Тасаввури кӯдаконаи гурбаҳои зебо

Чун анъана субҳи имрӯз, панҷшанбе дар Шубаи кўдакон ва наврасон  маҳфили эҷодии «Дастони моҳир» баргузор гашт. Мавзуъ тасвири гурба аз назари атфол буд ва дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат карданд.

Мураббӣ дар оғоз мавзуъ ва ҳадафи онро шарҳ дод ва барои он ки бачаҳо тасаввури бештар ҳосил кунанд, аз филмҳои ҳунарии машҳуре чун «Том ва Ҷеррӣ»,  «Хонаи гурбача» ёдовар шуд. Ин филмҳоро тақрибан ҳама дидаанд ва чун суол аз гурба ҳам пеш омад, аксаран маълумот доштанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар хона гурба доранд, гуруҳи дигар мегуфтанд, ки дар кӯча бо гурбаҳо зиёд дучор меоянд. Яъне, мавзуъ бегона нест.

Дар барномаи «Дастони моҳир » гурбачаи зебо бо истифодаи маводҳои конселярӣ  ба монанди қоғази ранга, ширеш ва маводҳои ороишӣ  сохта шуд. Ошноии комил бо гурба имкон дод, ки аксари бачаҳо тасвирҳои ҷолибе офаранд ва ё пайкараи гурбаро ба таври худ тасвир кунанд.  

Расм аз Хусрави Милод