Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон нашр шуд
Нашр шуд 2021-01-12 11:19
Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омўзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ таҳия шудааст. Мураттибон Г. Маҳмудов, Б. Курбонова, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Д. Сайдамирова, И. Ормонов ва муҳаррир С. Раҷабова мебошанд.
Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 84 саҳифа аз чоп баромад ва дар он мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносон оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 1, номзади илмҳои фалсафа Назри Яздон, осорнома ва адабиёт роҷеъ ба рўзгор ва фаъолияти илмию ў фароҳам оварда шудааст.
Маҷмўа аз 2 қисм ва кўмакфеҳристҳо иборат мебошад.
Дар қисми аввал афкору андешаҳои олимон, сиёсатшиносон ва эҷодкорон оид ба фаъолияти илмию пажўҳишӣ ва эҷодии Назри Яздон, ҳамчун донандаи хуби таъриху фарҳанг, адабиёт ва ҳуввияти арзишҳои миллӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.
Қисми дуюм номгўйи асарҳои илмӣ, осори адабию бадеӣ, маводи таълимӣ, тарҷума, таҳрир, тақриз ва адабиёт оид ба ҳаёт ва фаъолияти ўро дар бар мегирад.
Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл, тибқи стандартии пазируфта шуда, оварда шудаанд. Мундариҷаи асарҳои бурузгҳаҷми инъикосёфта ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.
Номгўйи ҳамаи асарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оварда шудаанд.
Дастури мазкур дар асоси захираи мавҷудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бойгонии Назри Яздон, веб-сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1980-2020 нашршударо дар бар мегирад.
Барои осон дарёфт намудани мавод дар дастур нишондиҳандаҳои ёрирасони алифбоии асарҳо ва номӣ оварда шудааст.
Маҷмўа ба донишҷуёну омўзгорон, олимону эҷодкорон ва умуман ба гурўҳи васеъи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо кардан ба осори илмию эҷодии Назри Яздон кўмак хоҳад расонид.
Таҳияи Б. Қурбонова, Ҳ. Назарова
кормандони шуъбаи бибилиографияи миллӣ