Ору ва Момоҳаво дар барги гул

 Дар маҳфили “Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» сохтани Ору ва Момоҳаво дар барги  гул-ро омода намуданд. Сараввал муаллима дар бораи Ору ва Момо ҳаво чунин иброз намуд:

 Асосан оруҳо чанд намуд мешаванд: масалан оруи зардак, ки нешаш заҳролуд буда, зарарашро мерасонад. Оруҳо дар фасли тирамоҳ карахт шуда мемиранд. Танҳо оруҳои ҷавон зимистонро аз сар гузаронида, аввалҳои фасли баҳор оилаи навро бунёд мекунанд. Онҳо лонаашонро дар сўрохиҳои девору дарахтон мегузоранд.

 Оруи асалро занбӯри асал меноманд ва ин гунаи оруҳо асосан дар гулҳои хушбўй менишинанду ба худ захираҳоро ҷамоварӣ карда аз вай асал омода мекунанд ва ин намуди оруҳоро дар махсус ҷойҳо парвариш мекунанд ва дар ҳаёти инсон аз ҷиҳати тиббӣ фоидаовар аст, чунки асалашро ҳам истеъмол мекунанд ва барои табобат истифода мебаранд. Умуман забӯри асал як муъҷизаи худовандист, ки дар бораи он мо дар алоҳидагӣ суҳбат хоҳем кард.

Аммо боз занбӯрҳои дигаре низ ҳастанд, ки онҳо асал намеоранд. Миёни мардум онҳо бо номи ору низ шуҳрат доранд: газанда, баъзан заҳрдор. Неши онҳо хеле тез аст ва ҷойи газида ҳатман варам мекунад. Ин занбӯрҳо аслан ҷонварони мутааллиқ ба ҳашаротанд ва аз ҷумлаи пардаболон мебошанд. Дар ҷаҳон беш аз 20 ҳазор гунаи занбӯрҳо мавҷуданд. Ин ҳашараҳо, ки аслан гарди гул мехӯранд, дар ҳама ҷойи олам, ба ҷуз Қутби Ҷануб дида мешаванд.

 Ҳаёти занбӯрҳои маъмулӣ на камтар аз зиндагии занбӯрҳои асал мароқангез ва ҷолиб аст. Чанд вижагии онҳо: Занбӯр-помпила бе ягон тарсу ҳарос ба тортанакҳо ҳамла мекунад.

 Оруҳои коғазӣ, эҳтимолан ба инсон дар бораи роҳҳои тайёр кардани коғаз аз чӯби дарахтон ишораҳо кардаанд. Онҳо худ аз нахи дарахтон лонаҳои худро месозанд. Дар ин лонаҳо метавон бо қалам хат навишт.

 Занбӯр-филантус тахаллуси «гурги занбӯрони асал» дорад. Филантусҳо дар назди қуттиҳои занбӯри асал камин мегиранд ва тобистон онҳоро мавриди ҳамлаҳои шадид қарор медиҳанд. Филантус сайди худро сахт “мефишорад”, аз вай асалашро берун мекунад ва аз даҳони занбӯр онро меҷаббад. Баъдан занбӯри фалаҷшударо заҳр мезанад ва зиндаашро ба лонаи зеризаминӣ барои кирминаҳои худ меорад ва чуноне ки паррандаҳо чӯҷаҳои худро ғизо медиҳанд,
онҳоро мехӯронад.

 “Консерваҳои зиндаи занбӯрҳо” танҳо муддати дурудароз дар лонаи гургоруҳо боқӣ мемонанд.

Оруяк, эй оруяк,

Хушболу хубрўяк.

Сафар аз саҳро дорӣ ?

Куҷо ту сафар дорӣ ?

Равам ҷониби саҳро,

Оварам шаҳди гулро,

Дар мавсими тобистон,

Хурам ғами зимистон.

 Ва аммо Момоҳаво, ки онро бо номи момоҷурғотак низ ёд мекунанд. Ҳашараест, ки дар барги гулҳо ё дар худи гул нишаста ҳусни табиатро зеботар мегардонад ва зарарашро ба кас намерасонад.

Момоҷурғотак,

Чаро ту хурдак ?

Болу паракат,

Сурхаку зардак ?

Чаро ту мудом,

Аз саҳар то шом,

Боло мепарӣ,

Куҷо мепарӣ ?

Таъди табодули афкор дар бораи ин ду навъи ҳашараҳо хонандагон дар васфашон шеърҳо низ қироат карданд. Баъдан аз коғазҳои ранга ҳар кадом бо тасаввури худ ин гунаи ҳашараҳоро сохтанд. 

Фирўза Раҳимова,

мутахассиси  шуъбаи кўдакон ва наврасон