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии дастгоҳҳои кайҳон аст, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9 пагоҳирӯзии вақти Москва кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» гирди сайёраи Замин парвоз кард.

Аввалин парвози кайҳонӣ мудати як соату 48 дақиқа давом кард. Дар ин муддат Юрий Гагарин ҳам хобид, ҳам мушоҳида кард, ҳам ғизо хӯрд.  Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дидааст, ки Замин доирашакл аст. Манзарае, ки ӯ дар кайҳон дид, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», - гуфта буд Юрий Гагарин.

Ҳукумати Шӯравӣ баъди ин парвозе, ки ҷаҳонро дар шигифт овард, ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи ҳарбии майор дод.

Парвози Юрий Гагарин саҳифаи нави таърих дар кайҳонро кушод. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯзи хотирмон чун рӯзи кайҳонавардон муқаррар  ва ҳамасола ҷашн гирифта мешуд.

Бахшида ба ин рӯз дар маҳфили “Дастони моҳир”-и толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ хонандагони наврас баъди шунидани таърихи Рӯзи кайҳонавардон ва суолу ҷавоб атрофи он, аз маводҳои конселярӣ киштиҳои кайҳонӣ сохтанд. Дар ин киштиҳо кайҳонавардонро шинонданд ва омодаи парвоз карданд.

Расмҳо ҳикояти ин маҳфилро мекунанд.  

С. Сафарова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

 кўдакон ва наврасон 

Боз дар ин бора:

Кайҳон дар хизмати Замин. Оё ин дуруст аст?