Антон Чехов Ванка (ҳикоя)

 Ванка Жукови нуҳсола, писарбаччае, ки се моҳи пеш ба шогирдии мӯзадуз Аляхин дода буданд, дар шаби ҷашни милоди Масеҳ нахобид. Сабр кард, то соҳибдуккон бо ҳамсарашу шогирдон ба калисо,ба ибодати субҳи рӯзи ид рафтанд, ва он гоҳ аз ҷевони арбоб шишачаи ранг ва як қалами нӯгзангзадае берун оварду варақҳои фарсударо назди худ густард ва шуруъ кард ба навиштан. Пеш аз он ки ҳарфе нависад, ӯ чанд бор ҳаросон сӯи дару тиреза нигарист; ба тасвири тираи Масеҳ, ки дар рафчаҳои ду тарафи он қолибҳои кафш анбошта шуда буд, нимнигоҳе афганд ва канда-канда нафас кашид. Коғаз бар рӯйи харакча ва ӯ худ дар бари харак зону зада буд.

«Бобоҷони азизам, Констонтин Макарич! – навишт ӯ. – Инак бароят нома менависам. Милоди Масеҳ шуморо муборак бод ва аз Худованд таманно мекунам, ки бароят ҳама чиз бидиҳад. Ман дигар на падар дорам, на модар, танҳо ту мондаӣ барои ман».

Ванка нигоҳе ба тирезаи торик андохт, ки шуълаи шамъаш дар он ҷило медод ва бобояш Макаричро, ки нигаҳбони шабонаи манзили Живаревҳо буд, гарму гуворо пеши назар овард. Бобояш пиракии бо ҷуссаи хурду лоғар, аммо фавқулода чолоку пуртаҳарруке буд – шаступанҷсола, бо чеҳраи доимо хандону чашмони махмур. Рӯзона ӯ дар ошпазхонаи хидматгорон мехобид ё бо занони матбах шӯхию ширинкорӣ мекард, аммо шабона бар тан пӯстине фарох печонида, чӯбакзанон дар атрофи амлок гашт мезад. Ду саг – Коштонкаи пири мода ва Виюни сиёҳмӯи росушакл, бо сари хам аз дунболаш меоянд. Виюн, чи бо худиву чи бо бегона, фавқулода меҳрбону нозанин аст, аммо эътимодро нашояд. Дар зери ин сидқу тавозуъи пурсафояш неши риёкоронаву тунде ниҳон аст. Беҳтар аз ӯ саге натавонад сари фурсат ноаён ояду аз пойи касе гирад ва ё сар ба сардоби хонаҳои бегона занаду мурғе бидуздад. Ҳарчанд борҳо заданду дасту пояшро ланг карданд, як-ду бор овехтандаш ва боз ҳар ҳафта то ниммурда шудан шаллоқкорӣ шуд, аммо зинда монд. 

Шояд бобо акнун дар дами дарвоза истода, бо чашмони нимароғ сӯи тирезаи сурхи равшани калисо нигоҳ мекунад ва бо мӯзаҳои намадӣ по ба по зада, бо занони пешхидмат мазоҳу шӯхӣ дорад. Чӯбак дар камарбандаш овезон. Аз шиддати сармо даст месояду ғунча мешавад ва гоҳе пешхидматро, гоҳе ҳам ошпаззанро метурукаду пирона қаҳқаҳа мезанад. 

— Чиро тамоку накашем? — нидо мекунад ӯ, ва тамокудонро пеши димоғи занон меорад.

Занон тамоку бӯй мекунанду атса мезананд. Бобо чунон ба ваҷд меояд, ки ногуфтанӣ, аз ханда беҳол шуда, фарёд мезанад: 

– Бикан, ки ях кард

Баъд халтаи тамокуро ба димоғи сагҳо наздик мекунад. Коштонка атса мезанад, рӯ гардонда, озурдаманд дур меравад. Аммо Виюн аз рӯи адабу ихлос атса намезанад ва фақат дум меликонад. Ва ҳаво чӣ гуна гуворою пурнишот аст: орому аёсу тоза. Шаб торик аст, аммо тамоми деҳа бо бомҳои сафеду ғалаёни дуди мӯриҳо, бо талҳои барфию дарахтони яхзадаи нуқрафом ба хубӣ намудоранд. Ситораҳо дар осмони бекарон хирман зада, шодона чашмак мезананд ва Каҳкашон он гуна тобону назаррубост, ки гӯиё онро дар арафаи ид шустаанду бо барф рӯфтаанд. 

