Мирзонасриддинро бишносем

Мирзонасриддин адибест, ки факултаи забону адабиёт хатм накардааст, вале меҳри беандоза ба адабиёт ӯро ба майдони эҷод ворид кардааст. Муаллифи чандин қиссаву ҳикояҳои дилнишин аст. Аввалин ҳикояи ӯ аввали солҳои 90-и асри гузашта чоп шудааст.

Аз Мирзонасриддин Саидов 10 марти соли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шўравӣ хизмат кардааст.

Соли 1973 Техникуми политехники Душанбе, соли 1979 шуъбаи шабонаи Факултаи автомобили ва хоҷагии автомобили Донишкадаи  политехники Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, дар автобазаи   №2 Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳу сардори нуқтаи таъмир ва сардору сармуҳандиси автокалонаи    №2931 адои вазифа кардааст.

Солҳои 1982-1991 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сармеханик ва ҷонишини сарраёсати техникӣ, 1991-1993 сардори Иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», 1993-1996 сармеханики иттиҳодияи «Тоҷикзолото», 1996-2000 директори автобазаи Ширкати «Мадад», 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат будааст.

Мирзо Насриддинов, бар иловаи муҳандисӣ, ба адабиёт меҳру муҳаббати тамом дорад ва бо сабку усули нотакроре хомафарсойӣ мекунад. Аввалин ҳикояи ў «Фурўғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп  шуда, соли 1994 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сўхта»-ашро ба чоп расондааст, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 80-ум нақл мекунад.

Соли 2003 мачаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Шаби душвор»-ро чоп кардааст, ки ба тасвири оқибатҳои маъшуми ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Соли 2004 қиссаи мазкурро маҷаллаи «Помир» ба забони русӣ мунташир сохта, соли 2004 нашриёти «Деваштич» ба шакли мукаммал интишор додаст.

Соли 2008 нашриёти «Ирфон» қиссаи «Бозгашти Кангур» ва чанд ҳикояи ўро пешкаши хонандагон гардонидааст. Соли 2013 маҷаллаи  «Садои Шарқ»  мухтасари романи «Оташ дар хонаи қадим»-ашро ба дасти чоп расондааст.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 158.

Аз Мирзонасриддин дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро суроғ кунед:

Алмас: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1950. – 13 январ.

Азизҷон: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1960. – 7 июль.

Духтаре аз қишлоқ: Очерк дар бораи ҷонишини вазири маорифи халқ Махфират Каримова // Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 24 июн.

Хиҷолат: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 21 август.

Пўлод: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1962. – 11,13 май.

Раъно: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1963.  – №5. – С.6-7.

Ба паход:  Шеъри бачагона // Пионери Тоҷикистон. – 1963. – 3 март.

Байрақ:  Ҳикоя // Машъал. – 1963. – №6. – С.1-3.

Девор:  Ҳикоя // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 19 декабр.

Оташ дар хонаи қадим: Порча аз роман // Садои Шарқ. – 2015. – №2. – С. 35-97.

Таҳияи Маҳбуба Амонова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