Раҳмон Пиров 3-уми июли соли 1951 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи математикаи ДДОД (1973). Омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ байналмилалии мактабҳои олӣ (2008).
Аз соли 1973 то соли 1977 ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ аз соли 1977 то 1979 муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада. Аз соли 1979 то соли 1982 аспирант. Аз соли 1982 то 1993 муаллими калон ва дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ, аз соли 1993 то 1998 мудири ҳамин кафедра, аз соли 1998 то соли 1999 муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада оид ба илм. Аз соли 2000 то 2005 ходими илмӣ, мудири шӯъбаи табиӣ-риёзии ПИП Тоҷикистон. Аз соли 2006 то 2008 сардори шўъбаи таълим ва муовини ректори ДДОТ Аз соли 2008 — дотсенти ДДОТ шуда кор кардааст.
Муаллифи 215 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва чанд дастури таълим мебошад. Дар конфронсҳои илмии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Новосибирск, Киев, Тошканд, Колорадо, Денвер ва ғайра ширкат кардааст. Дорандаи нишони сарисинагии АМ (1993) мебошад.
Бо медали «Меҳнати шоиста» ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми кишвар мукофотонида шудааст.
Бозчоп аз Паёми донишгоҳи омўзгорӣ, соли 2006.
Дар Китобхонаи миллӣ аз ин олими шинохта матолиби зеринро метавон пайдо ва мутолиа кард:
Нишондоди методӣ аз анализи математикӣ оид ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён. – Душанбе, 1994.
Дастури методӣ оид ба мубодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ. – Душанбе, 1998.
Алгебра (китоби дарсӣ барои синфи 9). – Душанбе, 2001.
Алгебра ва ибтидои анализ / китоби дарсӣ барои синфи 10. – Душанбе, 2005.
Об одном обобщении в теории нелинейных переопределённых систем с двумя комплексними функциями // Вестник Педуниверситета. – Душанбе, 2006. – С. 38-40.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