Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу нишотовари сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин лаҳзае буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон ба Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоберо, ки дар Ӯзбекистон ба тозагӣ ба нашр расида буданд, ҳадя намуд.
Яке аз ин китобҳо «Ҷомӣ ва Навоӣ» ном дошта, дар он номаҳое, ки ин устоду шогирд ба якдигар навиштаанд, дарҷ гардидаанд. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба нашр расидааст. Китоби дигар «Муҳаббат махзани» («Махзани муҳаббат») ном дошта, дар он тарҷумаи намунаи осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст. Ба яке аз ин китобҳо худи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарсухан навиштааст, ки ин амали ҷавонмардонаву дурандешона дар таҳким ёфтани торҳои дӯстиву бародарии байни ин ду миллати бародар нақши мусбат хоҳад гузошт.
Акнун намунаеро аз мукотиботи Мир Алишер Навоӣ бо устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пешкаши Шумо, дӯстони азиз мекунем.
Султон Ҳусайн Бойқаро, ки ҳангоми аз ҳаҷ баргаштани Мавлоно Ҷомӣ дар Балх буд, ба пешвози ҳазрати Ҷомӣ расуле фиристод. Баъди фурсате қасидае аз Мир Алишер Навоӣ омад, ки номае дошт ва дар он ин рубоӣ ҳам сабт гардида буд:
Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар гоҳи хиром?
Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ,
Ё Моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?
Мавлоно Ҷомӣ аз ин паёми шогирдаш ба шавқ омад, қасидае бо салому дуруд ба ҷонибаш ирсол намуда, дар руқъае ин рубоиро дарҷ кард:
Бо килки ту гуфт нома, к-эй гоҳи хиром,
Сад туҳфаи хуш ба Рум оварда зи Шом.
Гар пойи ту дар миён набошад, нарасад
Маҳҷуронро зи ҷониби дӯст паём.
Аз китоби «Лутфи латиф»
Султони Ҳамад