80 соли Мадиброҳим Норматов –забоншиноси маъруфи кишвар

Имсол яке аз забоншиносони барҷастаи кишвар Мадиброҳим Норматов ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Сар аз аввали моҳи ҷорӣ ба ифтихори зодрӯзи устод дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо мақолаҳо ва садҳо табрикоти шогирдон аз гӯшаву канори кишвар интишор ёфтанд. Ин маҳбубияти як устод ва қадршиносии шогирдон буд.

Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  Зфилология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

Мадиброҳим Норматов соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда то соли 1968 ба омўзгорӣ пардохта, дар вазифаҳои лаборанти  калон, ассистент, муаллим, муаллими калон фаъолият намудааст. Аз соли 1968 дотсенти кафедраи забони муосири тоҷик.

Ба қалами ў зиёда аз 50 рисола, дастури таълим, барнома, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таалуқ дорад. Норматов Мадиброҳим бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (ба муносибати 100-солагии зодрўзи В.И.Ленин), «Собиқадори меҳнат», мукофотонида шудааст, инчунин дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ аст: ассистент буд, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 то ҳол дотсент. Дар давоми фаъолияти  илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. 

Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Мадиброҳи Норматов муаллифи асарҳои зерин аст:

Муқаддимаи забоншиносӣ («Маориф», 1995.- 172 с.; «Матбуот», 2006.- 240 с.):

Забоншиносии умумӣ («Маориф», 1991.- 160 с. ; «Матбуот», 2007.- 256 с.):

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик («Матбуот», 2001.- 184 с.):

Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис) («Матбуот», 2011.- 324 с.):

Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он («Матбуот», 2008.- 148 с.).

Аз Мадиброҳи Норматов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед хонд:

Омўзиши ҷумлаҳои соддаи яктаркиба. – Душанбе: Маориф, 1988. – 152 с.

Забоншиноси умумӣ. – Душанбе: Маориф, 1991. – 160 с.

Муқадимаи забоншиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1995. – 176 с.

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Матбуот, 2001. – 183 с.

Сухандонон сухан санҷида гуянд: Маҷмўаи мақолот. – Душанбе: Оптима, 2005. – 200 с.

Таҳлили синтаксис ва навъҳои он. – Душанбе, 2008. – 148 с.

Дар бораи дотсент Норматов:

Хоҷаев, Д. Норматов Мадиброҳим: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти забоншинос, номзади илми филология // Энсиклопедияиолимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С.221.

Камолиддинов, Б. Хирадмандо, ба шогирдон хирадмандиву сухандонӣ биомўз!: Аз фаъолияти илмиву омузгории номзади илми филология, забоншинос Мадиброҳим Норматов // Баҳори Аҷам. –   2018. – 30 январ.