Таърихи адабиёти ҷаҳон. Сервантес (1547 – 1616)
Мигел де Сервантес аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти ҷаҳонӣ ва муваффақияти адабиёти замон Эҳёи Испания дар соҳаи насри бадеӣ ва драматургия ба ҳисоб меравад. Мигел де Сервантес моҳи сентябри соли 1547 дар шаҳри Алкалъа де Энареси наздикии Мадрид дар оилаи ашрофи камбағалгардида ва табиб Родриго де Сервантес ба дунё омадааст.
Маълумот дар бораи саводи ибтидоӣ ва таҳсили ў якранг нестанд. Дар ҷое таъкид шуда, ки ў зоҳираи таҳсили мукаммал ва мунтазаме накардааст ва ҷои дигар таҳсили донишгоҳро зикр намудаанд. Вале мусаллам аст, ки истеъдоди нависандагии ў ҳанўз дар мактаб зоҳир гардид ва соли 1569 нахустин бор дар матбуот якчанд шеърҳояш чоп шуд.
Бино ба ахбори сарчашмаҳо оиди Сервантес рўзгори мураккаб дошт ва пайваста аз шаҳре ба шаҳре кўчида бо мўҳтоҷӣ ҳаёт ба сар мебурд. Бинобар ин Сервантес, ки пайваста перомуни чӣ тарз ва бо кадом маош зистан андеша менамуд, дар бистудусолагӣ хизмати аскариро ихтиёр намуд ва сарбози яке аз полкҳои испании дар Италия қарордошта гардид.Ин замон дар шоҳии Неопол, ки тобеи шоҳи Испания буд, қувваҳои ҳарбӣ ҷамъ гардида, дар ҳолати ҷангӣ бо империяи Туркия буданд. Чунки Туркия дар ҳавзаи баҳри Миёназамин ба марказҳои ҳастӣ ва роҳҳои тиҷоратии Аврупо, хусусан Испания, таҳдид мекард.
Сервантес аз ҷанги қувваҳои ҳарбии баҳрии Туркия дар халиҷи Лепанто бо якчанд заҳм баргашт ва ба қавли худаш дасти чапаш « аз барои шаъну шўҳрати дасти рост» ҳамешагӣ аз кор баромад. Муддати панҷ соли дар хизмати ҳарбӣ дар Италия будаи ў бо маданияти итолиёии Интибоҳ ошно гардида ёдгориҳои бузурги санъати Италя, осори адибону эҷодкории он аз Данте то Аристо ва Тассоро омўхт, ки доираи биниши бадеӣ ва ғоявии ўро васеъ гардонид.
Тирамоҳи соли 1575 Сервантес хизмати ҳарбиро тарк намуда, ба тақдирномаи сарфармондеҳи лашкари испании дар Италия буда ва ноиб-шоҳи Неапол озими ватанаш гардид, аммо киштии сафари ў «Офтоб» дар соҳилҳои Фаронса ба ҳуҷуми роҳзанҳо дучор гардид ва бо вуҷуди задухўрди шадид Сервантес ва ҳамроҳони ў асир афтода, худи ў ба Алҷазоир фиристода шуд ва миёни ғуломони ҳокими маҳал Ҳасан–пошо қарор гирифт. Тақдирномаи зотҳои олӣ, ки аз ҷайби Сервантес пайдо шуд, Ҳасан–пошоро ба андеша овард, ки шояд ба ивази Сервантес соҳиби маблағи калоне гардад. Аз ҳамин сабаб низоми нигаҳдорӣ нисбат ба Сервантес сабуктар буд ва бо истифода аз ин нависанда нақшаи шўриши бандиҳоро мекашид ва ба Испания номаҳои махфӣ ирсол мекард. Вале бо вуҷуди ин ҳама мўҳлати асорат панҷ сол тўл кашид. Соли 1577 падару модари Сервантес бо азобҳои зиёд барои озод намудани писари асирафтода кўшиш намуданд. Оқибат 19–сентябри соли 1580 Сервантес ба озодӣ баромад ва 24–октябр Алҷазоирро тарк намуда, ба хоки ватанаш по ниҳод.
Дар ватанаш талоши зиндагӣ ўро водор намуд, ки боз муддате хизмати ҳарбиро адо намояд.
Солҳои 1580–1581 Сервантес дар истилои Португалия иштирок намуд ва боре чанд чун қосид ба Африкаи Шимолӣ низ сафар намуд. Имконият барои эҷоди асар баъди дар Мадрид муқимӣ гардидани ў соли 1583 фаро расид ва ў дар услуби маъмули он замон қиссаи «чўпонӣ» романи “Галатея”-ро таълиф намуд. Қаҳрамонони ин асар “чӯпонҳо” ва «чўпондухтарон»–и хаёлии аз зиндагии воқеӣ дур буданд.
Ҳарчанд давраи аввали фаъолияти эҷодии Сервантес ба таълифи чунин асарҳо оғоз ёфт, вале ў солҳои охири умраш ба жанри романҳои «чўпонӣ» танқидкорона баҳо дода, изҳор доштааст, ки барои дилхушии одамони бекоргард навишта мешавад.
Соли 1584 бо духтари камбизоати музофотӣ доня Кателина де Саласари–Палисиос издивоҷ намуд. Асари нахустини навмашқонаи драмавии ў «Ахлоқи алҷазоирӣ», ки як навъ бозгў ва инъикоси асорати ў мебошад, дар ҳамин давра таълиф гардидааст. Баъди як соли таълифи ин асар Сервантес боз мақоми зисташро тағйир дод ва дар пойтахти Андалусия шаҳри Севиля сукунат ихтиёр намуд ва соли 1587 соҳиби вазифаи хурди давлатӣ – вакили харид ва мусодираи озуқа барои урдуи ҳарбии баҳрие, ки бояд ба муқобили Англия ҳуҷум мекард, таъйин мешавад. Бо тақозои вазифа Сервантес ба гўшаву канори Андалусия сафар карда, бо одамони табақаҳои гуногуни ҷамъият муомилоту мубоҳисот намуда, таҷрибаи зиёде андўхт, ки минбаъд барои таклифи романии «Дон Кихот» ба кор омад. Соли 1590 аз ин вазифа даст кашид ва дар амали дигарчидани бақияи андозҳо дар музофоти Гренада ба кор шурўъ намуд. Ин амал ба нависанда имкон дод, ки ба аҳволи пурфоҷиаи халқаш хубтар ошно гардад. Сервантес дар ин амал муносибати пулиро ба воситаи як банкири Севиля анҷом медод ва ҳамин муомилот ба сари ў бадбахтии наве бор кард. Ин банкир худро варшикаста эълон намуд ва маблағи давлатие, ки Сервантес ба ў дода буд, барбод рафт. Ба ҷурми ин гуноҳ ўро ду бор – солҳои 1597 ва 1602 ба зиндон андохтанд. Баъди раҳоӣ аз зиндон ба Валятолида кўчида, хизмати давлатиро ба тамом тарк намуд ва бо ҳамин давраи дуюми севилии ҳаёти ў анҷом пазируфт.
Бо вуҷуди ин ҳама ноҷўриҳои рўзгор ин даври умри адиб танҳо аз нокомиҳо иборат набуда, эҷоди чандин песаҳо аз қабили фоҷиаи машҳури «Нумансия», новеллаҳои «Риконте ва кортадило» ва «Эстрамадурии бадрашк» ба ҳамин солҳо рост меояд. Ҳамчунин муҳақиқҳон изҳор намуданд, ки фикри навиштани романи «Дон Кихот» низ ҳамин айём пайдо шудааст.
Фоҷиаи «Нумансия» дар заминаи воқеоти ҷанги истилогарони румӣ бо иберҳо – қабилаҳои сокини Испанияи қадима таълиф гардида аз далерию қаҳрамонии халқи Испания ҳикоят мекунад. Ин фоҷианомаи ватандўстона соли 1937 дар рўзҳои муборизаи қаҳрамононаи халқи Испания алайҳи фашизми байналхалқӣ дар саҳнаи театри испанӣ аз нав зинда гардид.
Дар бораи давраҳои охири ҳаёти Сервантес маълумот хеле кам аст ва танҳо аз муқими шаҳри Мадрид, ки аз нав пойтахти Испания эълон шуда буд, гардидани ў ишора меравад. Ба Мадрид пеш аз нашри ҷилди аввали романи «Дон Кихот» кўч баста, то таълифи ҷилди дуюм асарҳои дигари ў «Ҳикояҳои пандомўз» (1613), достони манзуми сатиравии «Саёҳати Парнас» (1614) ва маҷмуаи «Ҳашт комедия ва ҳашт интермедия» ба табъ расидаанд. Ҷилди дуюми «Дон Кихот» охири соли 1615 аз чоп баромад ва тавъам бо он нависанда нияти деринаи худро амалӣ намуд ва романи «қаҳрамонӣ» – «Сайҳати Персилес ва Сихизмунда» –ро навишт, ки асари охирини ў буд.
