Ғамгин, Ғамгини Бадахшӣ, Ғамгини Ҳисорӣ

Ғамгин Мир Абдулмаҷидхони Ҳиравӣ, шоири тоҷики асри 13.  Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш – Ҳирот гирифтааст. То лаҳзаҳои охири ҳаёташ толибилм буд. Ашъораш тасаввуфӣ ва ошиқона мебошад. Соҳибдевон аст.

Ин ғазал аз ўст:

             Мард бояд, ки кунад саъй ба ғамхори дил,

             То шавад мушкилаш осон ба мададгории дил.

             Бигзарад аз сипари чархи нуҳум тири дуо,

             Гар қадаш ҳамчу камон хам шавад аз зории дил.

             Махзани сирфи дуо дар бадани банда дил аст,

             Посбоне шавад он ганҷ зи бедории дил.

             Аз карам шод намо ин дили Ғамгин, ё Раб,

             То ба сомон расадам кор зи сардории дил.

Муаллиф: Ализода, С.

Ғамгини Бадахшӣ

Мир Муҳаммадшоҳхон, шоири тоҷик (фавт 1902). Падараш Мир Маҳмудшоҳхон ҳокими Бадахшон буд, табъи шоирӣ дошт ва бо тахаллуси Оҷиз шеър мегуфт.

Шоира Махфии Бадахшонӣ хоҳари Ғамгини Бадахшӣ мебошад. Ғамгини Бадахшӣ дар назди падараш таълим гирифтааст. Дар замони ҳокимияти Амир Абдурраҳмонхон дар Афгонистон хонадони Ғамгини Бадахшӣ ба шаҳри Кандаҳор кўч баст ва Ғамгини Бадахшӣ дар ҳамин ҷо ба эҷоди асарҳо машғул шуд. Муаллифони манбаъҳои адабӣ Ғамгин Бадахширо шоири соҳибдевон ёд кардаанд.

 Ғамгини Бадахшӣ яке аз муътақидони Мирзо Абдулқодири Бедил буд ва дар пайравӣ аз ў ғазалҳо сурудааст. Абёти зерин аз ўянд:

Ҳарчанд ба ёди лабат об аст дили мо,

Ороиши сад гавҳари ноб аст дили мо.

                                  ****

Гар ҳадиси лаби ҷонбахши ту машҳур шавад,

Тарсам, Исо ба замин ояду ранҷур шавад.

Ҳизр як шаммае аз кулфати ҳиҷрон бинад,

Сар бипечад ба кафан зиндаву дар гўр шавад…

Бўйи гул медамад аз сабзаи хокаш то ҳашр,

Он ки бо доғи ғами ҳамчу ту дар гўр шавад.

Чун шафақ дар дили шаб уқдаи хун мегардад,

Гар ба рўйи ту муқобил шафақ аз дур шавад.

Ҷойи он аст ба ин шеъри тару хуш, Ғамгин,

Ҳодиси тираравони ту зи ғам кўр шавад.        

Муаллиф: Ализода, С,

Ғамгини Ҳисорӣ

Муҳаммадшариф, шоири тоҷики охири 19 – ибтидои асри 20. Аз зодгоҳаш ба Бухоро барои илмомўзӣ рафта будааст.

Тазкиранигор Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам бо ў ҳангоми шогирди мадраса буданаш вохўрдааст. Ашъорашро бо забони содаву равон, дар мавзўъҳои анъанавии адабиёти форси тоҷикӣ – ишқ, ҳасби ҳол ва ғайра месурудааст. Ин ғазал аз ўст:

Эй парӣ, то аз рухи зебо ниқоб андохтӣ,

Оташи ҳасрат ба ҷони офтоб андохтӣ.

Дид анвори рухатро меҳр, шуд дар инфиол,

Моҳро дар ҷилва андар изтироб андохтӣ.

Шуд муаттар маҳфил, эй соқӣ, чӣ файз омад туро,

Ё магар дар бодаи гулгун гулоб андохтӣ?!

Будӣ бо ағёр дӣ саргарми нўшонўшие,

Навбати ин мубтало худро ба хоб андохтӣ.

Кай хабар дорад зи оҳу нолаи зорат фалак,

Бесабаб, Ғамгин, ба ҷони худ азоб андохтӣ.

Муаллиф: Ализода, С.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 44-45.

Таҳияи Марзия Зардодхонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.