Чӣ сармояе зи каф берун шуд…

 Субҳи 28 июни соли 2020 Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амон Қодиров дар синни 75-солагӣ ин дунёи фониро падруд гуфт… Ин ҳунарманди асилу нотакрорро мардум бештар бо унвони «Ҳодӣ» аз намоиши телевизионии «Ҳодӣ ва Шодӣ» мешиносанд. Амон Қодиров бо завқу салиқаи хоса ҳамаи нақшҳои худро хеле табииву самимӣ, бо маҳорати баланду истеъдоди Худодод бозида, дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов, дар синамо ва телевизиони тоҷик бисёр образҳои барҷаста офаридааст.

Ў ҳунарманде буд фидоиву сарсупурдаи касби хеш. Дар санъати иҷрокунандагӣ сабку услуби хоси худро дошт ва аз ин ҷост, ки ҳар як нақши бозидааш бо хислату рафтор, ҷаҳони рўҳиву ахлоқӣ, зоҳиру ботин, бо ҷилову тобишҳои рангин ба таври фаромўшношуданӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд.

Амон Қодиров ба ҳадде ба ҷаҳони ботинии қаҳрамонони худ фурў мерафт ва чеҳраи онҳоро ба ҳадде устодона пардоз менамуд, ки тамошобин ба куллӣ фаромўш мекард, ки дар саҳна ҳунарпеша Амон Қодиров аст…

Солҳои донишҷўӣ ману ҳамсабақонам зуд-зуд ба тамошои намоишҳои Театри ҷавонон мерафтем, ки ин дилбастагии мо асосан ба хотири дидани нақшҳои Амон Қодиров барин ҳунармандони асили он буд. Хусусан нақши Жеронтро аз намоиши «Табиби зўракӣ»-и Молйер дар иҷрои ў борҳо дидаем ва ҳар боре дар бозии ҳунарпеша ягон тобишу унсури наву тозаеро дар санъати иҷрокунандагиаш мушоҳида мекардем. Ҳамин гуна ҳамаи нақшҳои офаридаи ў ба мисли Сгонорел («Дон Жуан»-и Молйер), Даанте («Ҳалокати умед»-и Г.Геерманс), Мулло (« Робияи Балхӣ»-и А.Атобоев), Боқила («Як пула савдо- сад пула ғавғо»-и У.Шекспир), Айнӣ («Умри ҷовид»-и А.Сайфуллоев), Калошин («Латифаҳои деҳот»-и А.Вампилов) ва ғ. басо диданиву хотирмон буданд, зеро ҳунарпеша дар саҳна барои таҷассуми андешаву афкор ва хислатҳои аҷиби қаҳрамонони худ тамоми ҳарорату нерўи ҷисмонӣ ва маҳорати хешро бе дареғ масраф менамуд.

Дар анҷоми ҳар намоиш, вақте ки ҳунарпешагон назди мухлисони хеш ба пешгоҳи саҳна барои таъзиму эҳтиром мебаромаданд, тамошобинон рухсору андоми арақшори ҳунарпешагони дўстдоштаи худ, хусусан Амон Қодировро мушоҳида карда, эҳсос менамуданд, ки барои иҷрои ҳар як нақш чӣ қадар нерўву ҳарорати рўҳиву ҷисмонт сарф мешавад…

Гарчанде, ки ҳаводорони ҳунар Амон Қодировро бештар дар жанри мазҳака шинохтаву муваффақ донистаанд, вале паҳнои ҳунару истеъдоди ў барои иҷрои нақшҳои драмавию фоҷиавӣ низ хеле созгор афтода, ки онро борҳо дар саҳнаи театр ва синамо бо иҷрои нақшҳои басо ҷаззобу хотирмоне собит намудааст. Махсусан нақши бозидаи ў Падарро дар филми «Ормон»-и коргардон Музаффар Раҳматов бинандагон наметавонистанд бе оби дида тамошо кунанд. Ҳунарпеша тақдири талху пуршўри ќаҳрамони худро бо тобишҳои ҳунар ва дарки амиқи дарду эҳсосоти пурормони падар, падари дар гирдоби қисмат ғарқгашта басо муассиру шузнангез иҷро кардааст…

