Агар инсон аз хурдсолӣ афсона шунавад, афсона хонад, афсона донад, зиндагии ӯ дар оянда низ зебову гуворо хоҳад шуд. Чунки афсона ба инсон дарси ҷавонмардиву қаҳрамонӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, далериву шуҷоатманд, меҳрубониву вафодорӣ ва садоатмандӣ омӯхта, барои амалӣ намудани орзуҳои ширину рангинаш ҳидоят менамояд. Афсона аз замонҳои қадим то имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз кишвар ба кишвар гузашта, суфтаву равон мегарданд ва боз ҳам такмил меёбад. Беҳуда нест, ки бузургону адибони ҳамаи ҳалқҳо ба ин сарвати бебаҳои халқӣ аҳамияти махсус дода, онҳоро ҷамъоварӣ ва ба наср бозгӯйӣ кардаанд.
Осори шифоҳӣ як бахши муҳими адабиёти ҳар миллат маҳсуб меёбад.Тоҷикон низ чун миллати қадим дорои сосри шифоҳии ғанӣ мебошанд. Афсона як қисмати он буда, дар он орзуву омоли мардум дар ҳар давру замон инъикос ёфтааст. Гирдоварӣ ва нашри афсона имкон медиҳад, ки ин дурдонаи осори шифоҳӣ умри ҷовидон дошта бошад. Зеро бо мурури вақту замон баъзеи онҳо аз хотирҳо фаромӯш мешаванд.
Силсилаи китобҳои “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро, ки ҳоло мехоҳем дар сомона ҷо диҳем, солҳои гуногун дар интишороти мухталифи кишвар, (ҷилди аввал дар Хуҷанд ва ҷилдҳои боқимонда дар Душанбе, дар нашриёти “Маориф” рӯйи чоп омадаанд. Ва чун ин китобҳо афсонаҳои мухталифро дар бар мегиранд, мутолиаи ҳар кадоми онҳо барои хонанда муфид аст. Гузашта аз ин афсоҳа аз миёни мардум аз ҷониби ниҳодҳои зиёд дар солҳои гуногун гирдоварӣ шудаву дар аксари онҳо шеваи гӯиш ҳифз шудааст.
Боргирӣ: