Романи таърихии Давлатшоҳи Тоҳирӣ «Сапитамон – Рухшона – Искандар» муборизаи қаҳрамонони тоҷик: Сапитамон, Рухшона, Датафарн, Фаридун, Апома ва дигаронро якҷоя бо халқи меҳнатӣ алайҳи адўи румӣ дарбар мегирад ва дар хусуси ҷангҷўёни яғмогари румию юнонӣ бо сарварии Искандари Мақдунӣ, ки ба марзи халқҳои машриқзамин бадаҳдона доҳил шуда, ҷону мол ва фарҳангу улуми ниёгонро ба тороҷ бурдаанд, нақлхои дилписанд мекунад.
Бовар ҳаст, ки нахустин қадами Давлатшоҳи Тоҳирӣ дар жанри румони таърихӣ писанди хонандагони адофаҳм мегардад. Чунон, ки Муҳаммади Иқбол фармудааст;
Хештанро во намудан зиндагист,
худро озмудан зиндагист.
«Рўоварда ба таърихи пуршараф ва пурифтихори Ниёгон, хоҳ наздик, хоҳ дур, таҳқиқ ва баррасии он, хоҳ илмӣ, хоҳ адабӣ умдатарин василаи худогоҳӣ, бедорӣ ва бемаргии миллӣ мебошад, ки ақлҳоро густурда ва қалбҳоро мунаввар, ҳофизаҳоро пойдор ва виҷдонҳоро ҳушёр месозад, ки аз рагу решаҳои хунӣ, нажодӣ, қавмӣ, ойинӣ ва фарҳангии хеш муталлеъ ва бархурдор бошем, шабеҳи наслҳои солҳои сиюму чиҳилум тешаҳо бар решаҳо назанем ва ба як халқи бебунёду беаслу бегавҳару бемояву беёд мубаддал нашавем ва корномаҳои саршор ва диловариву фидокории бобоёну падаронро азизу азим дорем.
Бе азиздорӣ, бе азимдории дирўзҳо ва дирўзиён имрўзҳо ва имрўзиён хору зор, забуну залил ва бенуру баравнақ буванд. Халқи маҳрум аз ҳофизаи таърихӣ оянда надорад, маҳкум ба маргу нобудист ва ба хатм тўъмаи ақвоми аҷнабӣ хоҳад шуд. Гузашта ояндаву равандаро месозад поянда медорад, бе зиндадошту пояндадошти гузашта зиндадориву пояндадории оянда номумкин аст.
Китоби Давлатшоҳи Тоҳирӣ «Сапитамон – Рухшона – Искандар»-ро шумо метавонед аз «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас намоед. Китоб соли 2012 бо сарсухани донишманди тоҷик Ардамеҳр, ки дар оғоз иқтибосе аз он овардем, нашр шудааст.
Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон