Таърихи вафоташ маълум нашуд, аммо аз таърихҳое, ки барои иморатҳо иншод кардааст, то соли 1270 ҳиҷрӣ дар ҳаёт буданаш маълум мешавад.
***
Танҳо на нигоҳи ту кунад машқи рамидан,
Чашми ту кашад сурмаи ушшоқ надидан.
Бар чарх расонида ҳилол аз раҳи таслим
Аз абруи мушкини ту меъроҷи хамидан.
Шаб ойнаи ҷилваи хуршед нагардад,
Аз ман чӣ хаёл аст ба васли ту расидан.
Савдост дар ойини вафо аҳли вафоро
Ҷон додану аз лаъли лабат бўса харидан.
Дар хок нишонад агарам, ҷой ба чашм аст,
Бар рўи касон беҳуда чун ашк давидан.
Дар ишқ наёмўхтаӣ, аз Парӣ омўз(?)
Девонагиву ҷайби шикебойӣ дариданд. (?)
Мақтаъ хеле вайрон менамояд. Мумкин аст, ки дар мисраъи аввал ба ҷои «наёмўхта» «навомўхта» бошад ва ба таҳрифи нависандагон хато шуда бошад.
Аммо дар мисраъи сонӣ «ӣо»-и дувуми калимаи «шикобойӣ» аз тақтеъ зиёд аст. Парӣ ҳарчанд шеърро салису сода месарояд, дар баъзе ҷоҳо аз ҳамин қабил ҳато эмин намемонад. Дар баъзе шеърҳои дигараш ҳам, ки аз мутолаа гузашт, аз ин қисм хато мавҷуд буд. Чунончи дар як ғазалаш ин байт ҳаст:
Зоҳид аз ишқи бутон панду насиҳат аз ту,
Домани ҷайб ба расвойӣ даридан аз ман.
Дар байти мазкур низ «йо»-и дувуми калимаи «расвойӣ» зиёд аст. Дар аксари шоиртарошони аҳди Абдулаҳад ин ҳол дида мешавад.
***
(Аз тазкираи «туҳфат-ул-аҳбоб»)
Се чиз карда муҳайё ба қатлам он бадхў:
Карашма теғу мижа новаку камон абрў.
Туро, ки ҳаст се чиз аз се чиз нозуктар.
Даҳон зи ғунча, лаб аз барги гул, миён аз мў.
Дилам ба вақти баҳорон се чиз мехоҳад:
Канори обу майи нобу соқии гулрў.
Ба чашм оразу гесў рабудаӣ се чиз:
Сиёҳӣ аз шабу нур аз маҳу рам аз оҳў.
Муҳаббати ту ба дил аз се чиз наздик аст:
Ба май зи нашъа, ба чашм аз нигаҳ, ба гул аз бў.
Се чиз дар чаман ошуфта карда зи се чиз:
Бунафша аз хату сунбул зи зулф гул аз рў.
Парӣ ду чашми туро се чиз мехонад:
Яке макору дувум соҳиру савум ҷодў.
Гўянд, ки Парӣ кареҳулбашара буд, фузалои Бухоро, ки аз ҳусни гуфтор, тарзи ашъораш толиби дидори ў шуда буданд, боре ба Бухоро хондандаш. Парӣ дар ҷавоб ин байтро навишта фиристод:
Парӣ чун равғани поки Бухорост,
Шунидан дораду дидан надорад.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Саиғуфрон Шарифӣ,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.