Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд
Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп шуда буд. Луғати физикии вай аз ҷониби донишмандоне чун Муҳаммад Осимӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ баҳои сазовор гирифтааст.
Саидҷаъфар Қодирӣ 20 январи соли 1940 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи физикаи ДДТ (1962). Физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1971), дотсент (1973). Аспирантураи Пажўҳишгоҳи кўҳшиносии Москва ба номи А.А. Скончинский (1970). Солҳои 1962-1963 лаборант, 1963-1966 ассистент, 1966-1972 муаллими калон, 1973-1998 дотсенти ДДТ, солҳои 1998-2006 дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ буд. Аз соли 2006 дотсенти кафедраи ҳастаи атоми ДДМТ.
Соли 1971 дар мавзўъи: «Ангехти фаъолсозонаи ҳастаҳои атомии баъзе унсурҳои кимиёӣ ва василаи вокуниши бо мақсад таҳлил кардани канданиҳои судманд» (роҳбари илмӣ-профессор Л.П. Старчик, ш. Москва) рисолаи номзадӣ дифо кард. Риштаҳои асосии пажўҳиши Қодирӣ таҳлили фаъолсозонаи канданиҳои судманд, истилоҳоти илмӣ ва забони баёнҳои илмӣ буда, ҳадафи пажўҳишҳои ў бунёд сохтани забони баёнҳои илмӣ, осон гардонидани таълими физика, риёзиёт, нақшакашӣ мебошад.
Муаллифи зиёда аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд. Ба қавли академик Муҳаммад Осимӣ Қодирӣ дар ду ҷабҳаи муҳим аввалин шудааст. Истилоҳоти парокандаву дарҳамбарҳами физикиро низом додан, бисёр истилоҳҳои нав эҷод кардан ва онҳоро дар шакли фарҳанги тафсирӣ (Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика) гирд овардан хидмати бузургест.
Китоби дигари ў «Бунёди физикаи ҳастаи атом» низ аввалин китоби дарсиест барои мактабҳои олӣ аз физикаи ҳастаи атом ба забони тоҷикӣ, ки ба фикри мутахассисони физикдон, ҷавобгўи талаботи хеле баланд аст. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, «Дар байни фарҳангҳое, ки поя бар ҷустуҷўҳои пурдомана, эҷодкории ҷиддии илмӣ ва табъи салим доранд, асари Саидҷаъфар Қодирӣ «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика» (1985) бояд номбар шавад. Гумон меравад, ки ин китоб дар истилоҳшиносии мо дергоҳ нақши назаррас хоҳад дошт».
Қодирӣ ҳамчун тарҷумони китобҳои «Физика 8» (И. Кикоин ва А. Кикоин. Китоби дарсӣ барои синфи 8, Душанбе: Маориф, 1978, 1980); «Нақшакашӣ» (А. Ботвинников, китоби дарси барои мактабҳои миёна, Душанбе: Маориф, 1979, 1982, 1985, 1987; «Физика, 10» (Г. Мякишев, Б. Буховсев, китоби дарсӣ барои синфи 10, Душанбе: Маориф, 1979, 1981, 1983; “Лапишҳои механикӣ ва мавҷҳо» (А.К. Кикоин, С.Я. Шамаш… Замима ба китоби дарсии «Физика 8», Душанбе: Маориф,1988 ва ғайраҳо мебошад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С. 145-146..
Муаллиф: У. Тоиров
Аз Саидҷаъфар Қодирӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:
Хосиятҳои асосии ядроҳои устувор. – Душанбе, 1981. – 140 с.
Радиоактивият. – Душанбе: ТГУ, 1982. – 120 с.
Моделҳои ядрои атом. – Душанбе, 1985. – 93 c.
Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. – Душанбе: Маориф, 1985. – 464 с.
Бунёди физикаи ҳастаи атом. – Душанбе: Мариф, 1992. – 335 c.
Абармарде дар роҳи илму фарҳанг. – Душанбе, 2010. – 88 с.
Муаллим. – Душанбе: Эр-граф, 2011. – 248 с.
Физика: Китоби дарси барои синфи 7-ум. – Душанбе: Бебок, 2017. – 288 с.
Камераи диуффузионӣ барои намоиши изи зарраҳои заряднок // Мактаби советӣ. – 1981. – №6. – С. 48-50.
Таҳрир ё тахриб: Номаи кушода ба мудири шуъбаи физика ва математикаи нашриёти "Маориф" Ғоиб Ҷўраев // Газетаи муаллимон. – 1983. – 12 феврал.
Баҳс рўякӣ набошад: Тадқиқот оид ба истилоҳҳои илмӣ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 9 феврал.
Абарманде дар роҳи илму фарҳанг: Ба ифтихори 80-солагии Муҳаммад Осимӣ // Ҷумҳурият. – 2000. – 3 июн.
На ҳар санги тобанда гуҳар аст!: Андешаҳо перомуни истилоҳоти физика // Омўзгор. – 2002. – 15 ноябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова ва Ҳусния Назарова
кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ.