Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Адибони ҷанговар: Лутфулло Бузургзода
Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносон ва фолклоршиносони кишвар буд. Аммо роҳи илмии олими ҷавон баъди набардҳо дар ҷабаҳоти ҷанг дигар идома наёфт, чун аҷал дар айни камолоти эҷодӣ дар қасди ҷонаш шуд. Лутфулло Бузургзода ихтиёрӣ ба ҷанг рафт ва дар роҳи озодии Ватан ҷоми шаҳодат нӯшид.
Лутфулло Бузургзода 28 – уми декабри соли 1909 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара зода шудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ (1930) муаллимӣ кардааст. Ҳоло ҳамин омӯзишгоҳ номи ӯро дорад.
Соли 1936 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, муҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон, корманди илмии Академияи улум, устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд.
Соли 1941 ба ҷабҳа рафт ва дар муҳорибаҳои Маскав, Ленинград ва озодсозии Белоруссия иштирок кардааст. Фаъолияти илмиаш аз солҳои донишҷўӣ оғоз меёбад. Мақолаҳояш дар бораи осори Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Саъдӣ,Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёт аз қобилияти нотакрори ӯ гувоҳ мебошанд. Устод Айнӣ ба ин навиштаҳо баҳои баланд додаст. Дар таҳияи «Баёзи назми тоҷик» (соли 1940) иштирок доштааст.
Дар омўзиши фарҳанги мардумӣ саҳми арзанда гузоштааст. Таҳияи матни «Гуруғлӣ» (соли 1940,бо Мирсаид Миршакар) «Ҳофизи халқ ва шоир Бобо Юнус», «Чистонҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ (соли 1941) аз корҳои шоистаи ў мебошанд.
Тадқиқоташ доир ба шӯриши Восеъ низ (соли 1941) ҷолиби диққатанд. Мақолаву гузоришҳои ў роҷеъ ба забон ва забоншиносӣ аз аввалин падидаҳои ин олим буданд. «Материалҳо доир ба грамматикаи забони тоҷикӣ» (соли 1937), «Ҷадвали грамматикӣ» (соли 1938), «Фонетикаи забони тоҷикӣ» (соли 1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (соли 1941) , «Синтаксиси забони тоҷикӣ» (соли 1942) аз пурарзиштарин осори ў мебошанд.
Фаъолияти Лутфулло Бузургзода дар омўзиши лаҳҷаҳо низ сазовори тақдиранд. «Намунаҳои гуфтугўи тоҷикони водии Фарғона» (соли 1932), «Шаклҳои феълӣ дар баъзе лаҳҷаҳои районҳои Шимолӣ» (соли 1937), «Харитаи диалектологии лаҳҷаҳои водии Фарғона» (соли 1939), «Очерки мухтасари диалектологияи тоҷик» (соли 1941), мақолаҳо дар таҳқиқи лаҳҷаҳои Чилгазӣ, Ворух, Сух, Хуҷанд ва ғайраҳо то имрўз моҳияти худро аз даст надодаанд.
Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагон буд.
12 ноябри соли 1943 дар муҳорибаҳои назди Витебск ҳалок гардида
Аз Лутфулло Бузургзода, олим ва пажуҳишгари номии тоҷик ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро пайдо ва мутолиа намоед:
Бузургзода,Л., Ҷалилов, Р. Инъикоси шўришӣ Восеъ дар фолклор. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1941. – 130 с.
Бузургзода, Л. Синтаксиси мухтасари забони тоҷикӣ. – Сталинобод, 1942. – 56 с.
Бузургзода, Л.Чорбайтиҳо ва хусусиятҳои шеваи Конибодом. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1947. – 28 с.
Бузургзода,Л., Ниёзмуҳаммадов, Б. Грамматикаи забони тоҷикӣ: Фонетика ва морфология. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1947. – 110 с.
Лутфулло Бузургзода: Яке аз нахустин забоншиносони тоҷик // Номаҳо аз фронт. – Душанбе , 1985. – С. 37- 44.
Бузургзода, Л. Се мактуб: Мактубҳое, ки муалиф аз қисми ҳарбӣ ба дӯстонаш фиристод // Садои Шарқ . – 1970. – №5. – С. 104-105.
Сайри гули лола куҷо шуд?: Оиди асари « Сайри гули лола»-и Лутфулло Бузургзода // Маорифи Тоҷикистон. – 2015. – №1. – С. 26-27.
Дар бораи Лутфулло Бузургзода
Сўфиев,А. Фолклоршинос ва ҷанговар: Дар бораи ҳаёти Л. Бузургзода // Маориф ва маданият. – 1970. – 30 июн.
Мирзошоева, М. Ба ёдбуди Л. Бузургзода: Дар бораи адабиётшинос ва забоншинос Л. Бузургзода // Қаротегини советӣ . – 1970. – 18 июл.
Самадов, В. Партави ишқ, азизакам, ҷонакам: Дар бораи олими забоншинос Л. Бузургзода // Занони Тоҷикистон. – 1970. – №2. – С. 21.
Аз мактубҳои Лутфулло Бузургзода ба ҳамсараш // Садои Шарқ. – 1975. – №5. – С. 78-79.
Табаров,С. Муаллими ғамхору серталаб: Дар бораи забоншинос Лутфулло Бузургзода // Садои Шарқ. – 1981. – №4. – С. 130-134.
Ғаффоров, Р. Дурахши як ситораи паррон: Ба пешвози 80 – солагии забоншинос Лутфулло Бузургзода // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 18 октябр.
Мирзозода, Х. Дўсти латиф ва шариф: Хотираҳои адабиётшинос дар бораи адибу олими машҳури тоҷик Лутфулло Бузургзода // Омўзгор. – 1990. – 9 октябр.
Шокир,У. Умри ту танҳо ҷавонии ту буд: Оиди олими забоншиноси тоҷик Л. Бузургзода // Ҷумҳурият. – 1992. – 13 октябр.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шўъбаи
библиографияи миллӣ