Аҳрор Мухторов. Пешгуфтор ба китоби «Ҳисор»

 

Аҳрор Мухторов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми тоҷик аст. Таърихнигор ва муллифи бештар аз 25 асари таърихиву монография ва беш аз 150 мақолаи илмист. Яке аз арзишмандтарин таҳқиқоти ӯ дар бораи Ҳисор аст, ки натиҷаи пажӯҳишҳои чандинсолаи худро соли 1995 дар шакли китоб интишор додааст. Аммо навиштани китоб худ таърихи аҷиб дорад, ки барои хонанда донистани он аз аҳамият холӣ нест. Барои ин мо сарсухани китобро комил меорем, то рушан шавад, ки Аҳрор Мухторовро чӣ ва кӣ барои навиштани таърихи Ҳисори шодмон таҳрик дод. Инак, он сарсухан:

   Водии Ҳисор дар чорроҳаи бузург қарор дошт. Корвони тоҷирон, дастаи ҳунармандони ломакони аз як кишвар ба дигараш кучкунанда, мардикорони ҷӯёи қути лоямут аз машриқ ба мағриб ва аз ҷануб ба шимол ҳаракат карда, ҳатман аз ин водӣ ё аз кўҳистону даштҳои паҳлуи он мегузаштанд. Ин рафтуо аз қадимулайём, аз айёми мавҷудоти «Роҳи Абрешим» то кунун идома дорад.

        Ин водии зархез борҳо ба майдони набарди хунин табдил ёфтааст. Ҳар давру замон, ҳар неку бад дар таърихи водии Ҳисор нақши худро  гузоштааст. Инак муаррихон, ҳамаи он тадқиқотчиёни соҳаҳои гуногуни илми ҷамиъитшиносӣ, табиатшиносӣ аз ин мулк маълумоти кофӣ пайдо карда метавонанд.

        Очерки таърихии таълифдодаи  мо кўшиши ночизест дар ин ҷода.

         Ҳисори Шодмон дорои шаҳрҳои хурду калон буда, сарзамини доманфарохро шомил аст. Ин мулк то солҳои 70 асри XIX борҳо ҳамчун  двлати мустақил арзи вуҷуд карда, дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, асарҳои муарихон, бостоншиносон ва адабиётшиносон зикр ёфтааст. Аммо мо бори нахуст кўшидем, ки авроқи парокандаи таърихи ин мулкро дар маҷмўъ (аз рўи низоми хронологӣ) аз назари таҳқиқ гузаронем ва ба хонанда  ба сифати як китоби том пешкаш намоем. Албатта, муаллифи очерк даъвои онро надорад, ки дар ин роҳи бошараф, вале пурмашаққат, ҳамаи паҳлуи таърихи мулки Ҳисор таҷдиди назар гардидааст. Ин кор кўшиши аввалин буда, ба тадқиқотчиёни оянда имкон медиҳад, ки мавзўҳои дахлкардаи моро мукаммал гардонанд ё худ ба инҳо боз ҳам равшанӣ андозанд.

       Таърихи ба вуҷуд омадани ин асар чуни наст:

        Соли 1965 аз ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав ду сарсутуни сангини замони кўшонӣ (асрҳои II - IV) ва тангаҳои зиёди қадима пайдо шуданд. Ин бозёфтҳо моро ба таърихи Ҳисор бештар мутаваҷҷеҳ сохтанд. Илова бар он, ба ин кор Б. Ғафуров «даст» заданд. Устод фармуданд, ки ман тадқиқоти худро давом диҳам ва ҳатто гуфтаанд, ки шумо «таърихи Ўротеппаро чоп кардед. Акнун ба таърихи асримиёнагии Ҳисор ҳам машғул шавед!»

        Вале имконияти якбора ба ин кор камар бастан набуд ва мушкилоти зиёде дар пеш буданд. Садҳо ва ҳазорҳо аснод ва сарчашмахои таърихиро омўхтан лозим меомад. Иҷрои ин мақсад меҳнати тўлонӣ, бурдборона ва тадқиқоти дақиқназаронаро тақозо дошт. Таълифи таърихи мукаммали Ҳисор бошад, талаби замон ва амри виҷдон шуда монд.

        Аз ин лиҳоз бо супориши ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ соли 1969 бахшида ба Ҳисори Шодмон бо номи «Страницы истории Гиссара» китобчаи нахустин ба забони русӣ бо теъдоди 7000  нусха  рўи чопро дид. Яке аз муаллифон – тадқиқотчии нуктасанҷи сиккашинос (тангашингос), доктори илми таърих Е. А. Давидович ва муаллифи ин сатрҳо дар ин китобчаи ҳаҷман хурд таърихи Ҳисорро аз замонҳои қадим то асри XX ҷой доданд. Бо вуҷуди он ин китоб аз тарафи олимон ва хонандагони сершумор хайрхоҳона пазируфта, тақризҳои мусбӣ дар саҳифаҳои матбуот чоп шуд.

        Ба умеди иҷрои  маслиҳати Б. Ғафуров ва барои аз нав ба чоп ҳозир намудани китоби мазкур мо аз сарчашмаҳои таърихии истифода кардамон роҷеъ ба таърихи Ҳисор низ қайдҳо мекардем. Гирд овардани ҳуҷҷату маълумотҳо натанҳо дар китобхона ва бойгониҳои собиқ Иттиҳоди Шўъравӣ, балки дар хориҷа – Афғонистону Ҳиндустон низ идома меёфт. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои мусаннифи ин китоб «Мероси Ҳисориён дар дар хориҷа » ном дошт.