Дуэти ҳунарӣ ё худ «Театри ду ҳунарпеша»-и онҳо бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳов бо унвони «Шодӣ ва Ҳодӣ» бо сабку услуби вижаи ҳунарӣ дар жанри мазҳака беҳтарин мактаби эҷодӣ маҳсуб мешуд. Дар ин театр ҳолатҳои музҳик, камбудиву норасоиҳои ҷомеа, хислату рафторҳои баду ношоистаи инсонӣ бо ҳаҷви басо нозуку ҳадафрас, бо истеъдоду маҳорати баланди иҷрокунандагиву суханварӣ, бо тобишу рангҳои латифи ҳазлу мутоиба маҳкум гашта, зери тозиёнаи танқид қарор мегирифтанд…

Амон Қодиров баъди хатми Омўзишгоҳи фарҳангу маърифати ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) чанд муддате дар Театри ба номи А.Лоҳутӣ ба ҳайси ромишгар кор карда, соли 1968 ба студияи сеюми тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС) дохил мешавад. Гурўҳи онҳо баъди хатми донишкада ба бунёди театри нав дар Тоҷикистон - Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов асос гузошт. Хатмкунандагони ин студия Ш.Солеҳов, Д.Умарова, Т.Розиқов, М.Обидова, Ғ.Исломов, Р.Қосимова, Г.Абдуллоева, З.Ҷаводов, М.Ҷўрабекова, А.Саодатова, С.Алиназарова, Б.Мингбоев, Абдулҳафиз Қодиров, А.Ғуломов, шодравонҳо: М.Хаёлов, Д.Алиматов, Қ.Ҳомидов на танҳо асосгузору шаҳсутунҳои Театри ҷавонон, балки ҳамчун ситораҳои тобноку маъруфи театру синамо ва радиову телевизиони тоҷик башри пешрафти фарҳангу маънавиёти ҷомеаи мо хизматҳои пурарзише кардаанду мекунанд.

Амон Қодиров дар миёни онҳо бо хислатҳои наҷиби инсонӣ, хусусан бо меҳрубониву хоксорӣ, нармдиливу хушгуфторӣ, лутфу зарофат ва сўҳбатороӣ ҷойгоҳу мақоми хоса дошт ва ҳамеша бо чеҳраи кушоду хандаву шўхиҳои намакини хеш шамъи фурўзони маҳфилҳо буд… Ҳама бо эҳтиром ўро Амонака ё Амонтағо гўён ном мебурданд.

Ман аз зумраи хушбахтоне будам, ки бо устод Амон Қодиров ҳамкориҳои хубу хотирмоне дар симову синамои тоҷик анҷом додам ва аз ин ҳамкориҳо хотироти басо дилпазиру гуворое ба ёдгор дорам. Видеофилми телевизионии «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ дар таҳияи коргардони шинохтаи телевизиони тоҷик Соҷида Ғуломова ва нақши «Шамсӣ Кавракович»-и Амонака то имрўз вирди забони хосу ом аст…

Баҳори соли 1997 бо гурўҳи эҷодии филми синамоии «Камоли Хуҷандӣ» таҳти роҳбарии коргардони маъруфи синамои тоҷик устод Тоҳир Собиров (рўҳаш шод бод!) барои наворбардорӣ ба вилояти Суғд сафар кардем. Дар тўли 4-5 моҳи наворбардорӣ дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Қайроқуму Истарафшан беҳтарин ҳамрозу ҳамдил, ҳамсўҳбату маҳфилоро Амонака Қодиров буд, ки аҳли гурўҳ бо лутфу зарофат, меҳру шафқат, ҳатто санъати моҳидориву таббохии ў хастагиву дурӣ аз хонаву пайвандони хешро эҳсос намекарданд.

Ман дар ин сафар бо Амонака бештар қарин будам, зеро дар тамоми маросиму тантанаҳои оилавии хонадони Қодировҳо ман ифтихори сухангўиву барандагии маҳфилҳояшонро доштам. Ду бор бо мошини «Жигули»-и ў ағбаҳои душворгузари Анзобу Шаҳристонро (он вақт ҳоло нақбҳо танҳо дар рўи нақша буданд) убур карда ба Душанбе омада рафтем. Ҳамсафариву ҳамсўҳбатӣ бо Амонакаи хушдилу хушният ва хушлаҳну хушсухан чӣ қадар хушу гуворо буд…

Дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат меҳру муҳаббат эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Амонака, ба «Ҳодӣ»-и шўху шодибахш мушоҳида мекардам. Амонака ҳам ба мухлисони худ, хоса мардумони одиву заҳматкаш самимияту эҳтироми беандоза зоҳир менамуд, бо хоксориву лутфу зарофат қалбу хотири ҳаводоронашро навозиш мекард…