Сервантес солҳои охири умр гирифтори касалии дил буд ва 23 апрели соли 1616 вафот кард. Ўро ҳисоби пули хайрия дар гўристон ғарибон дафн намуданд. Баъди марги ў ҳамсараш дастхатти асри охири ў «Сайёҳати Персилес ва Сихизмунда» –ро ба яке аз нашриётҳои Мадрид фурўхт ва он дар соли 1617 аз чоп баромад. Дар ин асар нависанда зимни тасвири ишқу дўстии қаҳрамонона ба мавзўи асосӣ ва ҳамешагии эҷодиёташ – мавзўи инсонияти ҳақиқӣ бармегардад.
Бо ин ҳама шебу фарози кори эҷодӣ асаре, ки ба Сервантес ва адабиёти Испания шўҳрат овард, ҳамоно романи «Дон Кихот» аст. Мунақиди бузурги рус В. Г. Белинский дар бораи ин асар навишта буд. «Офаридаи бузурги Сервантес ба шўҳрати бузурги худ комилан сазовор аст. Бо «Дон Кихот» давраи нави санъат – санъати навтарини мо оғоз ёфт. Вай ба равияи идеалии роман зарбаи қатъӣ дода, онро ба ҳақиқати ҳасти руҷўъ кунонд. Ин корро Сервантес на фақат бо оҳанги сатиравии асараш, балки бо фазилати олии бадеии он ҳам анҷом дод».
Романи «Дон Кихот» ғайри чашмдошти муаллифу ноширон шўҳрат пайдо намуд. Вақте, ки дар Мадрид ин асар аз чоп баромад, ношир ба шўҳрат ёфтани асар бовар надошт, аз ҳамин сабаб асар асосан ба дўконҳои китобфурўши музофотҳо роҳӣ карда шуд. Зеро дар Испанияи замони Сервантес миёни шаҳру деҳот тафриқаи ҷиддӣ мегузоштанд ва гўё хонандагони пойтахт танҳо ба осори нависандагони маъруфу машҳур одат кардаанд. Аммо ин роман ба зудӣ шўҳрат пайдо кард ва танҳо дар давоми соли 1605 панҷ нашр ва баъд боз чаҳор нашри он ба фурўш рафт. Ҳамин муваффиқияти романи Сервантес водор сохтааст, ки соли 1614 давоми онро нависад, бинобар ин қисми дуюм назар ба қисми аввал ва мазмунноктар баромадааст.
Сервантес дар тамоми равиши роман муқобили таълифи романҳои баҳодурӣ мебарояд, зеро ин намуди асарҳо сохти феодалӣ ва ҳукмронии аристократияро ҳимоят ва ҷонибдорӣ менамуд. Сервантес чун василаи муборизаи зидди романи баҳодурӣ пародия – нақизаи масхараомезро интихоб намуд. Ў ба ин амалаш ба «равияи идеалии» романнависии замонаш зарба зад ва беасосиву бебунёдии адбиёти баҳодурии феодалию аристократикиро исбот намуд.
Ба қавли Белинский «оҳанги сатирави» –и асари Сервантес адабиётро «ба ҳастӣ» рўй оваронд ва асаре ба вуҷуд овард, ки дар вай реализми фавқулода ба танқиди сатиравии ҷаҳони кўҳнашудаи аристоркратияи феодалӣ хизмат мекард.
Дар маркази романи «Дон Кихот» ду қаҳрамони асосӣ идалғои ламанчӣ Алонсо Киана ва Санҷо Пансаи деҳқон қарор гирифтаанд. Дар равиши воқеа аввалӣ ба баҳодури девонафеъл Дон Кихот, дуюмӣ ба хизматгори яроқбардори ў ва сониян ба ҳокими хаёлии ҷазираи Баротарияи бофта табдил меёбанд. Ин нақшҳоро аз ҷумлаи дурахшонтарин ва барҷастатарин нақшҳои адабиёти ҷаҳонӣ донистаанд.
Бесабаб нест, ки дар давоми бештар аз се аср романи Сервантесро на танҳо дар Испания, балки дар саросари ҷаҳон ҳамчун дилангезтарин китобҳои ҷаҳонӣ мехонанд ва қадр мекунанд.
Ин асар бешубҳа бузургтарин ҳиссагузории халқи Испания ба ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ мебошад.
Хонандаи тоҷик бо иловаи ошноии дерина ба Сервантес ва асари ў ду нашри тарҷумаи тоҷикии онро дар даст дорад, ки аз ҷониби нависанда ва тарҷумони бомаҳорат Сотим Улуғзода анҷом ёфтааст. Нашри дуюми он соли 1989 аз тарафи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва бо иловаи сарсухану шарҳу тавзеҳ аз нашри якум фарқ дорад.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.