Намоиши китоб: "Об барои рушди устувор"
Нашр шуд 2016-12-27 18:19
Дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба обрӯи байналмилалии кишвар ишора кард ва фармуд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.
Субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям”.
Ин пайғоми хуш муҷиби сарбаландии мардуми кишвар шуд ва дар Китобхонаи миллӣ низ бо хушнудӣ аз он истиқбол карданд.
Дар толори хониши умумӣ имрӯз, 27-уми декабр намоиши китоб бо номи “Об барои рушди устувор” ташкил шуд, ки дар он хонандагон метавонанд китобҳо доир ба ин мавзуъро пайдо ва мутолиа намоянд.