«Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ташкили китобхонаҳои электронӣ»
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони Маркази такмили ихтисос семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ташкили китобхонаҳои электронӣ»доир гардид.
Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ҳусни оғоз бахшид ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дар семинар зиёда аз 40 нафар аз ҷумлаи кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот», директори Муассисаи давлатӣ таъминот ва савдои китоб, сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», директори муассисаи давлати Хонаи китоби Тоҷик, сармуҳарири Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», директорони китобхонаҳои вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии вилояти Суғд ва Ш.Шоҳини вилояти Хатлон, директорони китобхонҳои марказонидашудаи шаҳрҳои Данғараю Кўлоб, Ваҳдату Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Рўдакию Шаҳринав, Китобхонаи ҷумҳурияви бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, директорони китобхонаҳои илмии донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт ва кормандони Китобхонаи миллӣ буданд.
Аз азал инсон барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии худ кўшиш ба ихтироъ ва эҷод дошт. Бо гузашти вақт ва пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои байни миллатҳо асар (маҳсули эҷод, китоб) на танҳо бо қимати маънавӣ боқӣ монд, балки қимати молӣ низ пайдо кард. Доираи истифода ва адади нашри китоб зиёд мегардид. Китоб ба муаллифаш на танҳо обрў меовард, балки ҳамчун мояи даромад низ хизмат мекард. Маҳз бо ҳамин сабаб барои ба танзим даровардани муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳо дар Аврупо дар асри XVII аввалин қонунҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистони имрўза, гарчанде то даврони Шўроҳо қонуни махсус барои танзими муносибатҳое, ки аз ҳуқуқи муаллиф бармеоянд вуҷуд надошта бошад ҳам, дар байни аҳли қалам одоби истифодаи амволи шахси дигар, муносибати оқилонаву одилона ба эҷод, ки ҳамчун нодиртарин офаридаи ақли инсон маҳсуб мегардид, маъмул буд.
Дар асарҳои адабиётшиносии гузаштагони мо бе иҷозат истифода кардани асари шахси дигар зикр ва маҳкум шудааст. Масалан, Шамсиддин Муҳаммад бинни Қайси Розӣ – донишманди маъруф ва дақиқназари қарни XIII - и форсу тоҷик дар китоби бисёр муҳиму пурарзиши «Ал – муъҷам фи маъойири –ил ашъор – ил Аҷам» (таълифаш байни солҳои 1217 – 1233) навиштааст: «Пайравӣ ба накўгўён некў ояд, на ба бадгўён». Инчунин шоир бояд, ки шеъри шоиронро ғорат накунад (яъне надуздад) ва маонии эшонро ба тағйири вазну ихтилофи алфоз дар шеъри худ ба кор набарад, ки мулки мардум ба тасарруфи фосид (нораво) тамаллук (аз худ кардан) напазирад ва сухани дигарон ба хештан бастан далолат бар фазл накунад».
Мутафаккири дигари қарни XI Алии Ҳуҷвирӣ дар асари худ «Кашф – ул – маҳҷуб» ба масъалаи ғайриқонунӣ истифода кардани асар таваҷҷуҳ намуда, дар муқаддимаи он сабаби дар аввали китоб овардани номашро бо ду далели муътамад шарҳ медиҳад. Аз шарҳи муаллиф ба хубӣ равшан мегардад, ки ин ду китоби ў - яке «Девони ашъор» ва дигаре китоб дар бораи тасаввуф бо номи «Минҳоҷ – уд – дин» -ро ду нафар аз ў хостаанд. Яке девони ашъорашро ба хати дигар баргардонида бо номи худ ба мардум пешкаш мекунад. Дигаре асари ў «Минҳоҷ- уд- дин»-ро аз худ намуда, номи муаллифро аз байн бурда, китобро бо номи худ пешниҳод мекунад.
Вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида муаллиф ба аҳли эҷод тавсия медиҳад, ки барои пешгирии чунин амалҳои ношоиста сабти ному насабро дар асари таълифгардида заруру савоб донанд, ки ин пешниҳоди муаллиф то ҳол зарурияти худро гум накардааст.
Мисолҳои дар боло овардашуда собит месозанд, ки масъалаи ҳифзи асар, шаъну шараф ва номи муаллиф аз давроне, ки инсон фикри худро дар объекте ҷой додаасту он шакли китобро касб намуда, барои қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ истифода мешавад, вуҷуд доштааст.
Пешрафти ҷамъият, тараққиёти илму техника, пайдо шудани мошинҳои чопӣ ва истифодаи васеи моликияти зеҳнӣ дар шаклҳои гуногун масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифро ба пояи нав гузошт.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аз тамоми соҳаҳо, аз ҷумла аз соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф тақозо менамояд, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои муаллифон дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ, қонун ва меъёрҳои ҳуқуқие таҳия карда шаванд, ки ҷавобгўи талаботи қонун бошанд. Маҳз бо ҳамин мақсад 13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва солҳои 1999 ва 2002 се Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф қабул шуданд.
Бо мақсади собит намудани роҳи пешгирифтаи худ, мусоидат барои ҳамроҳ шудани кишвар ба шартномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишномаҳоро имзо намуд, ки муҳимтарини онҳо Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф (с. 1992), Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (с.2000), Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (байни 11 кишвари ИДМ с.1993), Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ (с.1998) ва ғайра мебошанд.
Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифон фароҳам оварда шуда бошад ҳам, ноогоҳии муаллифон аз ҳуқуқҳои худ, сатҳи пасти дониши ҳуқуқии баъзе истифодабарандагон пеши роҳи дар амал татбиқ намудани муқарраротеро, ки аз талаботи қонуну қарорҳо бармеоянд, мегирад.
Маҳз бо ҳамин хотир лозим донистем, ки оид ба масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ин Семинари ҷумҳуриявиро омода намоем, то ки ба шахсони эҷодкор манфиат оварад.
Маҳмадшариф Каримов,
Сардори Маркази такмили ихтисоси
Китобхонаи миллии Тоҷикистон