Зодрӯзи Моҳпайкар Ёрова. Табрики ҳунарманди маъруфро фаромӯш накунед

Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М.С. Шерлинро хатм кардааст. Актрисаи театру кино. Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи намоишҳои  давоми беш ва аз ду даҳсола дар Театри номрафта рўи саҳна гузошта  нақши худро калон бозида, бо оромӣ ва каломи кушодарўӣ фасли тоза дар офариниши образҳо кушод.

Ҳамзамон дар филмҳои бадеии тоҷикии «Убури сангин»; «Марги бегуноҳ»; «Соҳил»; «Баъд аз ғуруб»; «Меҳроб»; «Оинаи беҷило»; «Журналист»; «Баҳори як кўча»; «Ормонҳо»» Арўси замонавӣ»; ду филми истеҳсоли синамогарони Русия- «Хазинаи тилло»; «Интиқоми  туркӣ» ва ғайра нақш офаридааст.

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Бозчоп аз “Арбобони фарҳанги тоҷик: Донишнома”. – Душанбе,  2017. – С. 221.

Муаллиф-мураттиб: Сучонӣ Ё.

Аз Моҳпайкар Ёрова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Қоир, Ҳ. Коргардон намерасад: Роҷеъ ба фаъолияти ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони ба номи  М. Воҳидов Моҳпайкар Ёрова // Ҷумҳурият. – 2014. – 13 май.

Модар баландтарин арзишро дорост: Мусоҳибаи З. Нур бо ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони ба номи  М. Воҳидов Моҳпайкар Ёрова // Фараж. – 2017. – 2 август.

Шеърдўст, В. Ҳукми тақдир: Оиди ҳаёт ва фаъолияти ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони ба номи  М. Воҳидов Моҳпайкар Ёрова // Фирўза. – 2018. – №8. – С. 14-15.

Восиева, Ф. Чеҳраи мондагор: Оиди ҳаёт ва фаъолияти устоди саҳнаи ҳунар, аълочии фарҳанг Моҳпайкар Ёрова // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. – октябр. – С. 16-17.

Ман хело хушҳол мешудам агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд: Сўҳбати рўзноманигор М. Сафарзода бо ҳунарпешаи маҳбуби театр Моҳпайкар Ёрова // Самак. – 2018. – 14 ноябр.

Атоев, Ш. Дурахши ҳунари Моҳпайкар: Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ҳунарпешаи Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов Моҳпайкар Ёрова // Баҳори Аҷам. – 2019. – 26 апрел.

Моҳпайкаре дар дунёи ҳунар: Сўҳбати Дилбар Мирова бо ҳунарпешаи шинохтаи саҳнаи кинову театри тоҷик Моҳпайкар Ёрова // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 30 май.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.