Солҳои охир дар бисёр ҷашну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ Амонака дар симои Қаҳрамони Тоҷикистон устод С.Айнӣ чеҳранамоӣ мекард, ки дар ҷодаи ифтихору худшиносӣ ва тарбияи маънавии насли наврасу ҷавонони мо басо таъсирбахшу судманд буд…

Дар яке аз охирин корҳои эҷодие, ки Амонака бо синамогарони ҷавон К.Камолов ва М.Ҳасанзода дар наворбардории филми бадеии «Ашк» анҷом дода буд, ман низ ҳамкорӣ доштам. Таи чанд рўзи наворбардорӣ боз ҳам аз лутфу зарофатҳои намакини устод бархурдор гаштем, вале ҳеҷ гумон надоштам, ки ин вопасин ҳамкории мо бо Амонака хоҳад буд…

Охир Амонакаи зиндадилу хандонрў, мушфиқу меҳрубон, хоксору пурлутфу зарофат ҳоло дар авҷи камолоти умр, камолоти истеъдоду ҳунар қарор дошт ва бо он нерўву ҳарорати эҷодӣ боз ҳам метавонист солҳои мадиде барои рушди фарҳангу ҳунар, ғановати маърифату маънавиёти ҷомеаи мо хидмат кунад.

Амонака бо рўҳи қавию зиндадилӣ ҳама гуна дарду ранҷро таҳаммул мекард ва ҳеҷ гоҳ дар муқобили душвориву мушкилоти рўзгор ба ноумедиву рўҳафтодагӣ роҳ намедод. (Падари бузургвораш домулло Қодири Шаҳринавӣ 108 сол умр дида буданд. Бародарону бародарзодагонашро ҳама чун аҳли хайру сахо мешинохтанд…)

Амон ака аз байни аҳли ҳунар яке аз аввалинҳо шуда ба зиёрати Хонаи Худо рафт, вале қабл аз он бо бахшидани шодиву нишот ва хандаву хушҳолӣ ба мардум тавофи хонаи калбҳо намуда, ба дарёфти ҳазорон дилҳо ноил гардида буд.

Зеро:

Шод будан ҳунар аст,

Шод кардан ҳунари волотар…

Шод будан ҳунар аст,

Гар ба шодии ту дилҳои дигар бошад шод.

Зиндагӣ саҳнаи яктои ҳунармандии мост,

Ҳар яке нағмаи худ хонаду аз саҳна равад,

Саҳна пайваста ба ҷост.

Хуррам он нағма, ки мардум бисупоранд ба ёд…

Бо гузашти вақт бештар дарк хоҳем кард, ки чӣ гавҳари бебаҳо, чӣ сарвати маънавиеро аз даст додаем.

Афсўс, ки сармоя зи каф берун шуд,

Аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд…

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин ҳунарманди беҳамто мисли худаш хеле оддиву хоксорона баргузор гашт… Ҳампешагону пайвандон И.Машраб, Ш.Солеҳ, Г. Абдуллоева, Қамариддин Мирзоев, Абдулҳафиз Қодиров бо дарду ҳасрати гарон аз фазилатҳои накўи инсониву осори мондагори эҷодии шодравон бо зикри хайр ёдовар шуданд.

Дардо, ки дар ин замонаи ғампарвард,

Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард,

Ҳар рўз фироқи дўсте бояд дид,

Ҳар лаҳза видои ҳама мебояд кард…

Худоё, ба фикрам дар ягон давру замоне аҳли эҷоду ҳунар, бузургони фарҳангу адаб ба ин андоза хору залил нагашта буданд…

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Ортиқи Қодир

Бознаш аз саҳифаи Теарти Лоҳутӣ дар Фейсбук

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Амон Қодиров ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Қудусов, Ҷ. Вақте, ки тамошобин механдад: Фаъолияти эҷодии Амон Қодиров аз Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов Амон Қодиров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 2 декабр.

Ҳомид, К. Аз жероид то метраннаж: Дар бораи Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Амонулло Қодиров // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 6 декабр.

Афсаҳзод, А.  Ҳунарвари нотакрор :  Дар бораи ҳунарпешаи номии Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов Амон қодиров // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 3 декабр.

Ҳунарманд бояд ҳама гуна нақшро офарида тавонад!... Мусоҳибаи Х. Ҳомид бо Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов Қодиров Ҳоҷӣ Амонулло // Чархи Гардун. – 1999. – 10 июн.