Ванка оҳе кашид ва қалам ба давот заду боз навишт: 

«Ва дишаб бар сарам борони куттак рехт. Арбоб аз мӯям кашиду дар саҳни ҳаёт бо тасмаи чармӣ сахт кӯфтам; чун вақте гаҳвораи баччаашонро меҷунбондам, беихтиёр хобам бурдааст. Ва ҳафтаи пеш зани арбоб моҳиҳои намакзадаро пешам гузошт, ки пок кунам; ва ман аз думи моҳӣ шуруъ кардам. Ва моҳиро аз дастам гирифту каллаи онро ба сару рӯям шакиду зад. Шогирдҳои дигар ришхандам мезананд, мефиристандам, ки аз майхона арақшон бихарам ва маҷбурам мекунанд, ки аз анбори арбоб бодринги шӯр бидуздам, он гоҳ арбоб ҳар чӣ ки ба дасташ ояд, ба сарам мезанад. Ва хӯрдание ҳам надорам. Субҳ як тикка нуни хушкам медиҳанд, нисфи рӯз шавла ва шомгоҳ боз ҳам нуни холӣ; ва чойу карамшурбо куҷо – худашон дулунҷа мезананд! Ва рахти хобамро дар долон тахт кардаанд; ва вақте баччашон гиря мекунад, ман дигар намехобам, балки гаҳвора меҷунбонам. Бобоҷони азиз, бар ман раҳми Худо бинамой; аз ин ҷо маро ба деҳамон бибар, ба хона. Дигар тобу тавонам намондааст... Сар ба қадамҳот мениҳам ва аз Худо бароят ҳамеша хайр металабам; аз ин ҷо маро бибар, вагарна мемирам...». 

Ванка аз риққат лаб пунба кард, чашмонашро бо дастони чарбу чирк пок карду оҳ кашид.

«Ман тамоку бароят резаву ос мекунам, — навишт ӯ, — дар ибодатҳоям дуъоят мекунам; агар накардам ё кори баде кардам, мурданивору бераҳмона зери мушту лагатам гир. Ва агар фикр кунӣ, ки маро коре пайдо нест, ба пеши пойи пешкор меуфтам ва аз ҳазрати Масеҳ барояш дуъо мекунам, ки мӯзаҳояшро пок кунам ё ки ба ҷойи Федко чӯпонӣ меравам. Бобоҷони меҳрбонам, ин ҷо тавону маҷолам намондааст, марг сояи зиндагиям шудааст. Хостам гурезаму пойи пиёда ба деҳа оям, аммо кафш надорам, аз сармо метарсам. Ва вақте бузург шудам, дар ивази ин ғамхорӣ парасторат мешавам, нону ошат меорам, нахоҳам гузошт, ки касе озорат диҳад ва чун мурдӣ, бо дуъо аз Худованд талаби омурзишат мекунам, мисли дуъоҳое ки ба руҳи модарам Пилагеё мехонам. 

Ва Маскав шаҳри бузургест. Хонаҳо ҳама арбобӣ, асп зиёд аст ин ҷо, аммо гӯсфанд нест, сагҳо ҳам гирандор нестанд. Баччаҳо ин ҷо бо суруду ситораҳои солинавӣ хуна ба хуна намегарданд ва дар калисо касеро барои дуъохонӣ ба дуъохонаи назди меҳроби калисо роҳ намедиҳанд, то дуъо хонаду пуле гирад; ва рӯзе аз тирезаи як дуккон чангакҳои моҳигирии наху шастдорро дидам, барои ҳар моҳие ки бихоҳӣ, хубу олиянд; ҳатто чангакеро дидам, ки лаққамоҳии якпудиро тоб меорад. Ва боз дукконҳое дидам, ки пур аз туфанг, ҳар ранг, мисли туфангҳои арбобамон, ба иҳтимол ҳар кудом садрублиянд... Ва дар қассобхуна хуруси титаву ҳам вартичу ҳам харгӯш аст, ва дар куҷоҳо инҳоро сайд мекунанд, дуккондор ба касе чизе намегӯяд.

Бобоҷони азиз, ва вақте дар хонаи арбоб арчаи солинавиро ороиш медиҳанд, барои ман чормағзи тилоие бигир ва дар сандуқчаи сабз пинҳон кун. Аз арбобхонум Олго Игнатовно бигир, бигӯй ки барои Ванка».

