Шиблии Нуъмонӣ

Шиблии Нуъмонӣ адабиётшинос, нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон 14 декабри соли 1857 дар шаҳри Аъзамгарҳи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Мадрасаи Аъзамгарҳро хатм кард. Муддате ба адвокатӣ машғул шуд. Ба шаҳрҳои Ҳиндустону Арабистон сафар карда, аз уламои он ҷойҳо дониш андўхт ва барои асарҳояш маводи фаровон ҷамъ овард.

Мудири шуъбаи форсии коллеҷи Алигарҳ, раиси мактаби мусулмонии «Надват-ул-уламо»-и Алигарҳ буд. Азбаски усули нави таълим ва омўзиши илмҳои ғайридиниро тарафдорӣ мекард, мутаассибон ўро ба танг оварданд ва маҷбур шуд, ки мактабро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ ҷамъияти «Дор-ул-мусаннифин»-ро таъсис намуда, донишмандону адибони зиёдеро дар он ҷамъ овард.

Муҳимтарин асарҳои Шиблии Нуъмонӣ «Исқот-ул-муқтадӣ», «Ал-Ҷузъия», «Мазомини Оламгир», «Ҳаёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ», «Ал-Форуқ», «Ал-Маъмун», «Рисолаи таълими гузашта», «Илм-ул-калом», «Сират-ул-Нўъмон» (3 ҷилд), «Ал-Ғазолӣ», «Нақли тамаддуни исломӣ» ва ғайра мебошанд.

Шиблии Нуъмонӣ ба масъалаҳои таърихи ислом, фалсафа, адабиёт, мантиқ ва адабиётшиносӣ дахл кардааст. Дар асарҳои фалсафии худ аввалин бор назарияҳои фалсафии олимони Шарқу Ғарбро муқоиса намуда, ба онҳо аз мавқеи фалсафаи исломӣ наздик шудааст. Бо вуҷуди баъзе  камбудиҳои ғоявӣ тадқиқоти адабиётшиносии Шиблии Нуъмонӣ, махсусан, «Шеър-ул-Аҷам»- и ў то имрўз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд.

Шиблии Нуъмонӣ насрнавис ва шоир низ буд. Ашъори форсиаш дар «Куллиёти форсӣ» фароҳам омадааст. Вай ба Ҳофизи Шерозӣ ва Соиби Исфаҳонӣ пайравӣ карда, анъанаҳои беҳтарини онҳоро идома додааст. Асарҳои Шиблии Нуъмонӣ бо забони содаву равон навишта шудаанд.

Шиблии Нуъмонӣ ба муқобили Лигаи мусулмонӣ, ки бо матлаби танги динӣ мехост мусулмононро аз ҳаракати умумихалқии Ҳинд ҷудо созад, мубориза мебурд ва ташкилоти Конгресси миллиро тарафдорӣ мекард.

18 ноябри соли 1914 дар шаҳри Аъзамгарҳи Хиндустон аз олам чашм пўшид.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон». – Душанбе, 1991. – Ҷ.2. – С. 577.

Муаллиф А. Алимардонов.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Шиблии Нуъмонӣ ва дар бораи ӯ ин асарҳоро метавонед бихонед:

Туҳфату- л-Амон фи сирати- н-Нуъмон. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – 627 с.

Симои Имоми Аъзам Абуҳанифа (р): Сират-ун-Нуъмон. – Душанбе: Паёми ошно, 2009. – 304 с.

Аз ғазалиёт / Ба чоп тайёркунанда А. Ғаффоров // Садои Шарқ. – 1965. – №6. – С. 81-88.

Натвон гуфтан ҳар он чи дар хотири мост…: Таҳқиқ аз боби «Умари Хайём» аз «Шеър-ул-Аҷам» ё  таърихи шуаро ва адабиёти Эрон // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 6 август.

Ҳаким Умари Хайём ибни Иброҳими Нишопурӣ / Таҳияи А. Набавӣ // Адаб. – 2016. – №3. – С. 29 - 41.

Дар бораи ин донишманд

Мухтасар дар бораи Шибли Нўъмонӣ: Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии яке аз тадқиқчиёни маъруфи адабиёти классикии форсу тоҷик Шибли Нўъмонӣ // Маориф ва маданият. – 1962. – 18 январ.

Ғаффоров, А. Чанд намуна аз ашъори Шиблии Нўъмонӣ: Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти адиб, шоири урдузабони охирҳои асри XIX Ҳинд // Садои Шарқ. – 1965. – №6. – С. 79-81.

Ғаффорова, З. «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ ва шинохти шеъри Рўдакӣ: Ба ифтихори 115-солагии зодрўзи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ // Садои мардум. – 2008. – 5 июн.

Саидзода, Ҷ. Рўдакӣ дар «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ: 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ // Садои мардум. – 2009. – 24 сентябр.

Муродӣ, А. «Шеър-ул-Аҷам» ҷовидондафтари адабиёт: Дар бораи китоби адабиётшиносу таҳқиқгари урдузабони Ҳиндустон Шибли Нўъмонӣ бо номи «Шеър-ул-Аҷам» // Омўзгор. – 2016. – 7 октябр.

Муродӣ, А. Саид Нафисӣ: Шиблӣ устоди мўшикофии Наққодӣ: Дар бораи адабиётшинос ва таҳқиқгари мумтози урдузабони Ҳиндустон Шиблии Нуъмонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 19 январ.

Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди
шуъбаи
библиографияи миллӣ