Талбакова Ҳуснигул-забоншиноси маъруфи кишвар
Нашр шуд 2018-12-15 20:56
Аз ҷумлаи забоншиносони маъруфи кишвар аст ва умре дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. 24-уми декабри соли равон 75-сола мешавад. Модари мушфиқи фарзандон ва устоди ғамхор барои шогирдон аст.
Ҳуснигул Талбакова 24 декабри соли 1943 дар ноҳияи собиқ Қизилмазор яъне Темурмалики ҳозира ба дунё омадааст. Ў соли 1961 донишҷўи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид ва соли 1966 Унверситети номбурдаро хатм намуд.
Аз соли 1966 то соли 1967 дар Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ҳамчун лаборанти кафедраи забони тоҷикӣ, солҳои 1967-1972 ассистенти кафедра, солҳои 1973-1976 аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ кор ва фаъолият намудааст.
Соли 1978 дар ҳаёти Ҳуснигул Талбакова ва хонадонаш соли фаромўшношуданӣ буд. Дар ин сол ў рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил» муваффақона дифоъ намуд. Мутахассисон рисоларо хуб арзёбӣ намуданд ва пас аз чанде унвонҷў номзади илми филология гардид.
Аз соли 1983 то ҳоло дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолят намуда истодааст. Дар давоми фаъолияти илми омўзгорӣ зиёда аз 70 мақола ва барои донишҷўён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рўзномаҳо ва маҷмўаҳои илмӣ ва илмиву омавӣ ба табъ расидааст.
Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Корманди шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон», «Шарафи модарӣ» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мебошад.
Рўзи 24 декабри соли равон забоншиноси нозукбини тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷик Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова ба сини мубораки 75 қадам мегузорад.
Бозчоп аз сомонаҳои интернетӣ.
Аз Ҳуснигул Талбакова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Талбакова Ҳ. Лексикаи забони адабии тоҷик. – Душанбе, 1977.
Талбакова, Ҳ. Вожашиносии забони адабии тоҷик. – Душанбе, 1999. – 101 с.
Талбакова, Ҳ. Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик. – Душанбе, 2000. – 101 с.
Талбакова, Ҳ. Духтар, зан ва модар // Занони Тоҷикистон. – 1987. – №3. – С. 19.
Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