Ванка оҳе пуртабу тоб кашид ва бори дигар хираву абгор ба тиреза назар андохт. Ба ёд овард, ки барои бурси солинавии арбобҳо ҳамеша бобо ба ҷангал мерафт ва набераашро ҳамроҳ мегирифт. Айёми пурнишоте буд! Ҳам бобо ғур-ғур мекард ва ҳам сармои ҷангал меғуррид; Ванка ба инҳо менигаристу қаҳ-қаҳ мезад. Борҳо мешуд, ки бобо, пеш аз он ки ба бурсе табар занад, чубуқи худро оташ медод, бо тааннӣ тамоку мекашид ва ба Иванкаяки аз сармо ларзон нигариста, механдид... Бурсҳои ҷавон, ки атрофи ӯро печонида буданд, сокиту беҳаракат меистанд ва мунтазиранд – дар ин дам кадоме аз инҳо бояд табар хурад? Ногоҳ аз куҷое, аз миёни барфтӯдаҳо, харгӯше тиросо чаҳорхез мезанад... Имкон надорад, ки бобо фарёд назанад: 

Бигир уна, бигираш... бигираш! Оҳ, шайтони думбурида! 

Бобо бурси буридаро ба хонаи арбоб мекашонд ва он ҷо онро оро медоданд... Аз ҳама бештар арбобхонум Олго Игнотвено – дӯсту дӯстдори Ванка, ороишгарӣ мекунад. Ҳангоме модари Ванка – Пелагиё, барҳаёт ва аз пешхидматони арбоб буд, Олго Игнотевно барои Ванка оби дандон медод ва ҷиҳати саргармӣ ӯро хондану навиштану шуморишро то шумораи сад ёд дод; ҳатто рақси кодиреилро биёмӯхт. Чун Пилогея аз ҷаҳон рахт барбаст, Ванкаи ятимро ба хонаи хидматгорон назди бобояш фиристоданд ва аз ин маҳал ба Маскав, назди Аляхини мӯзадӯз...

Ванка идома медиҳад: «Бобоҷони азиз, биё пеши ман, ба Худо, ба ҳазрати Масеҳ аз ту илтиҷо мекунам, аз ин ҷо маро бибар. Ба мани ятими бадбахт раҳме кун, ин ҷо ҳар рӯз ҳама маро куттак мезананд; дилам гум мезанад барои хӯрок, аммо чунон дилтангам, ки ба сухан рост намеояд; ҳамеша мегирям. Ва дирӯзакак арбоб бо қолиби кафш ҳамчунон ба сарам зад, ки уфтодам ва ба зӯр ба худ омадам. Рӯзгорам барҳадар аст, батар аз сагони роҳ... Ва ҳамчунин ба Алёно, ба Егоркои якчашмӣ ва ба аробакаш аз ман салом расон ва гармони маро ба касе надеҳ. Ҳамонам, набераи ту, Ивон Жуков; бобоҷонам, зудтар биё». 

Ванка номаро чаҳорқад кард ва ба конверте, ки дирӯз як копек харида буд, гузошт... Андаке андешиду нӯги қалам ба рангдон зад ва суроғаро навишт: 
Ба деҳаи бобоям.

Баъд сар хориду боз фикр кард ва афзуд: «Ба Констонтин Макарич». Бисёр хушнуд буд, ки касе ҳангоми навиштани нома нороҳаташ накард; ӯ кулоҳашро ба сар гузошта, бидуни он ки пӯстин ба дӯш гирад, бо як пираҳан ба кӯча давид... 
Як рӯз пеш аз гӯштфурӯшҳо пурсида буд ва онҳо гуфта будандаш, ки номаро ба сандуқи почта мепартоянд ва онро аз сандуқ берун оварда, тавассути аробакашҳои масту аробаҳои сеаспаи зангуладор ба чаҳор атрофи олам мерасонанд. Ванка ба қасди наздиктарин сандуқи почта берун давид ва ин номаи гаронбаҳояшро ба шикофи сандуқ андохт...

Ванка соъате баъд, бо ҳавои аллаи умедҳои ширин, ба хоби ноз рафт... Бухориро хоб дид, ки Бобо бо поҳои бараҳнаи овезон канори он менишаст ва номаи ӯро барои ошпаззанҳо мехонд... Назди бухорӣ Виюн ин сӯ-он сӯ мегардад ва дум меҷунбонад... 

А. ЧЕХОНТЕ, «Петербургская газета»;

 25. 12. 1886; баргардони О. Шакурзода. 30. 6. 2019, ш. Душанбе.

P.S. Ин ҳикояро бо пешниҳоди бародарам Бобочони Шафеъ баргардон кардам, ки сипоси бекарона ба эшон. Дар он каломе беҷову зиёдатӣ надидам -- аз унвон то анҷом. ВАНКА -- унвони ҳикоя, ИВОН-е ки рамзи рус ҳаст, аммо дар асри Чехов чӣ андоза зору низору уфтодаву поймол гаштааст... Дили касро ҳам ВАНКА-и дар қафаси зулм уфтода мехарошад ва ҳам ЧЕХОВ - и адиб, ки лоилоҷ нозири ин фоҷеъа аст.

Обид Шакурзода