Абдуллоҷон Ғаффоров

Абдуллоҷон  Ғаффоров  5 - июли соли 1931 дар деҳаи Қистакўзи ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров дар оилаи яке аз маорифчиёни маъруф, омўзгори шинохта, Муаллими шоистаи  Тоҷикистон  Абдуғаффор Ҳасанов чашм ба олами ҳасти кушодааст.

Соли 1947 ба курси тайёрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дохил шуд ва соли 1948 донишҷўи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Баъдан соли 1957 ба аспирантураи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дохил шуд. Баъди ба аспирантура дохил шудан А. Ғааффоров бо тавсияи Бобоҷон  Ғафуров ба тадқиқи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон камари ҳиммат мебандад. Ҳамин тавр, олими шинохта А. Ғаффоров ду соли умри худро дар Ҳиндустон ба кашфи дунёи шоирони ҳиндии форсизабон масраф намуда, тавонист, ки дар ин самт тавфиқу комгориҳои назаррасе мушарраф шавад. Зеро маҳз ба василаи ин донишманди закӣ роҳҳои таҳқиқу баррасии адабиёти порсизабони Ҳинд, равобити адабии Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз ёфта, нашри осори ғаноманди форсии шоирони забардасти ин кишвар шурўъ шуд. Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки маҳз бо шарофати Абдуллоҷон Ғаффоров дарвозаи адабиёти форсизабони Ҳинд ба рўи илми адабиётшиносии тоҷик ба таври бояду шояд кушода шуд.

26-уми августи соли 1990  аз олам даргузашт.

Бозчоп аз «Фурўғи ҳиндшиносии тоҷик». – Хуҷанд, 2006. – 400 с.

Муаллиф Ғаффоров У.

Аз Абдуллоҷон Ғаффоров  дар Китобхонаи миллӣ бихонед:

Доир ба дараҷаи омўхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Иқбол         // Масъалаҳои филологияи тоҷик . – Душанбе, 1974. – С.88-106.

Дастёри дидадаро: Ҳикоя // Машъал. – 1967 . – №1. – С.6.

Адиби озодихоҳи шарқ: Муҳаммадиқбол шоири забардасти Ҳинду Покистон // Занони Тоҷикистон. – 1973. – №3. – С.15.

 Васфи муборизи сулҳ: Муносибати байни шоири Покистон Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 2 июл.

Шеъри форсӣ дар Ҳинду Покистон // Садои Шарқ. – 1973 . – № 9. – С. 139-147.

Фардо; Сипос: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1982. – 10 июл.

Мансабу ишқ; Биё: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1982. – 10 апрел

Вайронкор: Ҳикоя бахшида ба рўзи сарҳадчиён // Машъал. –1984. – №5. – С.14-15.

Тарҷумаҳо

Карим, К. Зиёфат: Ҳаҷвия / Тарҷумаи А . Ғаффоров // Адабиёт ва снъат. – 1985. – 28 март.

Феликс П. Р. Донаки шафтолу : Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи А. Ғаффоров  // Ҳақиқати Узбекистон. – 1968. – 8 июн.

Тиханов, Н. Роҳе дар ҷангалзор: Порча аз достони «Торикии сабз» /Аз русӣ таоҷумаи А. Ғаффоров // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 2 апрел.

Суфӣ, Г., Мустафо, Т. Дили ту маъракаи сўзу соз бояду нест: Шеъри шоири покистонӣ / Тарҷумаи А. Ғаффоров // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 23 сентябр.

Ҷоландарӣ Г. Ғазалҳо дар таҳияи А. Ғаффоров // Садои мардум. – 1993. – №3- 4. – С.67-71.

Дар бораи олим

Ғаффоров, У. Фурўғи ҳиндшиносии тоҷик: Бахшида ба истиқболи 75 солагии зодрўзи Абдуллоҷон  Ғаффоров . – Хуҷанд: Ношир, 2006. – 400 с.

Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас…: Ба муносибати 80 солагии шарқшиноси варзидаи тоҷик Абдуллоҷон  Ғаффоров // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 14 июл.

Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