“Сомониён дар оинаи таърих”
Нашр шуд 2019-11-21 13:33
Чунин ном дорад, ки китобе, ки ахиран дар ҳаҷми 567саҳифа зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Ин ҷилди дуввуми китоби мазкур буда, матнҳои арабинаслро бо такмилу иловаҳо дар бар гирифтааст. Фароҳамоварандагони матн, муаллифони таълиқот, ҳавошӣ ва луғатнома донишмандони шинохтаи тоҷик Носирҷон Салимӣ, Низомуддин Зоҳидӣ, Нуруллохон Ғиёсов, Абдуҷамол Ҳасанзода мебошнд.
Мураттибон дар оғоз навиштаанд, ки китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих», ки бори аввал соли 1998 дар Хуҷанд ба табъ расида буд,маводи таърихномаҳои асрҳои миёнаро фаро мегирад, ки роҷеъ ба таърих ва корнамаҳои ин сулолаи фаррухнажод ахбор ва қиссаву ривоёт ба ёдгор гузоштаанд.
Бо гузашти беш аз бист сол китоби мазкур, ки бо теъдоди ночиз ва дар нашриёти музофотӣ чоп шуда буд, ба шумули китобҳои камчину камёфт даромад. Ҳангоми чопи дувум ҳатталимкон нуқсонҳои нашри аввал тасҳеҳ ва матолибе бар он илова гардид. Умедворем мавриди истифодаи муҳаққиқон ва мақбули хотири ҳаводорони таъриху адабиёт ва фарҳанги ниёгон хоҳад буд.
Ҷилди дувуми китоби «Сомониён дар оинаи таъхрих» аз мутуне фароҳам омада, ки дар ҳудуди асрҳои IХ-ХVI таълиф шуда, аслашон ба забони арабист. Дар ҷилди аввал, ки шомили мутуни форсӣ аст, кайфияти ҳарфгардонии матнҳо ва дастурҳои таҳияи таълимоту ҳавошӣ шарҳ ёфта буд. Дар оғози ҷилди дуввум низ лозим дониста шуд,ки роҷеъ ба мухтасар афзуда шавад. Пўшида нест, ки дар тафаккури илмиву адабии асарҳои миёна осори дигари хаттӣ, ки бо ин ду забон таълиф шудаанд, мутааллиқ ба фарҳангҳои худвижаи ҷудогона ба шумор намеомаданд. Дар рўзгори қуруни вусто ба тадриҷ фазои муштараки зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавии арабиву форсӣ парвариш ёфт ва осори мутааддиде, ки дар ин давраҳо дар олами ислом зуҳур намуданд, зодаву парвардаи ин фазои муштарак маҳсуб мешаванд
Ҳоло хонандагон имкон доранд китоби “Сомониён дар оинаи таърих”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Меҳрангез Муҳаббатова