         Ҳамин тавр, солҳо сипарӣ шуданд, вале мақсади навиштани таърихи Ҳисор аз маддӣ назар дур нашуд. Барои иҷрои ин мақсад бидуни хоҳиши Б. Ғафуров боз воқеаи хуше боис гардид.

         Китобу мақолаҳои рочеъ ба Ҳисор чоп кардаи мо фарзандони пешқадаму равшанфикри ин диёрро водор намуд, ки ба ман бо таклиф мурочиат намоянд.

        Инак охири соли 1993 рафиқони ҳисорӣ, аниқтараш фарзандони барўманди Ҳисори зарнисор Ҷамолиддин Мансуров, Абдувоҳид Каримов, Султон Одинаев, дӯсти дерини ман, шахси хоксор, шоир, мутарҷим ва донандаи соҳаи матбуот Собир Зикирзодаро наздам фиристода хоҳиши навиштани таърихи Ҳисорро карданд.

        Якбора ҷавоби мусбӣ додан душвор буд. Ман ба ҳамкори худ Е. А Давидович, ки сокини Москва мебошад, мактуб ирсол намудам ва хоҳиши ҳисориёнро ба ў расондам. Он кас барои чопи тозаи китоби соли 1969 розӣ шуданд. Доир ба мўҳлати иҷрои ин кор ба мактуби дигари худ ҷавоб нагирифтам.

       Баъди мушоҳидаи зиёд ва аз даст нарафтани вақт, мо ҳамроҳи С. Зикирзода ба хулоса омадем, ки таърихи Ҳисорро аз охири асри XV то ибтидои асри XX  ман ба ўҳда гирифта, тайёр намоям, то тамом шудани кор Е. А. Давидович шояд қисми авали онро фиристад. Агар ин қисмро нагирем, барои тезонидани чопи китоб таърихи Ҳисорро аз замонҳои қадим то асри XVI, ки соли 1969 чоп шуда буд, ба он ҳамроҳ мекунем. Албатта чопи очерки мазкур бо ҳамин ба охир намерасад ва дар нашри ояндаи он қисми авали китоб пурра карда мешавад.

        Мувофиқи маслиҳат ва нақшаи кашидаамон С. Зикирзода «Страницы истории Гиссара»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима карданд. Онро ба очерки мазкур, дар ҷойҳои мувофиқ (аз нуктаи назари хронологӣ ва мавзўъ) ҷо-ҷо ҳамроҳ намудем.

        Очерки таърихи Ҳисор аз қисмҳои зерин иборат аст: Ҳисор то асри XVI  (такрори чопи соли 1969), Ҳисор дар охири асри XV – ибтидои XX (то соли 1921). Дар ин қисм таърихи сиёсии ин мулк аз замони ҳукмронии намояндагони охирин сулолаи Темуриён то охирин сулолаи хонадони манғития тадқиқ шудааст. Ба мо муяссар гардид, ки асосан номи ҳамаи ҳокимон (ё бекони) дар ин муддаи тўлонӣ ҳукмронда ва солҳои ҳукмронии онҳо, тақрибан лашкаркашии ҳар кадомро ба мулкҳои дигар, алоқамандии таърихи Ҳисорро бо давлату вилоятҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ўротеппа ва ғайра муайян намоем. Албатта, бо ин тадқиқи таърихи сиёсии Ҳисор дар асрҳои мазкур ба охир намерасад. Маълумоти зикрёфта ҳарчанд дорои камбудиҳост, вале барои вусъати корҳои тадқиқотии оянда асос шуда метавонад.

         Қисми савуми очерк муносибатҳои иқтисодӣ (обу замин, тартиби андозҷамъкунӣ ва ҳоказо), маданӣ, адабӣ ва ғайраро дар бар кардааст. Аз ҳамин қисми асар оиди санъати меъморӣ, мардумони маъруфи водии Ҳисор, шоиру хаттотон ва  ғайра маълумот гирифтан мумкин аст.

        Азбаски дар китобҳои А. Ҳабибов «Мероси адабии шоирони Ҳисор» (Душанбе, 1974) ва «Доираи адабии Бухорои Шарқӣ» (Душанбе, 1984), шоирони ҳисории нимаи дуввуми асри XVIII ва ибтидои асри XX тадқиқ шудаанд, мо номи онҳоро ба ин китоб зикр накардем. Шоироне ба очерки мазкур дохил шудаанд, ки дар бораи онҳо ман аз сарчашмаҳои хориҷӣ маълумотҳо пайдо намудаам ва ин маълумот дар китобҳои номбурда дохил нашудааст ва агар дохил шуда бошад ҳам онро пурра мегардонад.

         Мо боварии комил дорем, ки олимон, адабиётшиносон, шоиру нависандагон, муалимон ва ҳамаи мухлисон ва дўстдоронӣ мулки Ҳисор барои боз ҳам ҳартарафа ва васеътар омўхтани таърихи мазкур бо маслиҳат, бо сарчашмаҳои тозаи таърихӣ ва адабии дар даст доштаашон, ёрии амалӣ мерасонад. Мо ҳатман онҳоро ба инобат мегирем. Бинобар он пешакӣ ба хайрхоҳону ҳаводорони китоби мазкур ибрози эҳтиром ва сипос мекунем.

МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР БОРАИ АҲРОР МУХТОРОВ

      Беш аз 25 асар ва 150 мақолаи академик Аҳрор Мухторов

     Аҳрор Мухторов. Донишномаи озод

    Шахсияти академик Аҳрор Мухторов ҳамчун муаррих


     МУХТОРОВ Аҳрор

    Ёде аз Аҳрор Мухторов